Конститутсия санади олии меъёрии ҳуқуқии давлат буда, асосҳои сохти конститутсионӣ, сохтори ҳукумат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Дар робита ба унвони мақола, сайри таърихи байналмилалии Қонуни асосии кишварҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар замони муосир Конститутсияи ИМА яке аз қадимтарин конститутсияҳои мавҷуда дар ҷаҳон ҳисобида мешавад. Он дар соли 1787 қабул шуда, (аз ҷиҳати ҳаҷм хурд қариб 4500 калима буда), амалан ягон ислоҳотро дарбар нагирифтааст.
Конститутсияҳои «ҷавонтарин» дар кишварҳои олам ҳоло дар Африқо мебошанд, ки аз 39 Конститутсияи кишварҳои африқоӣ 19 адади он пас аз соли 2000 қабул гардидаанд. [4]
Тибқи таҳлилҳо метавон конститутсияҳоро ҳатто аз рӯйи шумораи бештари мавзуъҳояшон (350 мавзуъ) ва ё андозаи онҳо муқоиса кард. Масалан, дарозтарин Конститутсия дар Ҳиндустон (146 385 калима) ва кӯтоҳтарин дар Урдун (2 270 калима) қабул гардидаанд.
Масъалаи дигаре, ки дар шинохти қонуни асосии кишварҳо баҳогузорӣ мешавад, фарогирии онҳо мебошад. Масалан, аз 160 Конститутсияи кишварҳои дунё дар 73 адади онҳо вазифаи шаҳрвандон оид ба пардохти андоз, дар 98 ададаш дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои меҳнатӣ дар 41 адади онҳо (аз ҷумла дар конститутсияи Ҷопон) муқаррар шудааст.
Ҳамзамон қонунҳои асосии кишварҳо вобаста ба хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳояшон фарқ менамоянд. Агар дар кишварҳои олам маъмулан ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи бештар намоянд, пас дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ масъалаи муҳити зист мавқеи муҳим дорад. Масалан, Конститутсияи Эквадор ба табиат ҳуқуқи мавҷудият, инкишоф ва барқарор шуданро медиҳад. [6]
Ҳамин тариқ, дар Конститутсияи Бразилия банди пуррае мавҷуд аст, ки ҳуқуқи ҳиндуҳоро барои риояи расму оин, дин ва заминҳое, ки дар ибтидо ишғол карда буданд, нигоҳ медорад. Ҳамзамон дар Қонуни асосии кишвар муқаррар шудааст, ки пиронсолони ҳиндуҳо метавонанд дар нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон сафар намоянд. [1]
Дар робита бо ин, мардумони кишварҳои африқоӣ, аз ҷумла Либиё низ ба анъанаҳои худ садоқатмандии камтар нишон намедиҳанд. Дар он ҷо расман Қуръон ҳамчун Конститутсия амал мекунад. Навиштаҳои Муқаддас танзимгари асосии рафтори шаҳрвандони давлатҳои бештари Африқои Шимолӣ мебошанд. Гузашта аз ин, чунин арҷгузорӣ ба Қуръон ва боло бурдани он ба сатҳи қонуни мутлақ дар сатҳи давлатӣ барои кишварҳои ҷаҳони ислом чизи нав нест. Чунин низоми ҳуқуқӣ солҳо боз дар Ироқ, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Судон вуҷуд дорад. [5. С.20]
Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар тули асрҳои XX ва XXI, аниқтараш аз 5 феврали соли 1917 то 30 июли соли 2023 дар ҳудудҳои мустаъқили дунё тақрибан 179 қонунҳои асосӣ қабул шуда, аз рӯи хронологияи қабули қонунҳои асосӣ, Тоҷикистон 125-умин кишвар ба ҳисоб меравад, ки 6 ноябри соли 1994 Қонуни асосии худро қабул намудааст.
Миёни қонунҳои асосии кишварҳои зикршуда 64 ададаш тавассути раъйпурсӣ қабул шудааст, ки аввалини он кишвари Дания дар санаи 28 майи соли 1953 ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон аз рӯи ин нишондод 38-ум кишвари олам мебошад. Дар ин замина, вобаста ба зарурат ва тағйирот дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари танзими муносибатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар муқаррароти асосӣ дар самти танзими фаъолияти озодонаи шаҳрвандон, ниҳодҳои давлатӣ дар дохили кишвар, ҳамзамон дорои аҳамияти байналмилалӣ ё хориҷӣ мебошад.
Дар робита бо ин муҳимтарин унсури асосии Конститутсияи Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти байналмилалии ин санади муҳим дар он зоҳир мегардад, ки дар дебочаи он оварда мешавад, ки “мо, халқи тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,….баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф менамоем…..”. [2]
Дар робита ба ин масъала гуфтан зарур аст, ки муҳимтарин аҳамияти байналмилалии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, таъмини эътирофи байналмилалии кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, аввалин унсурҳое, ки аҳамияти байналмилалии Конститутсияи Тоҷикистонро инъикос менамояд, мавҷудияти худи Конститутсия ҳамчун нишонаи асосии давлат мебошад.
Дар робита ба масъалаҳои мазкур, зарур аст ҷиҳати дарки бештари инъикоси мақоми байналмилалии Қонуни асосии кишвар, ба нишонаҳои асосии давлат назар афканем, ки унсурҳои зерин моҳиятан инъикоси худро дар Конститутсия ёфтаанд:
- ҳудуд, ки асосҳои фазоии давлат, заминаи физикӣ ва модии онро ифода менамояд;
- аҳолӣ, ҷомеаи инсонӣ, ки дораи шинохт ва умумиятҳои таърихию фарҳангӣ мебошанд;
- ҳокимияти ҷамъиятӣ, мавҷудияти дастгоҳи идории давлатӣ, ки имконияти таъсир расонидан ба равандҳои ҷомеаро бо доштани низоми идорӣ ва сохторӣ дорад;
- мавҷудияти низоми ҳуқуқӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ;
- соҳибихтиёрии давлатӣ;
- мавҷудияти рамзҳои давлатӣ ва ғ.
Агар ба таҳлили инъикоси ҷанбаҳои болозикр ва ё сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Конститутсия пардозем, дар ин ҳуҷҷати муҳим, ки заминаи ташаккули низоми қонунгузорӣ дар мамлакат буда, тамоми санаду меъёрҳои дигар дар асоси он таҳия мегарданд, тақрибан дар 16 моддаи он инъикос ёфта мутаносибан дар самти асосҳои сохтори конститутсионӣ – 9 модда, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд – 3 модда ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ – 4 моддаро ташкил менамояд.
Бо дарназардошти масъалаҳои болозикр, бештари ҷанбаҳое, ки инъикосгари унсурҳои марбут ба фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон мебошад, дар бахши асосҳои сохтори конститутсионӣ ба назар мерасанд.
Масалан, дар моддаи 1-уми Конститутсия таъкид мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр мебошад ва ин нукта эътирофи мустақилияти Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустаъқилона пеш мебарад.
Ҳамзамон, дар моддаи 2,3 ва 4-уми Конститутсия рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, маркази маъмурии кишвар, Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, инчунин, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Инчунин, дар моддаи 6-уми Қонуни асосии кишвар вобаста ба шаҳрвандӣ сухан меравад, ки тибқи он “халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд”. Ҳамзамон, дар ин модда таъкид мегардад, ки “аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд”, ки он ба фаъолияти байналмилалии кишвар алоқаманд аст.
Инчунин, дар моддаи 7-уми Конститутсияи кишварамон “ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир” эълон гардидааст. Дар моддаи 8-уми Қонуни асосии кишвар бошад таъкид мегардад, ки “дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.
Дар моддаи 10-уми Конститутсияи Тоҷикистон таъкид мегардад, ки “санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.”
Муҳимтарин нуктаи дар Қонуни асосии кишвароид ба сиёсати хориҷии кишвар муқаррароти моддаи 11-уми мебошад, ки дар асоси он “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Зиёда аз ин таъкид мегардад, ки “Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд”. [2]
Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд. Вобаста ба ин бахш дар моддаи 14-уми Қонуни асосии кишвар гуфта мешавад, ки “ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд”.
Ҳамзамон дар моддаи 15-уми Конститутсия оид ба шаҳрвандии кишвар гуфта мешавад, ки “шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.
Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст”.
Дар ин замина дар моддаи 16-уми Қонуни асосии кишвар таъкид мешавад, ки “шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.
Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ. Инчунин, дар Конститутсияи Тоҷикистон дар заминаи салоҳиятҳои мақомоти дахлдори давлатӣ низ унсурҳои сиёсати хориҷӣ инъикоси худро ёфтаанд. Масалан, дар моддаи 55-уми он дар робита ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя таъкид мешавад, ки “Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон” пешниҳод менамоянд. Зимнан таъкид мегардад, ки “дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд”. [2]
Дар моддаи 57-уми Конститутсия – Салоҳияти Маҷлиси намояндагон оварда шудааст, ки дар асоси он: “Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ; дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд”.
Зиёда аз ин дар моддаи 64-уми Қонуни асосии кишвар, “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад”.
Ҳамчунин, дар моддаи 69-уми Конститутсия салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки тибқи он Президент: “самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад; ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад; эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд ва барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад.
Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари танзими муностибатҳои дохилӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду фарҳанг, фарогири ҷанбаҳои сиёсати байналмилалии кишвар мебошад, ки дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ дар сиёсати хориҷӣ, аз қабили қонунҳо, консепсия, стретегия ва барномаҳои давлатӣ, ки фаъолияти байналмилалии Тоҷикистонро танзим менамоянд дар асоси Конститутсия таҳия мегарданд.
Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳо:
- Бразилия. Конституция (5 октября 1988 г.). [электронный ресурс] https://www.krugosvet.ru/enc/gosudarstvo-i-politika/braziliya-konstitutsiya. (дата обращения: 16.10.2024).
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. [манбаи электронӣ]. https://mmk.tj/content. (санаи муроҷиат: 14.10.2024).
- Необычные факты о конституциях стран мира. [электронный ресурс] https://www.shliah.by/news/obshhestvo/news23113.html. (дата обращения: 22.10.2024).
- Сравнение 160 мировых конституций. [электронный ресурс] https://habr.com/ru/articles/194896/. (дата обращения: 22.10.2024).
- Фаизов Г.Б. Ислам и государство: единство, противоборство, конвергенция: монография [Текст].– Уфа: Изд-во БГПУ, 2010.– С-20.
- Ecuador’s Constitution of 2008 with Amendments through 2021. [electronic resource] file:///D:/%D0%A0%D0%B0%D0%B1%20%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BB%2022.01.2024/ec148en.pdf. (date accessed: 11.10.2024).
ШАРИФЗОДА САИДҲОМИД САФАР ,
номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон