04.11.2024, Кувайт

Муҳтарам Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ, Валиаҳди Давлати Кувайт,

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехостам ба Давлати Кувайт ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар шарикони байналмилалӣ барои баргузории ин Конфронси муҳимми байналмилалӣ миннатдории худро изҳор намоям.

Аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро хайрамақдам мегӯям.

Мо ба ҳайси мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм ва маблағгузории он” аз иқдоми бори аввал берун аз Тоҷикистон баргузор гардидани конфронси навбатӣ дар доираи ин раванд истиқбол менамоем.

Марҳалаи кувайтии онро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ медонем.

Шарикии мо дар ин замина намунаи масъулияти муштаракест, ки дар шароити имрӯзаи геосиёсӣ барои муқовимат ба терроризм бисёр зарур ва бамаврид аст.

Конфронси имрӯза ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар хоҳад бахшид.

Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мусоидат менамояд.

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори «Раванди Душанбе» бори дигар уҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.

Терроризм, ифротгароӣ ва зуҳуроти тундгароӣ имрӯз ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвиш овардааст.

Паҳн кардани ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро гардидааст.

Онҳо зимни тақвияти фаъолияти худ бо истифода аз ин василаҳо мехоҳанд сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Ин созмону гурӯҳҳо имрӯз зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз имконоти технологияҳои иттилоотии пешрафта низ фаровон истифода мебаранд.

Зарур аст, ки масъулону коршиносон ин мавзӯъро мавриди таваҷҷуҳ ва андешидани тадбирҳои муассир қарор диҳанд.

Барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон зарурати роҳандозии иқдомҳои махсус ба миён омадааст.

Дар ин росто, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки аз дастгирии имкониятҳои иқтисодӣ бархурдоранд ва метавонанд ба коҳиш додани хатари ифротгароӣ кумак кунанд, аз абзорҳои муҳим дар ин раванд ба шумор мераванд.

Дар баробари ин, бозомўзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникӣ нақши басо муассир хоҳад дошт.

Ҳозирини гиромӣ,

Мушкилоти амниятии имрӯза аз мо на танҳо азму иродаи қавӣ, балки қобилияти ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳониро низ тақозо мекунад.

Танҳо тавассути ҳамкории васеъ ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ мо метавонем дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои он муваффақ бошем.

Вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳоямонро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият бахшем.

Дар ин росто, табодули иттилоот ва таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.

Тақвияти ҳамоҳангии амалиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, эҷоди механизмҳои боэътимоди вокуниши фаврӣ ба хавфу таҳдидҳои амниятӣ ба муборизаи муштарак бо онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Ба ин манзур Тоҷикистон ҷонибдори қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ мебошад. Зарур медонем, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчӣ зудтар ба итмом расад.

Дӯстони гиромӣ,

Гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати убури сарҳадот ва фарогир сохтани фаъолияти тахрибкоронаи худ мунтазам талош меварзанд.

Барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи он бениҳоят муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти механизмҳои амнияти сарҳадӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.

Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.

Имрӯз беш аз пеш возеҳ аст, ки ҳеҷ кишвар ба танҳоӣ дар самти мубориза ба ин таҳдиду хатарҳо муваффақ нахоҳад буд.

Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ қарор дорад.

Аз ин лиҳоз, мо зарурати ҳамгироии талошҳоро дар арсаи байналмилалӣ хуб дарк мекунем.

Кишвари мо иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки мо дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 таҳия намуда, татбиқ карда истодаем.

Дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати кишвари мо дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд ба пешравӣ ноил гардидааст.

Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,

“Раванди Душанбе” ҷиҳати мубориза бо терроризм, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар ин ҷода барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор як заминаи муҳимми ҳамкориҳои глобалиро фароҳам овардааст.

Тоҷикистон дар оянда ҳам талошҳои худро дар ин самт идома дода, барои таъмини амният ва суботи фарогир ҳамкориҳои зичро бо шариконаш тақвият хоҳад бахшид.

Мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.

Пешниҳоди ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамин ҳадафро пайгирӣ мекунад.

Мо ба дастгирии шарикони худ аз ин ташаббус умед мебандем.

Итминон дорем, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷамъонаи мо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар хотимаи сухани худ мехоҳам идомаи бобарори барномаи кории конфронси имрӯзаро орзу намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Чоп кунед