Рӯзи 29  октябри  соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандони муассиса, мутахассисони марказу пажуҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти  афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати  мамлакат қарор дорад. Бо такя ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 28 декабри соли 2023), Ҳукумати  мамлакат маблағгузории соҳаи тандурустиро мунтазам зиёд намуда, бо дарназардошти ин, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти  муосир ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Масалан, дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд ва дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд мебошад, ки 8,8 дарсади буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар назди ҳозирин  номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Қурбон Гиёев дар мавзуи “Бунёди  низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар давраи Истиқлол” ва сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода таҳти унвони  “Солимии ҷомеа–сарвати давлат ва рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ” суханронӣ намуданд.

Баъдан пиромуни маърузаҳои ироашуда сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор  Абдураҳмон Қурбонов  ибрози назар намуд.

Мизи гирдро  муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ҷамъбасту натиҷагирӣ намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 
Хадамоти  матбуотии  МТС-и  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед