4 декабри соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо ҳайати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таҳти роҳбарии муовини намояндаи махсус оид ба Афғонистон Алекс Кэмерон баргузор гардид.
Дар мулоқот, инчунин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Кэтрин Смиттон, таҳлилгари калони тадқиқотӣ оид ба Афгонистон Майкл Томас, роҳбари гурӯҳи мубориза бо терроризм дар Афғонистон Алис Дрейпер ва мушовири Дафтари минтақаи Афғонистон (Осиёи Марказӣ) Ҳенриетта Александр ширкат варзиданд.
Дар оғоз директори Марказ Хайридин Усмонзода меҳмононро хайрамақдам намуда, хонум Кэтрин Смиттонро бо таъйин гардиданаш ба мақоми сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба, талошҳои ду кишвар ҷиҳати ҷустуҷӯи роҳи мусолиҳатомези ҳалли осоиштаи буҳрони Афғонистон ва барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии он мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бритонияи Кабирро муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, директори Марказ Хайридин Усмонзода аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабирро дар масъалаҳои муҳим, аз қабили “энергияи сабз”, татбиқи стратегияи “иқтисоди сабз”, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок қайд намуд.
Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон