(Дар ҳошияи сафари кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба НБО-и “Роғун”)
Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидӣ ва афзалиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ ҳамчун соҳаи бунёдӣ нақши муҳим дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захира ва имкониятҳои мавҷуда истиқлоли энергетикиро, ҳамчун ҳадафи стартегии мамлакат муайян намуда, солҳои охир ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳо бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва маблағгузориҳои буҷетӣ як қатор неругоҳҳои хурду бузург дар ҷумҳурӣ бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ шуда истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 25 неругоҳи хурду бузурги обӣ бо иқтидори 4,4 ҳазор мВт фаъолият менамуд, имрӯз, хосатан, дар кишвар қариб 290 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ бошад, 22 миллиард кВт соат фаъолият карда истодааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябри соли ҷорӣ зимни сафар ба шаҳри Роғун бо кормандону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳр мулоқот доир намуда, таъкид карданд, ки “…неругоҳи “Роғун” барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад”.
Воқеан ҳам, ноил гардидан ба истиқлоли пурраи энергетикии мамлакат тавассути анҷом додани сохтмони НБО-и «Роғун» ва мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ ба шумор мераванд. Дар доираи истифодаи самараноки захираҳои бузурги обӣ моро ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръати кишвар шарафёб хоҳад кард. Тибқи нишондоди “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон ва азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисодиёти Тоҷикистон зарур шуморида шудааст.
Бояд гуфт, ки сохтмони НБО-и “Роғун” хусусияти таърихӣ дошта, корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ аз солҳои 70-уми қарни гузашта оғоз гардида буд. Аммо, лоиҳаи мазкур пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сохтмони иншооти мазкур қатъ гардид. Хушбахтона, соли 2007 бо азму иродаи қавӣ ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти талабот ва стандартҳои муосири бехатарӣ барои идомаи бунёди НБО-и Роғун ба Бонки Ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат намуда, тавассути машваратҳои судманду музокирот санаду ҳуҷҷатҳои лозима омода карда шуд. Аз ҷумла солҳои 2018-2019 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду чархаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди истифода қарор дода шуд, ки то ин ҷониб беш аз 8 млрд. кВт соат барқ истеҳсол намуда, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интитқол дода шудааст. Хушбахтона, имрӯзҳо корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша чархаи сеюми иншооти мазкур соли 2025 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст. Танҳо дар зарфи нуҳ моҳи соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ наздики 3,5 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иншооти азими аср дарак медиҳад.
Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолияти пурсамар дошта, 95 дарсади онҳоро кормандони маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва беш аз 47 дарсадашон ҷавонон мебошанд. Ҳамзамон, дар ин иншооти бузурги аср занон низ фаъолияти густурда дошта, ба эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ барои рушди минбаъдаи кишвар хизмат менамоянд.
Ҳамин тавр, Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дониста шуда, зарфияти лоиҳавии он 3600 мвт буда, аз 6 чарха бо тавоноии 600 мВт. иборат мебошад. Баландии сарбанди он 335 метрро ташкил дода, бо истифодаи пурраи он, ин неругоҳ метавонад дар як сол 17 миллиард кВт неруи барқ истеҳсол намояд.
Айни ҳол, тибқи маълумоти коршиносони неругоҳ лоиҳаи иншоот дар чор лот тақсим гардидааст, аз ҷумла:
Лоти №1 – дар раванди корҳои сохтмонии ин лот омода намудани чор чархаи боқимонда, интиқол додан, васлу насб ва ба кор андохтани онҳо шомил мегарданд. Ҳамзамон, иваз намудани ду чархаи муваққатии ду агрегати фаъолиятдошта дар лоти № 1 дохил мегардад.
Лоти №2 – дар лоти мазкур бунёди сарбанд, тамоми иншоотҳое, ки ба сарбанд алоқаманд ҳастанд, аз ҷумла қитъаи гузариш, қабати намак ва нақби семинтатсионии соҳили чап ва рост. Ҳаҷми умумии сарбанд 80 м3-ро дар бар мегирад.
Лоти №3 – дар раванди ин лот дохил мешавад, иншооти соҳили рост ва ҳамаи нақбҳои обпартое, ки дар соҳили рост қарор доранд, аз ҷумла нақби қабати 3-юм, қабати 4-ум, ду нақби қабатҳои сатҳҳои болоӣ ва ду адад нақбҳои саррез.
Лоти №4 – дар лоти мазкур иншооти зери фишор қарордошта, аз ҷумла обқабулкунаки доимӣ, нақбҳои обрасон, толори трансформаторҳо дохил мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар обанбор 200 млн. м3 об захира карда шуда, баъди ба итмом расонидани лоиҳаи мазкур соли 2031 захираи обанбор 13,2 млрд. м3-ро ташкил хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки фармоишгари лотҳои мазкур Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва пудратчиёни дохилию хориҷӣ ширкатҳои “Трактебел”, “Вибилд”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, “Тунел Садди Ориёно” ва “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак мебошанд, ки ҷиҳати ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг месозанд.
Ҳамин тавр, тибқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисоди кишвар афзалияти аввалиндараҷа дошта, бунёди НБО-и “Роғун” бо мақсади рушду амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва дипломатияи обу иқлим идома хоҳад ёфт.
Тазаккур бояд дод, ки пурра ба истифода додани иншооти азими аср метавонад ба омилҳои зерини бунёдӣ таъсири амиқ дошта бошад:
– таъмини рушди босуботу устувори иқтисодиёти миллӣ;
– дар амал татбиқ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина пешрафти саноати миллӣ;
– тақвияти иқтидори содиротии кишвар;
– коҳиш ёфтани таъсири хавфу хатарҳои буҳронҳои иқтисодӣ;
– баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат;
– коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
– коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз бозори берунӣ;
– паст кардани шиддати муҳоҷирати корӣ;
– таъмини гардидани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ;
– рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина бунёди дигар инфрасохторҳои зарурӣ;
– боло рафтани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ;
– баланд гардидани ҳисси ватандустӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва ғайраҳо.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон