Рӯзи 17 декабри соли 2024 ҷаласаи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ, Раиси Шурои илмии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода кушода, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба фаъолияти илмӣ, машваратӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2024 гузориш ироа намуд. Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро соли равон дар асоси Низомномаи нав, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.10.2024, № 878 ба имзо расидааст, ба роҳ монд. Дар ин санад вазифаҳои низомномавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди мутамаркази илмӣ, таҳлилӣ ва машваратии кишвар ба мусоидатсозии амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва ҷустуҷӯю такмили механизмҳои татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати дохилию хориҷии дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Тибқи Низомномаи нав дар назди Маркази тадқиқоти стратегии вазифаҳои нав гузошта шуда, ба сохтори илмию ташкилии он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Илова бар ин, санадҳои вобаста ба вазифаю уҳдадориҳои кормандон ва сохторҳо таҳия ва қабул гардиданд.

Пешбурди фаъолияти илмӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти Марказ ба шумор рафта, бо дарназардошти вазифаю уҳдадориҳои мазкур дар доираи нақшаҳои ҷорӣ дар чунин самтҳо фаъолияти илмӣ, таҳлилӣ ва машваратиро дар соли равон амалӣ намуд:

  • Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллӣ–ҳамчун омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлоли сиёсӣ;
  • Роҳҳои ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъсири афкори ҷомеа ва масъалаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
  • Навсозиии инноватсионнии истеҳсолоти саноатӣ дар марҳилаи муосир рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Масъалаҳои такмили асосҳои назариявӣ ва самтҳои амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
  • Мушкилот ва дурнамои таъминоти молиявии фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ;
  • Нақши илм дар ташаккули сарвати инсонӣ ва такмили амнияти иҷтимоӣ дар шароити муосир.

Доир ба сатҳи иҷрои муносиби таҳқиқи мавзуъҳои мазкур Марказ ба Шурои ҳамоҳангсозии АМИТ ҳисоботи муфассалро пешниҳод намуд.

Марказ ҳамчун ниҳоди муҳим дар таҳлилу ҳалли масъалаҳои стратегии сиёсию иқтисодӣ масъули иҷрои бандҳои беш аз 11 консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ мебошад ва дар ин самт корҳои назаррасро ба иҷро расонидааст.

Инчунин, дар давоми сол пайваста сатҳу сифати пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии раёсатҳо дар ҷаласаҳои назоратӣ, Шурои илмию методии Марказ мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд.

Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳимми фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ тибқи вазифаҳои низомномавии худ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатии дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.

Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм гузоштанд.

Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасиссаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли ҳисоботии 2024 вусъати тоза пайдо намуданд. Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажуҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоуддинов, Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.

Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти назариявию амалиро дорост, ки дар соли ҷорӣ Марказ дар ин самт фаъолияти назаррас дорад.

Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомона ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои коршиносони ватанию хориҷӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд. Дар сомонаи Марказ тамоми чорабиниҳои дар Марказ тибқи нақша баргузоршуда саривақт инъикоси худро ёфтаанд.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Марказ қарор дорад. Дар соли 2024 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.

Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар кишварҳо имконият фароҳам овард,ки таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказ дар сатҳҳои хориҷӣ муаррифӣ гарданд ва дар навбати худ таҷрибаи пажуҳишии ниҳодҳои зеҳнии кишварҳои минтақа низ мавриди омӯзиши кормандони муасисса қарор гирифтанд. Дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо мавҷуданд. Кормандони Марказ ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро берун ва дохилӣ кишвар баланд мебардоранд.

Мавриди зикр аст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии хориҷи кишвар робитаҳои ҳамкорӣ дорад, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Покистон, Беларус ва Кореяи Ҷанубӣ ва айни замон ин робитаҳоро дар самтҳои таҳлилу коршиносӣ ва илмӣ самарабахш идома дода истодааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии кишварамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷониби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти Марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Татбиқи тадқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби кормандони Марказ вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дар шароити хеле мураккаби имрӯза дар соли 2024 шоистаи таҳсин аст. Марказ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти сифатӣ ва сотсиологиро дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор намуд,ки натиҷаи он дар раванди омодасозии таҳлилу гузоришҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Тавсеаи фаъолияти нашриявии Марказ низ дар соли ҷорӣ қонеъкунанда аст ва имкон фароҳам оварад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони Марказ ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Хусусан, ба муносибати 30-солагии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби таҳти унвони “30-сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ” бо забони тоҷикӣ,русӣ ва англисӣ аз чоп баромад, ки аз фаъолияти таърихӣ ва илмию машваратии муассиса маълумотҳои арзишмандро метавон дарёфт намуд.

Сипас пиромуни ҳисоботи ироашуда аъзои Шурои илмии Марказ, профессорон Сироҷиддин Комилов, Қудрат Давлатзода ва Абдураҳмон Қурбонов фикру андешаҳои арзишманд иброз намуда, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказро дар соли 2024 мусбат арзёбӣ карданд.

Тибқи рӯзномаи Шурои илмиии Маркази тадқиқоти стратегӣ нақшаи кории Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025,барномаю нақшаҳои кории раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, нақшаи кории Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ҳайати Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмию пажуҳишии Шурои илмии Марказ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод кард ва ба аъзоёни Шурои илмии Марказ барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед