Шаҳодатномаи миллат 10 боб аст, чу аҳбоб аст.
Ки ҳар фаслаш раҳоӣ аз азобу ғусаву тангист,
Ба шукрона зи Истиқлол, зи арзу марз, ки бобогист,
Ҳаёту қадру номус пурсӣ, ки аз фитраташ дар чист?
Ҳамоҳангиву ҳамдилист, Худо гар з-ваҳдаташ розист,
Ки баҳри миллати тоҷик ин кофист.
Шаҳодатномаи миллат тули асрҳо боқист,
Дар дафтар, дар илму шуури мо бо шоир, бо ноҷим,
Ки кашфи осмонро аз замин карда бо зеҳни Худодода,
Суманакро ба Наврӯзӣ ба вақти наҳс аз киштааш кӯфта,
Чунон бинӣ, ки ин ҷо зиндагии мардумаш одист?
Бале, бо адлу инсоф дар сарафрозист,
Ки баҳри миллати тоҷик ин кофист.
Шаҳодатномаи миллат амонатдеҳи ҳақ аз заҳмати фарзанди тоҷик аст,
Нону оби зулолаш бо виҷдон дар густурда дастархон,
Тулуи офтобу моҳ дар куртааш рахшон,
Парешонгаштае дока ба гирди гардани модар рамзи чист?
Агар будем сафедпӯшон, чакан гулҳош Кӯлобист.
Ту гӯйӣ ин ҳама покӣ аз ҳикматаш ҷорист,
Ки баҳри миллати тоҷик ин кофист.
Шаҳодатномаи миллат аз қалб аст, меҳрро ҷалб аст,
Ки мардумаш на нодон аст, на дар туҳмату ҷанг аст.
На аз бечораву нодор дар талб аст,
….Шиораш номусу нанг аст, озодист.
Ки баҳри миллати тоҷик ин кофист.
Шаҳодатномаи миллат, кафолат аз худогоҳист.
Худо доност дар хунаш ранҷурист, на золимист.
Забони нобу нармаш бо ҳама оину диндориш,
Барои кулли мардумаш Ватандорист, ҷаҳондорист.
Агар пурсанд тоҷи тоҷикиаш чист?
Куруш асту Сомонист, таърихаш давлатдорист….
…Нишону парчаму суруди миллист,
Рамзи кайҳонист, ин доди Худовандист,
Ки баҳри миллати тоҷик ин кофист.
Назриева О.Ш.
номзади илмҳои фалсафа