Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Хушбахтона, ин Иҷлосияи тақдирсоз ба хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳи пойдор ва ба ташаккули Ҳукумати Конститутсионӣ замина фароҳам овард. Бо шарофати ин иҷлосияи сарнавиштсоз суботи комил ба даст омад ва хурду бузурги кишвар 32-солагии онро ботантана таҷлил мекунанд.

Қобили ёдоварист, дар Иҷлосияи XVI–ум аз 230 нафар вакилони онвақта 197 нафар иштирок доштанд ва 186 нафарашон номзадии Эмомалӣ  Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сарнавиштсоз будани Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик ва маҳз ба ҳамин хотир аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи таъмин намудани сулҳу субот, рушди минбаъдаи кишварро ва тақдири миллати тоҷикро ба дасти худ гирифт.

Зимнан, таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷаъмии миллати тоҷик, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил, инчунин таҳкими мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии иҷлосия ба шумор мерафтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил расидани миллати тоҷик бо талошҳои зиёд худро фидо намуданд.

Дар шароити ниҳоят душвор қарор доштани кишвар боис гардид, ки Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олӣ барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Иҷлосия собит  сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи  аввалиндараҷаи худ медонанд. Дар ин замина, таъмини сулҳу субот, ризояти комили ҷомеа ва таъмини ваҳдату ягонагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои дигари ниҳоят муҳим буда,  аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун аз ҷумла, дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон бо талошҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт. Ниҳоят, дар 9 даври музокирот ва 6 мулоқоти сарон 40 санади муҳим ба имзо расонида шавад, ки бузургтаринаш «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» буд.

Боиси хушнуди аст, ки баргузории Иҷлосияи ХVI–уми Шурои Олии кишвар ва қонуну қарорҳои қабулнамудаи он барои қабули Конститутсия заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI–ум халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми  ҷудонашавандаи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро санаи 6­-уми ноябри соли 1994 қабул намуданд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо  на дар шароити орому пешравӣ, балки дар шароити ниҳоят душвор, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба ин вазифаи масъулиятнок таъин гардид. Ин шахсияти таърихӣ ба арсаи сиёсат бо ҷасорату, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро  сарҷамъ намояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки таҷрибаи сулҳофарии миллати тоҷикро бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои дигар омӯхта, барои таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии давлатҳояшон истифода менамоянд.

Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олӣ натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад. Бо гузашти 32 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи мазкур ва ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар Тоҷикистон метавон гуфт, ки иҷлосияи мазкур барои миллати соҳибтамуддуни мо тақдирсоз буд, ҳаст ва мемонад. Бо назардошти ин, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 32 солагии Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олӣ ва рӯзи Президент санаҳои 10 ва 11 ноябри соли 2024 ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд таҳти унвони «Пешвои миллат-кафили саодат ва ифтихори мо ҷавонон»  дар Қасри Арбоб баргузор гардид. Дар доираи  ҳамоиши мазкур ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт аз мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Суғд аз ҷумла, Қасри Арбоб дидан намуданд.

Ҳамзамон, беназири ва шахсияти барҷаста будани Пешвои миллат, боис гардидааст, ки Тоҷикистон бо татбиқи барномаҳои давлатӣ мунтазам рушд намояд ва мавқеи худро дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам устувор гардонад. Воқеан ҳам, афзалият ва дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ назаррас буда, соли 2000 ҳаҷми ММД ҳамагӣ 1,7 млрд. сомониро ташкил медод. Бо дарназардошти ин нишондиҳанда дар соли 2015 50,9 млрд. сомонӣ ва дар соли 2023 ба 130,7 млрд. сомонӣ баробар гардида, дар ин давра бештар аз 76 маротиба зиёд мебошад, ки дар диаграммаи №1 оварда шудааст.

Манбаъ: Дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст.

Чи тавре, ки аз нишондиҳандаҳои ҷадвал мушоҳида карда мешавад, сатҳи рушди ММД соли 2023 130,7 млн сомонӣ баробар гардида нисбат ба соли 2015 ба маблағи 79700 млн сомонӣ ё ин, ки 2,5 баробар зиёд гардидааст.

Бо дарназардошти ин, ММД ба сари аҳолӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли 2023 ба 13077,0 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба соли 2015 ба маблағи 7045,3 сомонӣ, ё ин, ки 2,2 баробар зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, рушди иқтисоди миллӣ давоми 9 моҳ яъне моҳҳои январ-сентябри соли 2024 хуб ба назар расида, суръати рушди маҷмуи ММД дар сатҳи 8,4 дарсад таъмин гардидааст. Дар ҳамин давра, мусофиркашонӣ ва гардиши савдо 12,0 дарсад, кишоварзӣ зиёда аз 11,4 дарсад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 15,0 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,0 дарсад, хизматрасонии пулакӣ 16,0 дарсад ва боркашонӣ 15,0 дарсад, афзоиш ёфтааст.

Новобаста аз вазъи ноороми имрӯзаи ҷомеа ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти кишвар, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ 3,0 дарсадро ташкил намуда, дар давоми моҳҳои январ–сентябри соли 2024 ҳиссаи рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар ММД дар диаграммаи №2 нишон дода шудааст.

Манбаъ: Дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-декабри 2023, саҳ. 12 омода карда шудааст.

Дар ин давра, яъне давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо татбиқи барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати кишвар, ҷумла 13 июни соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) қабул гардидааст, ки то соли 2030 идома хоҳад дошт, соҳаи мазкур сол то сол рушд намуда, дар нуҳ моҳи соли 2024 ба 25,3 млрд. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 11,4 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи ин соҳа дар ин давра нисбат ба ММД  24,6 дарсадро дар бар мегирад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар ҳамин давра зиёд гардида, бо татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020-2025” ва расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат “Саноатикунонии босуръати кишвар” замина гузошта, рушди соҳаи мазкур дар ҳамин давраи соли 2024 ба 17,8 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2023 ба андозаи 15,0 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД ба 17,4 дарсадро ташкил намудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2024 бо нархҳои ҷорӣ ба 102641,1 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо меъёри 8,4 дарсад зиёд мебошад.

Аз ин лиҳоз, гуфтан ба маврид аст, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 1506687  тонна, аз ҷумла гандум 866014 тонна, картошка 937367 тонна, сабзавот 2669029 тонна, аз ҷумла пиёз 804571 тонна, полизӣ 1028252 тонна, мевагиҳо 614820 тонна ва пахта 103782 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғалладона 6,2 дарсад, картошка 16,5 дарсад, сабзавот 8,9 дарсад, пиёз 5,0 дарсад, полезӣ 12,4 дарсад ва меваҷот 20,1 дарсад зиёд гардидааст. Дар ин замина баро расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” заминаи хуб мегузорад. Ҳамаи ин дастовардҳои соҳаи мазкур бевосита аз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ин ҳадафи асоси талошҳои зиёд намуда истодааст.

Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд,  ки сатҳи некӯаҳолии мардум сол то сол дар мамлакат беҳтару хубтар гардида истодааст. Бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар  суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «аҳаммияти таърихии интихоби дурусти давлатдорӣ ба таъмини рушди иқтисоди миллӣ, амнияти озуқаворӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат менамояд».

Албатта, ҷонфидоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар арсаи сиёсат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки воқеан ҳам шахсиятҳо барои тақдири ояндаи миллатҳо хеле нақши муҳим доранд. Бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ ҳамчун кишвари ташаббускор нуфуз пайдо кардааст. Пешвои миллат, дар Созмонҳои байналмилалӣ баромад намуда ташаббусҳои худро пешниҳод менамояд, ки на танҳо ба миллати тоҷик, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  мусоид ва зарурӣ мебошад. Ташаббуси шашуми беназири Пешвои миллат «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аст, ки итминони комил дорем, ки ин ташаббус аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ мешавад, зеро ба ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ мавқеи густурда дорад.

 

Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед