Сол то сол БРИКС ба яке аз иттиҳодияҳои қавии байналмилалӣ ва субъекти таъсиргузори иқтисоди ҷаҳонӣ табдил меёбад. Метавон зикр намуд, ки БРИКС (англ. BRICS – кӯтоҳ Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) як иттиҳодияи иборат аз нуҳ давлат аст, ки моҳи июни соли 2006 дар доираи Форуми иқтисодии Санкт-Петербург бо иштироки вазирони иқтисоди Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин таъсис ёфт. Яъне аъзои аслии созмон Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия буда, Африқои Ҷанубӣ дар соли 2011 ба ин блок пайваст. Дар оғози соли 2024 кишварҳои нав ба БРИКС ворид шуданд, ки баъд аз он вақт ин иттиҳод БРИКС+ номида шуд. Дар айни замон 9 давлат узви БРИКС: Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Миср ва Эфиопия, мебошанд.
Санаи 22-24- уми октябри соли 2024 нишасти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви БРИКС+ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия дар ҳайати васеъ баргузор гардид. Ҳамоиши Қазон як чорабинии марказӣ дар чаҳорчӯби раёсати Русия дар БРИКС мебошад, ки аз санаи 1 январи соли 2024 оғоз шуд.
Бояд зикр намуд, ки нахустин бор нишасти БРИКС дар доираи васеъ бо ширкати кишварҳои нав баргузор шуд. Дар ҷаласа формати “аутрич”/”БРИКС +”, ҳамчунин раҳбарони кишварҳои ИДМ, ҳайатҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Осиё, Африқо, Ховари Миёна ва Амрикои Лотинӣ, инчунин роҳбарони як қатор давлатҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат намуданд.
Дар умум, намояндагон аз 35 давлат ва шаш созмони байналмилалӣ иштирок доштанд. Чунин намояндагии васеъ аз нуфуз ва нақши БРИКС таваҷҷуњи афзояндаи ҳамкорӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.
Рӯзи 24 октябри соли 2024 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби нишасти XVI БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокчии саммитро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи ҷаҳонӣ ҷалб намуданд. Мавсуф таъкид доштанд, ки “имрӯз барои таъмини сулҳу амният, субот ва рушди устувор аз ҳарвақта бештар муттаҳидсозии талошҳо зарур аст”.
Барномаи нишасти XVI БРИКС таҳти раёсати Русия беш аз 200 чорабиниҳои хурду бузургро дар бар гирифт, ки доир ба пешбурди шарикӣ дар тамоми соҳаҳои муҳим: сиёсат ва амният, иқтисоду молия, робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ нигаронида шуда буданд. Аз ҷумла, таъсиси форумҳои байнипарлумонии кишварҳои узви БРИКС, нишастҳои вазирони молия, энергетика, маориф, варзиш, раҳбарони ниҳодҳои додситонӣ ва ғайра.
Дар саммити БРИКС дар Русия категорияи нави давлатҳои марбут ба БРИКС пешниҳод шуд – 13 давлат (Алҷазоир, Беларус, Боливия, Ветнам, Индонезия, Қазоқистон, Куба, Малайзия, Нигерия, Таиланд, Туркия, Уганда, Ӯзбекистон) мақоми “шарики БРИКС”-ро ба даст оварданд.
Бояд зикр намуд, ки кишарҳои узви БРИКС ҷойгоҳи хосаеро дар низоми иқтисодии ҷаҳон ишғол мекунанд. Масалан: Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рўйи ММД иқтисоди ҷойи 1-ум, Русия 4-ум, Ҳиндустон ҷойи 5-ум, Бразилия ҷойи 11-ум, Аморати Муттаҳидаи Араб ҷойи 29-ум, Миср ҷойи 32-юм, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷойи 38-ум, Эрон ҷойи 41-ум ва Эфиопия ҷойи 61-ум дар ҷаҳон мебошанд. Тавре дида мешавад аъзои ин созмон кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ қудратманд дар ҷаҳон мансуб мешаванд.
Шумораи умумии аҳолии кишварҳои узви БРИКС тақрибан 3,5 миллиард нафар ё 45 дарсади аҳолии сайёраро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи кишварҳо дар ММД 37,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар давоми ду даҳсолаи охир кишварҳои БРИКС дигаргуниҳои назарраси сиёсию ва иқтисодиро паси сар карданд, ки ба рушди минтақавӣ таъсир расониданд. Ин кишварҳо ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ шуруъ карданд, ки диди онҳоро дар самти рушди устувор ва оқилона инъикос мекунанд. Масалан, ҳадафи “Ташаббуси як камарбанд ва як роҳ”-и Чин эҷоди шабакаҳои бузурги инфрасохторӣ мебошад, ки Осиё, Аврупо ва Африқоро бо ҳам мепайвандад. Ҳамзамон, Ҳиндустон рушди сад шаҳри интеллектуалиро ба нақша гирифтааст, ки тавассути қатораҳои баландсуръат онҳоро ба ҳам мепайвандад. Русия низ ҳадаф дорад, ки Шарқи Дурро ба як пули нави иқтисодӣ байни Аврупо ва Осиё тавассути минтақаҳои махсуси иқтисодӣ табдил диҳад. Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва вусъат додани рушди соҳаи саноат диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Захираҳои бузурги тиллою асъори кишварҳои узв имконият медиҳанд, ки онҳо барои ҷорӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ба беҳтар шудани шабакаҳои нақлиёт, энергетика ва технологияи рақамӣ инчунин беҳтар намудани шартҳо ва шароити савдо, муомилоти мол ва истеҳсоли якҷояи онҳо бештар талош намоянд
Тибқи таҳлилҳо иқтидори иқтисодии Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин то соли 2050 метавонанд ба чаҳор низоми иқтисодии пешқадами ҷаҳон, аз ҷумла ба бозорҳои калонтарин ва босуръат рушдёбанда табдил ёбанд. Ин кишварҳо беш аз 25дарсади масоҳати замин ва, 40 дарсади аҳолии ҷаҳонро ишғол намуда, маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) 25,7 трлн. долларро ташкил медиҳанд. Қариб дар ҳар як ченаки муқоиса онҳо бузургтарин субъекти ҷаҳонӣ хоҳанд буд.
Дар давраҳои мухталиф ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон барои пайвастан ба БРИКС изҳори таваҷҷуҳ карда, ҳудуди 20-тои онҳо расман барои шомил шудан дархост кардаанд. Ҳолатҳое буданд, ки раҳбарони давлат хоҳиши шомил шудан ба ин созмонро изҳор доштанд, вале баъдан бо ин ё он сабаб нуқтаи назари худро дигар намуданд. То моҳи октябри соли 2024 аз Арабистони Саудӣ ва Аргентина ҳамчун “кишварҳои даъватшуда” ном бурда мешуданд. Ҳамин тавр Арабистони Саудӣ узвияти худро ба БРИКС тасдиқ накард ва Аргентина бошад, пас аз даъвати расмӣ дар соли 2023 ҳамроҳ шуданро ба ин иттиҳод рад намуд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар ҳошияи саммити мазкур масъалаи таъсиси пули нави байналмилалии захиравӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зеро кишварҳои узви БРИКС+ метавонанд тавассути таъсиси пули нави байналмилалии захиравӣ, ки солҳои тулонӣ мавриди баҳс қарор дорад, ҷаҳонро аз харобшавӣ наҷот диҳанд. Ин ягона роҳи амалӣ кардани гузариш ба сохтани нақшаи нави иқтисодӣ дар чаҳорчӯби БРИКС+ мебошад. Ин раванд тамоми нақшаи молиявии ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир хоҳад дод. Тавсеаи БРИКС боиси даст кашидани пурра аз доллар дар пардохтҳои байни кишварҳо нахоҳад шуд, аммо вобастагӣ аз ин асъор коҳиш хоҳад ёфт.
Бо вуҷуди ин, якчанд омилҳое вуҷуд доранд, ки дедолларизатсияи босуръатро ғайриимкон мегардонад. Аввалан, доллар бесабаб ба асъори ҷаҳонӣ табдил наёфт, балки ба далели мавҷудияти як қатор созишномаҳои байналмилалӣ чунин мақомро ба даст овард. Имрӯз чунин роҳи тайнамудаи долларро такрор кардан барои кишварҳои аъзои БРИКС то андозае душвор аст. Сониян, барои пайдо шудани чунин асъор, ҳадди ақал як асъори эҳтимолии қавӣ лозим аст.
Таъсиси асъори ягонаи БРИКС инфрасохтори ҳисоббаробаркунӣ ва пардохтро, ки аз асъори миллӣ, дороиҳои молиявии рақамӣ ва асъори рақамии кишварҳои иттиҳодия истифода мекунад, мувофиқи мақсад шуморида мешавад. Ба шарофати ҷорӣ намудани ин гуна система муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳо вусъат ёфта, маблағҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии БРИКС барои табдили асли низоми нави ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Бо вуҷуди ин, ҳисоббаробаркунӣ бо пули миллӣ нисбат ба таъсиси пули нав осонтар буда, айни замон ҳеҷ яке аз кишварҳои узви БРИКС намехоҳад, аз пули милии худ даст кашад. Аммо дар пардохтҳо бо пули миллӣ низ мушкилот вуҷуд дорад. Аз ҷумла, барои Русия ва Бразилия гузаштан ба пардохти пурра бо асъори миллӣ душвор аст, зеро Русия ба Бразилия назар ба харидаш зиёдтар мефурӯшад. Ҳамин тариқ, содиркунандагон бештар ба реали Бразилия таваҷҷуҳ доранд.
Иттиҳоди мазкур ба кишварҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳои тиҷоратӣ, диверсификатсияи амалиёти содироту воридотро васеъ намоянд ва вобастагии онҳо аз ҷаҳони Ғарб кам гардад. Таҳияи модели муттаҳидшуда ва созанда барои идоракунии ҷаҳонӣ ва тиҷорати эҳтимолӣ бо истифода аз як пули умумӣ нуфузи ҷаҳонии ин иттиҳодро дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳад дод,
Ҳамин тавр дар асоси гуфтаҳои боло БРИКС шакли санҷидашудаи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои гуногун таҷассум мекунад. Бояд таъкид намуд, ки ҳамкориҳо байни кишварҳое сурат мегирад, ки таърихи анъанавии ҳамкориҳои мутақобила доранд. Муноқишаҳои таърихӣ ва ҷорӣ байни баъзе кишварҳои узви он аксар вақт барои танқиди созмон истифода мешаванд. Аз сӯйи дигар, нигоҳҳои мусбӣ низ ҷой доранд, ки тибқи он мавҷудияти худи ин иттиҳод дар дурнамо боиси коҳиши низоъ дар равобити дуҷониба ва бисёрҷониба хоҳад шуд. Худи далели тавсеаи БРИКС ва хоҳиши даҳҳо аъзои нав барои пайвастан ба ин созмон аз дурнамои рушди босуръати ин иттиҳод гувоҳӣ медиҳад.
Аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадани ихтилофхои нав ва тезу тунд шудани ҷанҷолҳои кӯҳна дар ҳудуде, ки бештар аз чоряки кураи заминро ишғол мекунад ва қариб нисфи аҳолии сайёраро дарбар мегирад, комилан як падидаи табиист.
САИД Саидов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон