Рӯзи 21 ноябри соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи давлатӣ ва рукни муттаҳидсоз” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимни суханронии худ қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст.

Мавсуф зикр намуд, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид. Дар баробари ин, Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчами миллӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз шумори рамзҳо ва муқаддасоти давлат ба ҳисоб меравад.

Ораз Муртазозода дар идомаи суханрониаш вобаста ба таърихи Парчами давлатӣ изҳори андеша намуда, қайд намуд, ки агар мушаххасан ба таърихи Парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд сарчашма мегирад. Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, бо сарварии раиси навинтихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабули он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон–Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори маҷлис ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд.

Ёдовар мешавем, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин, садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Боиси хурсандист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид.

Дар интиҳои суханронӣ Ораз Муртазозода таъкид намуд, ки моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлол ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем.

Сипас муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Сафҳае аз таърихи Парчами давлатӣ” ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова дар мавзуи “Нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ ” суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Таъкид гардид, ки истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳаммияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад, ки бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Изҳори назар карда шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон сабаби ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент муовини директори Марказ Лоҳутӣ Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотиии Марказ Рамазонӣ Давлатов ва сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров ба музокира баромада, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни мавзуи матраҳгардида, фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Мизи гирд дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед