20 декабри соли 2024 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти намояндаи Марказ бо кормандони Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.
Дар мулоқот сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ, номзади илмҳои таърих Шарифзода Саидҳомид Сафар ва сардори Раёсати Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ Рахматов Жасур Ждамшерович ва Нурридинов Умарбек Комолиддин угли – ходими калони илмии Институти мазкур ва дигар намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғози мулоқот Шарифзода Саидҳомид меҳмононро ба Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймону боэътимоди Тоҷикистон буда, муносибатҳо бо ин кишвар дар заминаи риштаҳои ҷудонашавандаи дӯстии мутақобила, ҳамсоягии нек ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар бунёд шудаанд.
Дар рафти мулоқот оид ба рушди ҳамкориҳо миёни ду маркази зеҳнӣ, дастоварди кишварҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва фарҳанг дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳо сол аз сол инкишоф меёбад ва мо дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ ба пешравиҳои назаррас ноил мешавем.
Иброз гардид, ки саҳми сарони ду кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирамонович Мирзиёев ва анҷоми сафарҳои мутақобилаи расмӣ ва давлатии онҳо дар рушди ҳамкории кишварҳо ниҳоят бузург аст.
Гуфта шуд, ки ҳарду кишвар ба масъалаҳои боз ҳам вусъат додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, коркарди барномаҳои алоҳида дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияи нав, татбиқи лоиҳаҳои калони нақлиётӣ, инфрасохторӣ ва логистика, самаранок истифода бурдани захираҳои иқтисодию тиҷоратӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз диққати калон медиҳанд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки имрӯз Сарони давлатҳои мо пайваста таъкид мекунанд, ки дар шароити кунунӣ, тағйирёбии босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули мавзеъгирии ягона оид ба ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст. Дар ин замина, рушди ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯбаи Нишастҳои машварати кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардида, саҳми онҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунсамта ва боло рафтани эътибори минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки кишварҳо ҷонибдори таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергияи сабз, омилҳои калидии рушди иқтисоди сабз дар минтақа мебошанд.
Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон