Рӯзи 10 – декабри соли 2024 ҷаласаи Шурои илмӣ – методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он директори Марказ д.и.ф. профессор Хайриддин Усмонзода иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муртазозода Ораз ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
– Ҳисоботҳои Раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024.
– Пешниҳод ва баррасии барномаҳо, нақшаҳои корӣ ва нақшаҳои фардии кормандони Раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025.
– Масъалаҳои гуногун.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва методии дар давоми як сол ба иҷро расонидаи ҳар як раёсати Марказ ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Дар ин радиф, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи КИТ- и Раёсат: «Нақши илм дар ташаккули сарвати инсонӣ ва такмили амнияти иҷтимоӣ дар шароити муосир»(тақриздиҳанда н.и.с.,мудири кафедраи сотсиологияи ДМТ Н.Шоев), сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи КИТ-и Раёсат: «Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллӣ – ҳамчун омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ» (тақриздиҳанда н.и.с. Ходими калони шуъбаи муносибатҳои баналмиллалии АМИТ Х.А.Додихудоев), сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи КИТ-и Раёсат: «Таъсири афкори ҷомеа ва масъалаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ» (тақриздиҳанда н.и.с. дотсент, декани факултаи ДМТ Х.С. Қуддусӣ), сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи КИТ-и Раёсат: «Роҳҳои ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тақриздиҳанда н.и.и., сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Манучеҳра Мадҷон Мирзоалӣ), сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи КИТ-и Раёсат: «Масъалаҳои такмили асосҳои назариявӣ ва самтҳои амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ» (тақриздиҳанда н.и.т., дотсенти мудири кафедраи Муносибатҳои байналмилалии факултаи Муносибатҳои байналхалқии ДМТ А. Шарипов), сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Одиназода Амин дар мавзуи КИТ-и Раёсат: «Мушкилот ва дурнамои таъминоти молиявии фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ» (тақриздиҳанда д.и.и., профессори ДРСТ С.Ҷ.Комилов), сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ҷӯрахон Бобоев дар мавзуи КИТ-и Раёсат: «Навсозиии инноватсионнии истеҳсолоти саноатӣ дар марҳилаи муосир рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»(тақриздиҳанда н.и.и.,муовини директори институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикисто Ш.Одинаев) ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Валиҷон Олимзода дар бораи рафти иҷрои корҳои илмӣ таҳқиқотӣ,тавсияҳои муқарризон, фаъолияти солонаи илмӣ ва методӣ ва бурду бохтҳои раёсатҳои Марказ гузориш ироа намуда, ба саволҳои директори Марказ Х.Усмонзода, раиси ҷаласа О. Муртазозода ва ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки кормандони Марказ дар давоми соли сипаригардида, дар ҳамоишҳо, мизи гирд семинару маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, барои пешрафти паҳлӯҳои дигари фаъолияти Шурои илмӣ- методии Марказ дар ҷаласаҳои оянда, тавсияҳои муфид аз ҷониби аҳли нишаст пешниҳод карда шуд.Инчунин, ҷиҳати ба нашр пешниҳод намудани китобҳои таҳиянамудаи кормандони муассиса, ки соли равон дар назар аст, фикру андешаҳои аъзои Шуро ба инобат гирифта шуд.
Аъзои Шурои илми-методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2024 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш, директори Марказ Х.Усмонзода аз фаъолият ва корҳои ба анҷомдодаи раёсатҳо дар соли 2024 изҳори қаноатмандӣ намуда, дар суханронии худ дар қатори фаъолияти назарраси кормандон, аҳаммият ва арзиши корҳои илмию методии раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ таъкид намуда, ба фаъолияти минбаъдаи аъзои Шурои илми-методӣ дар соли нави 2025 барори кор ва комёбӣ таманно намуданд.
Ҷаласаи Шурои илмӣ- методии Марказ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон