Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ Истиқлоли давлатӣ ва дигар дастовардҳои миллиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровард ва ин санади мудавван дар самти сохтани як давлати амну амон, демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ташкили мақомоти олӣ ва маҳаллии давлатӣ, пеш гирифтани роҳи эъмори ҷомеаи адолатпарвар, равобити хуби байналмилалӣ ва муаррифии Ватани маҳбубамон дар арсаҳои гуногун хидмат намуд.
Метавон зикр намуд, ки рисолаи илмии муаллиф Л.Ш. Шарифзода дар мавзуи «Конститутсия, ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳаввулоти он дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон: марҳилаҳои асосӣ ва натиҷагириҳо» яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами ташаккули давлатдории Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бояд гуфт, ки нашри чунин дастоварди муҳимми илмӣ дар шароити муосири давлатдорӣ бисёр арзишманд ва саривақтӣ буда, дар он тамоми масъалаҳои муҳимми вобаста ба таҳаввули ислоҳоти конститутсионӣ, раванди конститутсионӣ дар ташаккули ҷомеа дар сатҳи баланди илмӣ таҳлил ва арзёбӣ гардидааст.
Дар раванди тадқиқи масъалаи мазкур муаллиф дуруст қайд менамояд, ки баъди аз ба даст овардани ҳокимияти конститутсионӣ дар раванди сиёсии ҷомеа бисёр дигаргуниҳое ба вақуъ пайваст, ки дар ташаккули низоми сиёсии ҷомеа ва ба танзим даровардани муносибатҳои демократӣ, дигаргуниҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ мусоидат намуданд. Баъди ба амал омадани чунин дигаргуниҳо дар раванди сиёсии ҷомеа имкон ба миён омад, ки барои ба эътидол омадани амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ дар кишвар Конститутсия қабул карда шавад. Қабул шудании чунин санади меъёрии-ҳуқуқӣ шароитро фароҳам овард, ки ба низоми қонуну қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчун воситаи самараноки ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, асоси воқеӣ гузошт.
Муаллиф дар раванди таҳияи рисолаи илмии худ қайд менамояд, ки қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвар ба ҷаҳониён мебошад. Маҳз аз ҳамин хотир қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди даврони Истиқлоли давлатӣ шумурда мешавад.
Тавре муаллиф қайд менамояд, дар натиҷаи ин ислоҳоти конститутсионӣ дар раванди сиёсию-ҳуқуқии ҷомеа, дигаргуниҳои муҳим ба миён омаданд, ки нақши боризро дар рушди ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми сиёсӣ, плюрализми сиёсӣ, парламентаризм нақши муҳим гузошта шуд. Дар натиҷа, дар сатҳи Конститутсия муайян ва муқаррар гардидани асосҳои сохтори конститутсионӣ, ба фаъолияти сиёсӣ оғоз намудани ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, вусъат ёфтани модернизатсия сиёсӣ дар раванди ҷомеа аз масъалаҳои муҳимтарин дар ташаккули давлати демократӣ эътироф гардид.
Ба андешаи муаллиф, дар натиҷаи доир гардидан ислоҳоти конститутсионӣ дар раванди сиёсии ҷомеа, чунин тағйироти муҳимми сиёсиву-ҳуқуқӣ ба миён омаданд:
– дар натиҷаи ин ислоҳоти муҳимми баамаломода доираи салоҳиятҳои субеъктҳои дахлдори раванди сиёсии ҷомеа васеъ гардида, ҳар кадом дар доираи слоҳиятҳои муайянкардаи худ ба сифати муҳимтарин унсурҳои ҷомаи демократӣ эътироф гардиданд;
– ба фаъолияти оғоз кардани субъектҳои асосии раванди сиёсии ҷомеа, ба монанди ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираи ваколату солоҳиятҳояшон васеъ гардид, ки дар шаклгирӣ ва устувории низоми сиёсии ҷомеа, рушди демократия, дигаргуниҳои зиёде ба миён омаданд;
– дар самти демократикунонии ҷомеа ваколату салоҳиятҳои субъектҳои дахлдор дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нуфузу эътиборашон дар самти рушди демократия васеъ гардид;
– дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ дигаргуниҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба миён омаданд, ки дар самти рушди фарҳанги сиёсию-ҳуқуқии ҷомеа асоси боэътимод гузошт.
Дар рисолаи мазкур, муаллиф таваҷҷуҳи асосиро ба ислоҳоти конститутсионӣ ҳамчун омили муҳимми дигаргунсозандаи ҷомеа равона карда, воситаи муҳимми ба амал омадани тағйироти сиёсию-ҳуқуқӣ дар раванди ҷомеа гардид. Бояд зикр намуд, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистони муосир заминаи асосиро дар рушди ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, конститутсионализм, парламентаризм, плюрализм, ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд нақши муҳим гузошт. Конститутсия, ки бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявиро эълон доштааст, аҳаммияти ниҳоят бузург дорад, зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст.
Бояд тазаккур дод, ки тағйиру иловаҳои воридгардида меъёрҳои Констиутсияро такмил дода, тибқи он ҷомеа ба марҳалаи навбатии инкишофи худ ворид гардида, инчунин, тағйиру иловаҳои воридгардида барои таҳкиму ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мукаммалу самаранок гардидани низоми мақомоти давлатӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шуданд. Ин навоварии констиутсионӣ аз муваффақиятҳое ба ҳисоб меравад, ки заминаи муҳимми инкишофи пешравии ҷомеаро дигаргун намуд, хусусан демократикунонии ҷомеа, рушду нуму ёфта, дар ташаккул ва шаклгирии ниҳодҳои сиёсии ҷомеа тағйироти назаррас ба миён омаданд. Дар ин маврид Конститутсияи ҳар як давлат ба сифати қонуни асоси ва олии кишвар зербино ва пойгоҳи тамоми падидаҳои сиёсию ҳуқуқии онро ташкил медиҳад.
Боварӣ дорем, ки монографияи Л.Ш. Шарифзода барои тақвият ва рушди меъёрҳои конститутсионӣ, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, раванди демократикунонии ҷомеа, ки асоси давлатдории моро ташкил медиҳанд, аҳаммияти муҳим дорад. Дар рафти иншои рисола маводҳо ва захираҳоро ба таври фаровон, бо як тавсифи мантиқии хосса ҷой дода, онҳоро ба таври муфассал таҳлил намуда, хулосаҳои заруриро пешниҳод намудааст. Онҳо аҳаммияти калони илмию назариявӣ ва сиёсию амалиро касб намудаанд.
Муаллиф Шарифзода Л.Ш. солҳое зиёдест, ки ба пажуҳиши масъалаҳои инкишофи Конститутсия машғул аст. Зеро масъалаҳои таъсисёбии давлати соҳибихтиёру мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияти гуфтаҳои болоро тасдиқ намуд ва қабули Конститутсияи давлат саҳифаи комилан нави таърихи сиёсии онро боз кард. Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар тули зиёда аз 30 сол амал мекунад ва бо дарназардошти хусусияти инкишофи сиёсии солҳои охири кишвар аз тариқи ворид намудани як силсила тағйирот такмил ёфт, эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро ба сифати мақсади ниҳоии мо эълон кардааст.
Дар маҷмуъ, рисолаи илмии Л.Ш. Шарифзода: «Конститутсия, ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳаввулоти он дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон: марҳилаҳои асосӣ ва натиҷагириҳо» бо муҳтавои амиқу таҳлилҳои ҷолибу мушкифона китоби роҳнамову пурқиматест, ки масъалаҳои Конститутсия, ислоҳоти конститутсионӣ дар раванди давлатдории муосири Тоҷикистонро дар сатҳи баланди илмӣ ҳаллу фасл кардааст. Амалӣ гардидани андешаҳои судманди дар ин рисолаи бунёдӣ матраҳгардида дар оянда, албатта, ба рушду нумуи масъала ва ғанӣ гардидану пешрафти маънавии ҷомеа омилан мусоидат хоҳан кард.
РАҲМОН Дилшод Сафарбек,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният