Конститутсия санади асосӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, раванди танзимнамоии давлатро ба тартиби муайян иҷро менамояд. Дар асоси қабули он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Конститутсияро санади муҳим ва бахтномаи миллат хонда, арзиш ва муқаддас буданашро эътироф менамоянд. Ҳамзамон, Конститутсия кафили оромию осудагӣ, суботи сиёсию иқтисодӣ ва кафолати зиндагии осоишта мебошад. Тавре дар моддаи 5–уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ин санади тақдирсоз муайян намудааст.

Чӣ тавре ки маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш, санаи 6–ноябри соли 2022 бахшида ба рӯзи Конститутсия қайд намуданд: Имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, маҳсуб ёфта, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ баҳисоб меравад.

Таърих гувоҳ аст, ки аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ муаррифӣ намуд.

Хотирнишон менамоем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тибқи муқаррароти боби 10–ум метавон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар ин замина се маротиба санаҳои 26–сетябри соли 1999, 22–июни соли 2003 ва 22–майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Тибқи моддаи 12–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфта шудааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”. Дар ин замина, қонунгузорӣ рушди иқтисоди миллӣ аз суботи сиёсӣ ва таъмини волоияти қонун барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳо гувоҳи он аст, ки иқтисодиёти мамлакат сол то сол рушд намуда, маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика ва соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ беш аз пеш рушд меёбанд. Тазаккур бояд дод, ки Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар зимни суханрониҳояшон маҳз таваҷҷуҳ ба соҳаҳои мазкур намуда, аз ҷумла, таъкид менамояд, ки: “Мо бояд ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи саноат, коркарди маҳсулот ва содироти онро рушд диҳем, дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳон барои ҳамватанонамон ҳарчи бештар ҷойи кор муҳайё намоем”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Бахтнома ва Қонуни Асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгари манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Бахусус, дар марҳалаҳои нахустини рушди давлатдории Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсия ин як рӯйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурге ба шумор меравад.

Ин аст, ки ҳамасола рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоён таҷлил менамоянд. Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Ҳамзамон, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эътироф ва ҳимояи моликияти ҳар як шахс, инчунин, истифодаи самараноки моликияти истисноии давлатро кафолат додааст. Хотирнишон бояд кард, ки дар моддаи 13-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст: “Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”. Аз мазмуни ин меъёр бармеояд, ки ҳар кас метавонад, дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи моликияти истисноии давлатӣ ба навъҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ машғул шавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои табиии хеле зиёд мавҷуданд, ки дар асоси Қонуни Конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд истифодаи самараноки онҳоро барои истеҳсол ва коркард намудан ба таври васеъ истифода бурда шаванд, ки дар умум, маҳаки асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Тазаккур бояд дод, ки яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боиси ифтихори миллии мо ин ҳам бошад, аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Русия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви ин ташкилот ҷой додааст. Ин ҳама гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар фазои сулҳу субот ва рушди гуногуни фаъолияти иқтисодӣ аз ҷумла, сармоягузорӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ таъмин мебошад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро таъмин намуда, дар Конститутсия инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта баёнгари амалан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистонро собит месозад.

Аз ин рӯ, вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёрию зиракии зиракии сиёсиро аз даст надода, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҳамаи ин маҳз бо заҳмату талошҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.

Хулоса, 30–юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саҳифаҳои таърих ҳамчун санаи муҳим инъикос гардида, густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад. Бахусус, тайи 33 соли соҳибистиқлолии давлат ва 30 соли қабули Конститутсия замина фароҳам овард, ки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ба таври назаррас рушд намояд. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз аз таъмини кафолати ҳуқуқӣ сарчашма гирифта, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори ин гуфтаҳост.

 Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед