ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари худ ба Кувайт ва иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” бо мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт доктор Фотима ал-Солим мусоҳиба доир карданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо рӯзноманигори кувайтӣ Роҳбари давлати мо оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, ҳамкории ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба таври муфассал изҳори ақида намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки соли оянда аз истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар 30 сол пур мешавад ва изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо ин санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои ду кишварро бо дастовардҳои навин дар тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳояшон таҷлил хоҳанд кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба аз раванди ҷории тавсеаи шарикии ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд. Дар робита ба ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд гардидааст, ки Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” намунаи равшани чунин ҳамкории ду давлат мебошад.
Дар мусоҳиба, ҳамчунин, масъалаҳои рӯзмарраи обу иқлим мавриди назар қарор гирифтаанд. Пешвои миллат оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ва мавқеи пешоҳангии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ дар ин самт ба таври муфассал ибрози ақида намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ва иштирокашон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм, ҳамчунин, дигар чорабиниҳое, ки зимни сафар сурат гирифтанд, аз ҷумла намоиши имкониятҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, муаррифии нашри китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров бо забони арабӣ дар расонаҳои Кувайт ва дигар кишварҳои минтақа васеъ инъикос ёфтанд.