ДУШАНБЕ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ сарчашмаи неру, тавонмандӣ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида,  барои ба давлати  ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистон саъю талош дорем. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ ба унвони АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таъмини иттилооти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов. 

        — Тоҷикон аз оғози таърих миллати парчамдор буданд. Парчам барои давлатдории тоҷикон намоди муваққатӣ, яклаҳзаина ё якрӯза нест, балки рамзи дирӯзу имрӯзу фардову фардоҳои бардавоми дигар аст. Метавон гуфт, ки парчам бо давлатдории тоҷикон тавъам ташаккул ёфтааст.

Парчами давлатӣ огоҳ месозад, ки ин сарзамин, ин давлат, ин мулк соҳиб дорад. Дар парчам ҳодисаҳои гузаштаи таърихӣ, ормону орзуҳои миллат барои имрӯзу ояндаи дурахшон ба сифати рамзҳое, ки китоб-китоб маънӣ доранд, таҷассум ёфтаанд ва он ба шаҳрвандон, бахусус ба ҷавонон ашрофияту  ҷавонмардӣ ва қаҳрамонию ватандӯстӣ меомӯзад.

Парчам, ливо, байрақ имрӯз шаҳрвандонро ба шинохти таърихӣ ва шинохти муҳимтарин хусусияти миллӣ ҳидоят намуда, ба иҷрои ҳадафҳои миллӣ ҷалб менамояд. Он рамзе аст, ки дар замири ҳар инсони ватандӯст эҳсоси худшиносӣ ва ҳувияти миллиро бедор менамояд. Эҳтироми парчам ҳамчун намод ва пос доштани он омили моҳиятнамое аст, ки барои фаҳмидани моҳияти таърихи собиқаи миллат, ки дар рангҳои он сабт аст ва дирӯзу имрӯзи равандҳои гуногуни дохилию байналмилалӣ имкон фароҳам меоварад.

Инсоният хостаҳо ва ормонҳои худро дар сангнавиштаҳо, китобҳо  (сангину гилин ва чӯбину варақин) ва дар парчамҳои худ бо алифбои рамзҳо ифода мекард.

Аз таърихи бисёрҳазорсола доштани парчам далелҳои зиёди илмӣ ва ёдгориҳои таърихие, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон ба даст омадаанд, дарак медиҳанд. Инсонҳо дар давраҳои гуногуни таърих аз рамзу нишонаҳои зиёде истифода мекарданд ва бо ҳамин ба кадом авлод ва ё қабила мансубият доштанашонро ба дигарон мефаҳмонданд. Ба ҳайси яке аз чунин нишонаҳо парчам пазируфта шуд. Парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси ҳайвонот–шер, хирс, асп, гов, гург; парандаҳо–уқоб, боша, бум ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Давлати Мисри Қадим, ки 26 сулолаи Фиръавнҳо дар идораи он саҳм гузошта буданд, соҳиби парчами давлатӣ буд. Мисриён аз замонҳои бостонӣ шоҳинро парандаи муқаддас мешумориданд аз ин рӯ, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд. Лашкари Миср вақте ба ҷанг мерафт, парчамбардорон пеш-пеши он парчами Миср–Дирафши Шоҳинро мебурданд.

Парчамдории миллати тоҷик ва ақвоми ориёӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. Ҳанӯз империяи Ҳахоманишиён (асрҳои 6–4 то милод), ки асосгузори он Куруши Кабир буд,  парчами худро дошт, ки он дар таърих бо номи «Дирафши Ковиён» машҳур аст. Дар қисми болоии он моҳ ва гунбази заррин тасвир ёфта, дар қисми марказиаш уқоби болкушода тасвир шуда буд, ки ин рамзи озодӣ ва иқтидори империяро  таҷассум мекард.

Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бори дигар ба ҷаҳониён аз собиқаи деринаи таърихи парчамдорӣ доштани давлати миллии тоҷикон дарак дод. Ба озмун беш аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Лоиҳаҳои парчамҳои ба озмун пешниҳодшуда асосан фарогири се ранг–сурх, сафед ва сабз буданд. Яъне ранги сурх–озодӣ, сафед–оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгӯйӣ мекард.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби З.Ҳабибуллоев, А.Заневский, Л.Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев пешниҳод шуда буд, нукта гузошт.

Имрӯз Парчами давлатӣ ба ҷузъи таркибии фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилот табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, муқаддас ва дар айни замон маълумотдиҳанда доир намешаванд.

Далелҳои аҷиби ибратомӯз доир ба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол кам нестанд. Солеҳҷон Шарифов дар шаҳри Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон таваллуд шудаву ба камол расидааст. Солеҳҷон изҳор медорад, ки авлоди падариаш аз шаҳри бостонии Истаравшан буда, айёми навҷавонӣ бо падараш чанд бор ба ин шаҳр сафар доштааст.

Бояд гуфт, ки кайҳоннавард, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия Солеҳҷон Шарифов дар мусоҳиба бо хабарнигорон чунин гуфтааст: «Бобои ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаву бо узбекдухтар хонадор мешавад. Ҳарчанд миллати падарамро узбек навиштаанд, аммо ӯ дар асл тоҷик аст ва ман «ба хотири ёдоварӣ аз бобои худ муддати 193 шабонарӯз Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо худ ба кайҳон, ба экспедитсияи кайҳонӣ бурда будам».

Худи ӯ мегӯяд, ки то соли 1982 онҳо ҳамроҳ бо бобову падараш дар Истаравшану Хуҷанд ду бор меҳмон шудаанд.

Бояд гуфт, ки  нахустин парвози Солеҳҷон Шарифов ба кайҳон 23 январи соли 1998 ба воситаи киштии кайҳонии амрикоӣ ва аз космодроми Амрико доир шуд. Ин шараф ба ӯ ба хотири дар сатҳи аъло донистани забони англисӣ аз миёни панҷ нафар беҳтарин кайҳоннавардон муяссар гардида буд.

Солеҳҷон Шарифов соли 1998 сазовори унвони «Ҳавонаварди Федератсияи Русия» гардида, ҳамчунин дорандаи медали «Барои парвози фазо» мебошад. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ ҳамон сол ба ӯ унвони «Қаҳрамони кишвар»-ро доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон як сол пас тоҷикписарро бо ордени «Амир Темур» ва «Барои меҳнатҳои шоён» қадрдонӣ кард. Федератсияи Русия соли 2005 ба Солеҳҷон Шарифов унвони «Қаҳрамони Русия»-ро сазовор донист.

Солеҳҷон Шарифов Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо худ ба кайҳон бурда буд,  бо тантана ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон  супорид. Алҳол ин Парчам дар силсилаи муқаддасоти миллӣ дар ин осорхона ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Бори аввал мардуми мамлакат Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иди умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бо тантана  таҷлил намуданд.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Боиси ифтихори ҳар фарзанди ватандӯсту миллатпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар паҳлуи чапи Маҷмааи давлатии Қасри Миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, ҳунари баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи парчам 30 метр,  дарозӣ ё паҳноии он 60 метр ва вазнаш 700 кг мебошад.

Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар шаҳрванди ватандӯстро ба нангу номус ва созандагию бунёдкориӣ таҳрик медиҳад. Метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши бештари худогоҳию худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори ҳар фарди бо нангу номуси давлатамон мусоидат менамояд.

Дар таърихи ҳар давлат рамзҳое ҳастанд, ки мавҷудият ва истифодаи дурусташон ба тақдири таърихии миллат таъсири мусбат мерасонад. Парчами давлатӣ барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон васитаи такондиҳанда мебошад. Он дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳайси шиносномаи давлату миллат хизмат менамояд.

Парчам шоҳасаре аст, ки давоми таърихи зиёда аз 4000-сола дар саҳфаҳои он муаллифон маъною рамзҳои гуногунро сабт мекарданд. Ормонҳои гузаштагонро тавассути рамзҳою рангҳо барои ояндагон ифода менамуданд. Дар парчамҳои давлатии аҷдодони мо гузаштаҳои пурифтихори Ватан пеши назари наслҳои нав ба нави миллат ба ҷилва меояд. Ҳар бинандаи парчам ба худ эҳсоси гарму гуворое мегирад, ки он ифтихор аз давлат, миллат ва Ватан мебошад.

Парчами давлатӣ имрӯз дар фарқ бо гузашта моли як нафар ё рамзи як шахс нест. Агар дар гузашта як сипаҳсолор ё ҷангсолор рангу тасвири дӯстдоштаашро бар рӯйи парчам акс мекард, имрӯз парчам дигар дарбаргирандаи ҳамаи инсонҳое аст, ки худро ба як фарҳанг мутааллиқ медонанд. Парчаме, ки мо дорем, нахуст фарогирандаи марзу бум ва гузаштаи мо аст, вале ба касоне ҳам тааллуқ дорад, ки тоҷиканду дар ин марз зиндагонӣ намекунанд, аммо бо ин сарзамину обу хок пайвандӣ доранд. Ин парчам бо ин се рангаш моро мушаххасу муайян кунад ҳам, вале ҳамзамон моро бо ҷаҳон  мепайвандад. Дар бисёре аз парчамҳои дунё ранги сафеду сурх мавҷуд аст, ки ин рангро ба монанди мо маънидод мекунанд, яъне сафедро нишонаи сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ва сурхро ранги ҷонфишонӣ барои бақои кишвар ва арзишҳову фарҳанги волои он.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакати мо на як бору ду бор дар арсаи ҷаҳонӣ баланд шуда, дар баландтарин қуллаи кӯҳҳои Помир, дар баландтарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) барафрохта шуд ва қариб 7 моҳ дар кайҳон низ парафшонӣ намуд.

Парчами давлатии Тоҷикистон ба шаҳрвандон имкон фароҳам меорад, ки назди он омада, ба он эҳтиром қоил шаванд, меҳмонон, сайёҳон, хориҷиён бинанд, дарк намоянд, ки дар кадом давлатанд ва онҳо ба ин рамзи муқаддаси миллии мо  эҳтиром гузоранд.

Миллат бояд донад, ки истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, суботи ҷамъиятие, ки мо имрӯз ба  даст овардаем, бояд муҳофизат карда шаванд. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки истиқлоли мо, ваҳдати миллии Тоҷикистон, суботу амнияти он душмани дар камин нишастае дорад. Аз ин рӯ,  мо бояд ҳамеша ба ҳифзи он ва дигар арзишҳои волои миллию давлатӣ омода бошем.

Ихтисос додани рӯзи парчам падидаи нав нест. Парчам ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро, новобаста аз миллат, эътиқод ва тамоюли сиёсӣ муттаҳид месозад. Он рамзе, ёде аз таърихи пурфтихори мо, аз қаҳрамониҳои аҷдоди мо ва намое аз дастовардҳои муҳимми давлати мо мебошад. Ин рамз гузашта, ҳозира ва ояндаи миллати моро ба ҳам алоқаманд месозад. Ҳадафи олӣ аз истифодаи Парчами давлатӣ муттаҳидсозии шаҳрвандони давлатамон аст.

Таърих гувоҳ аст, ки сарони давлатҳо–подшоҳон, президентҳо, сарвазирон назди Парчами давлатӣ ба зону зада, онро мебӯсанд ва ба дидаҳо мемоланд. Ин гуна зону задан назди рамзи муқаддаси давлатдорӣ–зонуи эътироф, эътибор ва арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти давлатӣ аст. Парчам имрӯз шаҳрвандонро ба шинохти таърих ва муҳимтарин хусусияти миллӣ ҳидоят намуда, ба иҷрои ҳадафҳои давлатӣ ҷалб менамояд.

Имрӯз Парчами давлатӣ василае аст, ки ҳамаи инсонҳоро, ки ба як фарҳанг, ба як давлат ва ба як Ватан худро мутаалиқ медонанд, муттаҳид ва сарҷамъ месозад. Парчам таҷасуми пайванди ватану шаҳрванд аст.

Дар паёми шодбошӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ  иброз намудаанд, ки «Парчами давлатӣ муаррифи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандӯстӣ дар шуури ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳадафҳои миллӣ мебошад».

khovar.tj

Чоп кунед