Рӯзи 9 январи соли 2025 ҷаласаи умумии Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода Шоҳинбод иштирок намуд. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ, Раиси Шурои илмии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода кушода, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба фаъолияти илмӣ, машваратӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2024 гузориш ироа намуд. Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки 28-уми декбри соли 2024 Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мардуми кишвар ироа гардид. Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Аҳли кормандони Марказ низ дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола садо доданд, то имрӯз дар васоити ахбори омма, аз он ҷумла тариқи радиою телевизион чандин маротиба мусоҳибаҳо ба анҷом дода, инчунин мақолаҳо вобаста ба Паём дар саҳифаи сомонаи АМИТ “Ховар” ва сомонаи Марказ нашр намудаанд. Вобаста ба ташвиқу тарғиби Паёми имсола сафарбарнамоии кормандон тибқи нақша дар мадди назар қарор дорад.
Бояд қайд намуд,ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро соли равон дар асоси Низомномаи нав, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.10.2024, № 878 ба имзо расидааст, ба роҳ монд. Дар ин санад вазифаҳои низомномавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди мутамаркази илмӣ, таҳлилӣ ва машваратии кишвар ба мусоидатсозии амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва ҷустуҷӯю такмили механизмҳои татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати дохилию хориҷии дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Тибқи Низомномаи нав дар назди Маркази тадқиқоти стратегии вазифаҳои нав гузошта шуда, ба сохтори илмию ташкилии он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Илова бар ин, санадҳои вобаста ба вазифаю уҳдадориҳои кормандон ва сохторҳо таҳия ва қабул гардиданд.
Тибқи вазифаҳои низомномавӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони Марказро пешбурди самараноки корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажуҳишӣ барои соли 2024 таҳқиқоти илмии кормандон аз рӯйи 2 мавзуи зерини бунёдӣ, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, сурат гирифт:
- Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
- Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷониби Директори Марказ зикр гардид, ки дар соли 2024 роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкилӣ ноил шуданд. Инчунин дар соли сипаригардида, ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташкил ва баргузории конфронсу мизҳои гирд, инчунин дар чорабиниҳои гуногуни дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он дар чорабиниҳои муҳимми илмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Хусусан, робитаи кормандон бо васоити ахбори омма назаррас арзёбӣ мегардад. Дар соли сипаригардида ду маротиба нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ ширкат намуданд. Ҳамзамон, мақолаҳои таҳлилии мутахассисони Марказ дар АМИТ “Ховар”, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, маҷаллаҳои илмии муассисаҳои олӣ ва сомонаҳои вазорату идораҳо бознашр гардидаанд. Робита бо ВАО-и хориҷӣ низ дар соли равон назаррас буда, кормандони Марказ тариқӣ шабакаи “Телевизионии 24”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон,шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистону Туркманистон ва тавассути Ширкати байналмилалии садо ва симои “МИР”, зимни баргузории чорабиниҳои муштараки сиёсии байнидавлатӣ мусоҳибаҳо баргузор намуданд.
Инчунин, дар баробари ин, маълумот, матни паёмҳои шодбошӣ, нақшаю чорабиниҳо доир ба дастуру супоришҳо ва ҳисоботу хулосаҳо вобаста ба корҳои ба анҷомрасонида Марказ дар давраи ҳисоботӣ омода ва сохторҳои марбута ирсол намудааст. Илова ба ин, ба вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи ташхиси сиёсӣ, пешниҳодҳо, маълумотҳои таҳлилӣ ва ҳисоботҳо дар соли сипаригардида равон гардидааст.
Зимни ироаи ҳисобот Хайридин Усмонзода иброз намуданд,ки Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо шомил гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегияву барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд. Марказ ҳамчун ниҳоди муҳим дар таҳлилу ҳалли масъалаҳои стратегии сиёсию иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва масъули иҷрои бандҳои беш аз 11 консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ мебошад.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ мондааст.
Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии кишварамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти Марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Қайд гардид,ки тавсеаи фаъолияти нашриявӣ имкон фароҳам меоварад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони Марказ ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Дар ин росто, Маркази тадқиқоти стратегӣ дар давраи ҳисоботӣ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобӣ таҳия намуд ва дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронӣ ба вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар ирсол намуд. Ба муносибати 30-солагии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби таҳти унвони “30-сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ” дар соли 2024 аз чоп баромад, яъне боз чандин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки аз фаъолияти назаррас дар ин самтро бозгӯӣ менамояд.
