Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

Истиқболи гарм ва меҳмонавозии самимии Пешвои миллат аз ҷониби Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ далолат бар он мекунад, ки ин кишвари муҳими нимҷазираи Арабистон барои ба сатҳи нисбатан фаъол баровардани муносибатҳои ду кишвар нақшаҳои ҷиддиеро амалӣ карданӣ ҳастанд. Ин матлабро Пешвои миллат зимни гуфтушунидҳо чунин баён карданд: «Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем». Дар ин росто, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти махсус зоҳир гардид ва тақвият додани фаъолияти Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсис додани Шурои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд. Ин иқдомҳо бар он ишорат мекунанд, ки дар шароити кунунӣ муаррифии молу ашё ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз тариқи ҳамкории соҳибкорону тоҷирон ва баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулоти мухталиф ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Бояд тазаккур дод, ки хамкории давлати Кувайт бо кишвари мо аслан дар доираи маблағгузории Фонди кувайтии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон дар самтҳои бунёди роҳу пулҳо, дастгирии бахши энергетика ва беҳтар намудани сифати обрасонӣ дар маҳалҳо амалӣ мегардид. Ҳоло дар шароити рушди устувори иқтисодиёти Тоқикистон қалби сармояи кувайтӣ вобаста ба пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозӣ авлавият пайдо кардааст. Дар партави роҳандозии фаъолиятҳо дар бахшҳои зикршуда ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва гуманитариро низ таҳрик медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкории зерин имзо гардид:

– Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;

– Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

– Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;

– Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

– Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;

– Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солхои 2024-2026.

Дар маҷмуъ, ин санадҳоро дар се бахш табақабандӣ кардан мумкин аст. Бахши якум хусусияти иқтисодӣ-тиҷоратӣ дошта, он тавсеаи додугирифт ва табодули молу коло, саҳмгузорӣ дар соҳаи саноати истеҳсолӣ ва коркарди маъданҳои зеризаминӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ва ниҳоятан, танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро фаро гирифтааст. Ин бахш далолат бар он дорад, ки Тоҷикистон дар заминаи манфиати тарафайн имкониятҳои сармоягузории ин кишвари арабии нафтхезро васеъ истифода бурданӣ аст. Ин иқдоми саривақтӣ ва шоистаи таҳсин мебошад.

Бахши дуюм, ҳамкории ҳарду кишвар дар рушди соҳањои сайёҳии муштарак, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар бар мегирад. Такомули корҳо дар ин самтҳои фаъолият низ падидаи муҳим ва ояндадор мебошад ва раванди татбиқи он бояд дар маркази назорат ва таваҷҷуҳи доимии ниҳодҳои дахлдор қарор бигирад.

Бахши сеюм ду раванди муҳим – ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna” ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайтро роҳандозӣ менамояд. Ҳоло замоне фаро расидааст, ки ҳамкорӣ дар бобати иттилоърасонӣ ва таҳсилу такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимии кишварњои арабию мусулмонӣ ҳамчун унсури муҳими «нерўи нарм» пазируфта шавад. Бояд гуфт, ки низоми иттилоърасонӣ ва таълиму тарбия дар кишварњои арабии Халиҷ аслан дар асоси стандартҳои ғарбӣ бо назардошти вежагиҳои кишварҳои мусулмонӣ бунёд ёфтааст. Дар ин раванд мо бояд аз дастовардҳои пешрафтаи кишвари дӯсти Кувайт фаровон истифода кунем ва имкониятҳои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълиму тарбияи шаҳрвандони ин кишварро дар низоми муассисаҳои илму маорифи Тоҷикистон ба ваҷҳи писандида муаррифӣ карда тавонем. Муаррифии тарҷумаи арабии китоби «Тоҷикон»-и устод Б. Ғафуровро дар шаҳри ал-Кувайт дар ин ҷода иқдоми нахустини бобарор шуморидан мумкин аст. Омили муҳим он аст, ки Кувайт ва Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ва ё наздик доранд ва иқдомоти якдигарро ҳамеша дастгирӣ мекунанд.

Ширкат ва суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» бори дигар собит менамояд, ки дар раванди мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ ҳар ду кишвар мушкилоти якхела доранд ва ин раванд ҷам метавонад омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин самт байни ҳар ду ҷониб бошад.

Дар робита ба анҷоми сафари расмии муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт баёни пешнињодњои зеринро муҳим мешуморем:

Ҳарчи зудтар ифтитоҳ намудани Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ба манфиати кишвари мо хоњад буд. Ин ниҳоди дипломатӣ ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои минбаъдаро дар самти ҳамкорињои муштарак, рафтуомади шаҳрвандони њар ду кишвар ва ҷалби сайёҳонро ба кишвари мо вусъат мебахшад.

Бунёди шаҳри ал-Кувайт ҳамчун шаҳри тиҷоратии баҳрӣ ба соли 1613 рост меояд. Ва то кашф шудани захираҳои нафти дар қаламрави ин кишвар, ки 8,5% захираи ҷаҳониро ташкил медиҳад, машғулияти кувайтињо аслан ба даст овардани дурру маҷон ва луълуъ аз тариқи ғаввосӣ дар қаъри баҳр иборат буд. Аз ин рӯ, онҳо дар шинохт ва тиҷорати сангҳои қиматбаҳо таҷрибаи чандинасра доранд. Ин ҷиҳати масъала низ бояд зимни ҳамкориҳо ба эътибор гирифта шавад.

Низоми маорифи кишвари мо метавонад як теъдоди муайяни донишҷӯёни кувайтиро ба таӯсил фаро гирад. Ин фурсат бо сабаби нооромӣ дар Ховари Миёна ва аз нигоњи ахлоќї созгор наафтодани низоми тањсил дар баъзе кишварҳои аврупоӣ фароҳам омадааст. Ҳамчунин ҷалби аспирантон ва коромӯзони ин кишвар дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имконпазир аст. Ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки роҳҳои ҷалби шаҳрвандони ин кишварро дарёфт намоянд. 

Қаламрави кишвари Кувайт барои ҷалби муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон (ҳамчунин бо назардошти кормандони муҳандисӣ- техникӣ) созгор аст. Дар соҳилҳои баҳрии Кувайт 9 ҷазира мавҷуд аст, ки роҳбарияти ин кишвар нияти аз нигоҳи сайёҳӣ обод кардани онҳоро доранд. Ширкатҳои сохтмонӣ ва муҳоҷирони меҳнатии мо бояд фурсати ҳузур пайдо кардан дар ин лоиҳаҳоро аз даст надиҳанд.

Ҳамчунин зарур аст, ки меваҳои аз нигоҳи экологӣ тоза ва обҳои нӯшидании кишвари мо дар бозори Давлати Кувайт ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт ҳамчун иқдоми бисёр муҳим пазируфта шуд. Дар форум воқеан зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон барои саёҳатҳои экологӣ, аграрӣ, табобатию солимгардонӣ, гастрономӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангию таърихӣ, сайёҳии варзишӣ, саноатию тиҷоратӣ барҷаста муаррифӣ гардид. Чорабиниҳо дар ин самт бояд пайваста пайгирӣ шаванд.

Баротзода Файзулло
сармутахассиси Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС–и  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед