ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсияи Русия барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд.
Сарони ҳарду давлат ҳамдигарро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.
Зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол миёни ду кишвар 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг низ бемайлон густариши меёбад.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, ки раёсат дар он аз соли нав ба Тоҷикистон мегузарад, сурат гирифт.