Мавриди таваҷҷуҳ аст,ки дар соли 2024 маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” аз нав вориди рӯйхати маҷаллаҳои эътиборноки илмии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Инчунин, маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» аз 19 марти соли 2020 таҳти № 96 ва Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илмӣ Федерасияи Русия ворид карда шудааст. Тамоми мақолаҳои маҷаллаҳои Марказ дар индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ) пайваста дохил карда мешаванд.
Қобили зикр аст,ки дар фазои иттилооти кишвар нақши сомонаҳои вазорату кумитаҳо ва идораю муассисаҳо низ нақши муассир доранд.Сомонаи мустақили Маркази тадқиқоти стратегӣ низ дар ин радиф, нақши устувор дорад. Масалан, дар соли 2024 ба сомонаи Марказ беш 1,3 млн., нафар хонанда ворид шуда маводҳои онро мутолиа намуданд. Сомонаи Марказ барои таъмини бехатарӣ аз сертификатсияи HTTPS-SSL гузаронида шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулони Марказ дар сомонаҳои иҷтимоии фейсбук бо номи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаҳои махсуси худро кушодаанд, ки тамоми чорабиниҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ дар онҳо пахш мегарданд. Сафи муштариён ба ин ду саҳифа рӯз то рӯз меафзояд.
Дар фарҷоми маҷлис Хайридин Усмонзода мушаххасан қайд намуданд, ки фаъолияти ҳаррӯзаи илмию тадқиқотӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои амру фармонҳо ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ, барқияҳои ҳукуматӣ зери назорати доимӣ қарор дорад.Ҳамзамон, иҷрои босифати корҳои илмию тадқиқотӣ тибқи лоиҳаҳои илмии амалкунанда,омӯзишу таҳлили илмии вобаста ба фарҳанги миллӣ ва сиёсати хориҷии кишвар, масъалаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ, манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, роҳҳои аз байн бурдани хурофот, терроризм ва ифротгароии динӣ, кибертерроризм, киберҷиноятҳо ва ғайра минбаъд низ меҳвари асосии фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Инчунин, нашри китобу монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, хусусан дар маҷаллаҳои хориҷӣ, доираи ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии ватанию хориҷӣ тақвият дода мешаванд.
Дар самти таблиғоти донишҳои илмӣ дар мавзуъҳои тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳни ҷавонон бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ мунтазам нақшаҳо таҳия гардида, идома меёбанд
Хусусан, дар идомаи фаъолият дар соли 2025 Марказ ҷиҳати иловатан баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ вобаста ба Паём, ки дар ташаккули усулҳои самарабахши ҳамкории мутақобила ва ба амал баровардани мақсаду вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди илми ватанӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар мусоидат мекунанд ва дар ташаккули худшиносии миллии ҷомеаи тоҷик нақши муҳим доранд, чораҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.
Сипас пиромуни ҳисоботи ироашуда намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода Шоҳинбод, аъзоёни Шурои илмии Марказ профессорон Рустам Раҳматзода ва Абдураҳмон Қурбонов, номзади илмҳои филология Файзулло Баротзода ва номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатов фикру андешаҳои арзишманд иброз намуда, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказро дар соли 2024 мусбат арзёбӣ карданд.
Тибқи рӯзномаи Шурои илмиии Маркази тадқиқоти стратегӣ нақшаи кории Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, барномаю нақшаҳои кории раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, нақшаи кории Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ҳайати Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ аз ҷониби роҳбарият ба кормандоне, ки дар соли 2024 фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ доштанд, аз он ҷумла бо “Ифтихорнома”: Саодат Ҷурахонзода, муовини директори Марказ, Саидҳомид Шарифзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, Амин, Одиназода сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва Валиҷон Олимзода сардори Раёсати таъмини иттилоотӣ, инчунин бо “Сипоснома”: Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ ва Холмомо Мамадқулова корманди шуъбаи маъмурию хоҷагидорӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмию пажуҳишии Шурои илмии Марказ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод карданд ва ба аъзоёни Шурои илмии Марказ барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон