Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки: “…мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъмини рақобатнокии маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, дарёфти бозорҳои нави фурӯш, ташкили истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон тадбирҳои муассир андешида, дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ки ба рушди иқтисод заминаи воқеӣ гузошта метавонад, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад.

Тибқи нишондоди Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аҳолии кишвар бемайлон афзоиш ёфта, то соли 2030 ба 11,5 млн. нафар хоҳад расид.  Азбаски аҳолии кишвар бо суръати баланд афзоиш меёбад, суръати афзоиши истеҳсолот низ бояд баланд бошад. Ин барои пешгирӣ намудани коҳишёбии сатҳи бадастомадаи некӯаҳволии мардум, коҳишёбии қобилияти низомҳои мавҷудаи дастгирии ҳаёт ва самаранокии онҳо зарур мебошад. Чунин масъала дар асоси усулҳои анъанавии ғайрисамарабахши хоҷагидорӣ наметавонад ҳалли худро ёбад. Зарурати суръатбахшии урбанизатсия, сохтмони манзил дар миқёси калон, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротӣ, сармоягузориҳо ба инфрасохтори коммуналӣ, иҷтимоӣ ва роҳ ба миён омада истодааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо бештар аз 100 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратию иқтисодӣ дошта, ба 53 давлати дунё маҳсулоти саноатию кишоварзии худро содирот менамояд. Дар заминаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ  ва муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ ҳамасола талабот ба истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон  берун аз кишвар бештар гардида, дар ин замина, дар доираи барномаи давлатии “Рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ андешида, нишондоди истеҳсолу содиротиро дар заминаи роҳандозии иқдомҳои нав давра ба давра амалӣ менамояд.

Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҳамасола нишондоди истеҳсолӣ ва содироти  маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар афзоиш меёбад. Бинобар ин, густариши муносибатҳои хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти муаррифии маҳсулоти ватанӣ бо шарикони тиҷоратӣ аз қабили масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ҷадвали 1

Ҳиссаи шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содироти молу маҳсулот дар давоми соли 2023

(млн. доллари ИМА)

Манбаъ: Аз ҷониби муаллиф дар асоси маълумоти омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ–июли 2024, саҳ. 103 омода гардидааст.

Асосан кишварҳои зерин шарикони асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Швейтсария бо 1,1 млрд. доллари ИМА, ё 47 дарсад, Чин 313 млн. доллар ё 12,8 дарсад, Қазоқистон 256 млн. доллар ё 10,4 дарсад, Туркия 165 млн. доллар ё 6,7 дарсад, Ӯзбекистон 151 млн. доллар ё 6,1 дарсад, Федератсияи Русия 134,7 млн. доллари ИМА ё 5,5 дарсад ва ғайраҳо.

Бояд тазаккур дод, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ асосан, сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла неруи барқ, пахта, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти саноати кимиё, сабзавотҳои тару тоза ва ғайраҳоро ташкил медиҳанд.

Бо андешидани чораҳои зарурӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ шумораи корхонаҳои истеҳсолие, ки бо технологияҳои муосир фаъолият мекунанд, зиёд гардида, дар ин замина талаботи дохилии кишвар таъмин ва содироти маҳсулот сол то сол васеъ гардида истодааст. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1992 ММД 381 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 131 млн. доллар баробар буд. Дар асоси  таҳлилҳо тайи 33 соли соҳибистиқлолии кишвар ММД бо суръати баланд боло рафта, гардиши тиҷоратӣ, содироти молу маҳсулот низ зиёд гардид. Масалан, агар соли 1991-ро бо соли 2023 муқоиса намоем, ММД 31 маротиба афзоиш ёфтааст, дар ин давра гардиши тиҷорати хориҷӣ 63,5 маротиба ва содирот 36 маротиба афзудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 100 мамлакат, аз ҷумла ба 10 кишвари ИДМ ва 94 давлати хориҷи дур муносибати тиҷоратиро ба роҳ мондааст.

 Диаграммаи 1

Ҳиссаи шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти молу маҳсулот дар соли 2023

(бо фоиз)

Манбаъ: Аз ҷониби муаллиф дар асоси маълумоти омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ–июли 2024, саҳ. 103 омода гардидааст.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диграммаи 1 мушоҳида карда мешавад, ки дар содироти молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи бештар ба Швейтсария (47 дарсад), Ҷумҳурии Мардумии Чин (13 дарсад) ва Ҷумҳурии Қазоқистон (10 дарсад) рост меояд.

Бояд қайд намуд, ки таъмини низоми мақсадноки нақлиётӣ ва логистикӣ, ҳамгироӣ ва манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд. Рушди чунин хизматрасониҳои босуръати муттаҳидшудаи логистикӣ бо истифода аз хатсайрҳои аҳаммияти байналмилалидошта барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои ҷаҳон таъсиригузор хоҳад буд.

