Зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки
барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди
миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад.
(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 28.12.2023)

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» суръати миёнасолонаи рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 ба ҳисоби миёна 8,0 дарсад пешбинӣ шуда буд. Ҳамзамон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июни соли 2024, №328 «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2027» сурати миёнасолонаи рушди иётисодиёти кишвар дар соли 2024 8,1 дарсад арзёбӣ гардида буд.

Ҷиҳати ноил гардидан ба чунин нишондиҳандаҳои мусбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ, ки санаи 28-уми декабри соли 2023-юм сурат гирифта буд, масъулинро вазифадор намуда буданд, ки дар соли 2024 дар заминаи татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад бояд таъмин карда шавад.

Ин нишондиҳандаро баъзе созмонҳои бонуфузи байналмилалалии молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ 6,5–7,2  дарсад, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 6,5 дарсад, Бонки Рушди Осиё 6,5 дарсад ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ба андозаи 5,0 дарсад пешгӯйӣ карда буданд.

Сохторҳои молиявии зикргардида, аз ҷумла Бонки рушди АвруОсиё ва Бонки Рушди Осиё баъзе аз сабабҳои нисбатан пастар гардидани суръатаи рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2024-ро дар таъсири омилҳои зерин арзёбӣ намуда буданд:

  • паст гардидани сатҳи рушди иқтисодиёти Федератсияи Русия, ҳамчун шарики муҳимми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон;
  • кам гардидани ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи талабот ба маҳсулоти содиротии Тоҷикистон;
  • афзоиши хароҷоти буҷети давлатӣ, бахусус дар заминаи зиёд гардидани ҳаҷми меъёри музди меҳнат, нафақа ва стипендия.

Аммо тавре, ки аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад пешгӯйиҳои ниҳодҳои баёнгардида, чандон асоси воқеъи надоранд, зеро суръати рушди иқтисодиёти Русия дар соли 2024 3,9-4,0 дарсад арзёбӣ гашта, нисбат ба соли гузашта 0,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ногуфта намонад, ки тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё тамоюли суръати рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024, бахусус, Арманистон, 5,7 дарсад, Ӯзбекистон 5,0 дарсад, Қазоқистон 5,0 дарсад ва Қирғизистон 4,5 дарсадро ташкил намудааст.

Бояд қайд намуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ вобаста ба арзёбии сатҳи рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Аврупо ва  Осиёи Марказӣ рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар байни 22 кишвари минтақа, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баландтарин нишондиҳанда, эълон намуд.

Ҳарчанд, ки дар ин давра нишондиҳандаи суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон баландтарин дар минтақа арзёбӣ гардад ҳам, вале савол ба миён меояд, ки то кадом андоза ба мо муясар гардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна ба дурнамои нишондиҳандаҳои дар барнома ва нақаша-чорабиниҳои тасдиқгардида, бахусус, дар самти таъмини суръати воқеии рушди иқтисодиёти кишвар дар соли сипаригардида, ноил гардем.

Тибқи омори расмӣ соли 2024 дар заминаи татбиқи босамари мақсаду вазифҳои дар барномаҳои муҳимми стратегӣ муайянгардида, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,4 дарсад таъмин гардида, нисбат ба дурнамо 0,4 банди фоизӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 0,3 банди фоизӣ, пешгӯйиҳои Бонки Ҷаҳонӣ 1,9–1,2 банди фоизӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 1,9 банди фоизӣ, Бонки Рушди Осиё 1,9 банди фоизӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор бошад 3,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар баробар ин, дар соли сипаригардида, дар кишвар 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ташкил дода, дар доираи он  қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил гардидааст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 дарсад, кишоварзӣ 10,6 дарсад, хизматрасонии пулакӣ 13,0 дарсад, боркашонӣ 11,5 дарсад мусофиркашонӣ 13,4 дарсад ва гардиши савдо 13,6 ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4 дарсад афзоиш ёфта, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3,6 дарсадро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда, яъне сатҳи тавррумро Бонки Рушди Осиё дар соли 2024 ба андозаи 5,5-6,5 дарсад пешбинӣ намуда буд.

Ҳамзамон дар соли 2024-ум ба кишвар дар ҳаҷми 4,9 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2023 – 2,1 млрд. доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, дар давраи таҳлилӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 8955 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 7,5 дарсад зиёд мебошад.

Ногуфта намонад, ки тибқи нақша пешбинӣ гардидаст, ки дар соли 2025 танҳо ҳаҷми содироти меваҳои тару тоза аз кишвар ба 30 ҳазор тонна расонида шуда, дар ин замина ба маблағи 8 млн. доллар даромад ба даст оварда шавад.

Дар маҷмуъ, аз факту рақамҳои баёнгардида бар меояд, ки мақсаду вазифаҳои муайянгардида ва дар ин замина таҳияи дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар асоси нақшаи дурбинона, кафолатнок ва воқеан амалишаванда пешбинӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, аз факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки  фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта, мусбат арзёбӣ гардида, пешгӯйиҳои институтҳои молиявии зикргардида, дар робита ба суст гардидани суръати рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд гардидани сатҳи таваррум дар соли 2024-ум чандон асоси воқеӣ надоранд.

Баъзе аз сабабу омилҳои асосии муътадил нигоҳ доштани рушди иқтисдиёти кишвар дар соли 2024-ро чунин хулоса намудан мумкин аст:

  • таъмини раванди саноатикунонии босурат, бахусус дар заминаи татбиқи самарноки мақсаду вазифаҳои дар доираи “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025” ва нақша-чорабиниҳои вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” пешбинӣ гардида;
  • фаъолона муаррифӣ гардидани имкониятҳои сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои афзалиятноку ояндадори соҳаи саноат;
  • афзоиши ҳаҷми қарздиҳии имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ, алалхусус, соҳибкории истеҳсолӣ. Зикр намудан ба маврид аст, ки танҳо дар 11 моҳи соли 2024 ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, аз рӯйи соҳаҳои фаъолият ба маблағи беш аз 5,6 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод гардида, нисбат ба соли гузашта 14,5 дарсад зиёд мебошад;
  • тақвияти дастгирии рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина афзоиши шумораи корхонаи нави истеҳсолӣ;
  • тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат, бахусус дар заминаи мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда;
  • коҳиш ёфтани вобастагии мамлакат аз воридоти молу маҳсулоте, ки имкони истеҳсолашон дар кишвар ҷой дорад;
  • амалӣ гардидани тадбирҳои судманд ҷиҳати кам кардани таъсири манфии ҳаргуна хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ба рушди иқтисоди кишвар;
  • таъмини самаранокии сатҳи иҷрои мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинӣ гардида.

Татбиқи босифату самараноки мақсаду вазифаҳои дар барномаҳои стратегӣ пешбинигардида, яке аз омилҳои асосии муътадил ва устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли сипаригардида арзёбӣ карда мешавад.

Таҳлилгарони баъзе сохторҳои молиявӣ, аз ҷумал Бонки авруосиёии рушд (БАОР) суръати рушди воқеии ММД-ии мамлакатро дар соли 2025, ки сабабҳои ташаккули ҷараёни савдо, сармоягузорӣ, болоравии нархи тиллои содиротӣ ва коҳиш ёфтани арзиши манбаъҳои энергияи воридотиро дар пай дороанд дар сатҳи 8,4% пешгӯӣ мегамоянд.

Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёти кишвар дар соли сипаригардида, муътадил арзёбӣ гардад ҳам, аммо вазъи зудтағйирёбанда ва мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир тақозо менмояд, ки дар самти татбиқи самаранокии сатҳи иҷрои мақсаду вазифҳои дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинигардида, дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди устувор пайваста дар талош бошем. Ҳамзамон, чунин вазъи ҷойдошта дар иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки пеш аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар бештар такя намуда, маҳз дар ҳамин асос рақобатпазирӣ ва дар маҷмуъ амнияти иқтисодиёти кишварро таъмин намоем.

Вобаста ба ин масъала, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда дар дохили кишвар тадбирҳои амалӣ андешида шуда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва содироти он афзоиш дода шавад. Дар баробари ин, ба масъулини соҳаҳо супориш доданд, ки ба масъалаҳои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, беҳдошти вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои марбут ба чунин бахшҳо чораҳои бетаъхир андешанд. Нуқтаи муҳим дар ҷаласаи мазкур, аз он иборат буд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди соҳаи саноатро тақвият бахшида, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, бахусус, дар заминаи таҳлили омори маҳсулоти озуқавории саноатӣ аз берун воридгардида, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло дар кишвар захираву имкониятҳои зиёде ҷиҳати мунтазам баланд бардоштани сатҳи рушди иқтисодиёт миллӣ ва дар ин замина боз ҳам беҳтару  хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ҷой дорад.

Наҷмуддинов М.С.
н.и.и., мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили ва ояндабинии масъалаҳои
соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ

Чоп кунед