Тайи солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи долонҳои сабз бо муҳлатҳои кутоҳтарин аз як то се рӯз ва бо хароҷоти нисбатан камтари барасмиятдарорӣ ва сертификатсиякунонӣ ба миқдори 80 дарсад амалӣ шуда истодааст. Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари зарфиятҳои саноатӣ ва афзоиши коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои махсус қабул гардиданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва ҷалби сармояи хориҷӣ, дар оянда содироти меваҳои тару тоза, аз ҷумла лиму, гелос, ва ангур ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо истифода аз имкониятҳои тиҷорати электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар робита ба ин, Федератсияи Русия роҳҳои нави тиҷоратро ба кишварҳои Осиё, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ фаъолона таҳия карда, шабакаи марказҳои нақлиётию логистикиро ташкил намудааст, ки ин метавонад эътимоднокии интиқоли молу маҳсулотро дар модели нави иқтисодӣ, яъне лоиҳаи “Агроэкспресс” кафолат диҳад. Лоиҳа ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судамнди кишварҳои узв дар таъмини содироту воридоти маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза тавассути роҳандозии қатораҳои контейнерӣ, ки дорои яхдонҳои муосир мебошанд ва дар масофаҳои мувофиқашуда ҷойгиранд, муҳим арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи «Агроэкспресс» соли 2019 аз ҷониби ҶСК «Роҳи оҳани Русия» ва Маркази содиротии Русия (РЭС) барои содироти содакардашудаи маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ карда шуда, бо интиқоли аввалин қатораи кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар масирҳои мултимодалӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ оғоз гардид ва моҳи феврали соли 2022 лоиҳаи мазкур аз ҷониби Шурои байниҳукуматии Авруосиё дастгирӣ ёфт. Ин лоиҳа аллакай кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро фаро гирифта, айни ҳол дар заминаи лоиҳаи мазкур ширкатҳои логистикӣ ва терминалҳои агросаноатии Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Вазифаи асосии лоиҳа барои зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои узв ба кишварҳои сеюм, интиқоли мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин, таъмини амнияти озуқавории кишварҳоро пешбинӣ намудааст. Лоиҳа бунёди тамоми инфрасохтори зарурӣ, дар масирҳои интиқоли маводи ғизоӣ – марказҳои муттаҳидсозӣ ва марказҳои кишоварзӣ ҳамоҳанг сохта,  айни ҳол хатсайрҳои Агроэкспресси Авруосиё дар шакли муқаррарӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ амал мекунанд.

Фаъолияти Комиссияи Иқтисодии Авруосиё ҷиҳати мусоидат ба татбиқи лоиҳа, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои тиҷоратии кишварҳои узв шомиланд нақши муҳим дорад. То соли 2030 лоиҳа ба нақша гирифтааст, ки ҳаҷми интиқоли босуръати маҳсулоти кишоварзиро то як млн. тонна ва нигоҳдории пурраи сифати онҳоро бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар Русия ва кишварҳои узв таъмин намояд. Ҳоло ҳамаи кишварҳои узви лоиҳа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Русия тариқи роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи мазкур гардиши молу маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро асосан маҳсулоти саноатӣ, меваю сабзавот ва маҳсулоти полезӣ ташкил медиҳад. Меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд. Баробари андешидани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2024 то имрӯз аз кишвар ба Федератсияи Русия бештар аз се ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю сабзавот, пиёзи барвақтӣ, олу, зардолу, карам, шафтолу, лаблабу, нок, ангур ва ғайра содирот шудааст.

Ҳадафи мазкур, ба он нигаронида шудааст, ки дар шароити номутавозини иқтисодӣ, ки дар сайёра беш аз як млрд. нафар одамон аз норасоии маҳсулоти ғизоӣ ранҷ мекашанд, барои бартараф намудани ин мушкилӣ мусоидат мекунад. Бо дарназардошти он, ки аҳолии ҷаҳон то соли 2030 ба 9 млрд. нафар мерасад, таъмини амнияти озуқаворӣ зери хатар мемонад ва зарурат пеш меояд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 70 дарсад афзоиш ёбад.  Бинбар ин, аҳолии сайёра то соли 2030 ҳадафи пурра аз байн бурдани гуруснагиро яке аз вазифаи муҳим қарор додаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” шумораи аҳолии қобили меҳнат то охири давра ба 6,8 млн. нафар хоҳад расид ва дар ин замина, шумораи умумии аҳолии ба шуғл машғулбуда бояд то 70 дарсад зиёд гардад.

Қобили зикр аст, ки бо кумаки лоиҳаи «Агроэкспресс» Русия ба Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон асосан гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзиро интиқол медиҳад, ки мухлати кашондани молҳо аз  5 то 7 рӯзро дар бар мегирад. Дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои лоиҳаи “Агроэкспресс” долонҳои сабзи гумрукии байторӣ таъсис дода шудааст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии молу маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Бояд гуфт, ки узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин лоиҳа метавонад муҳлати таҳвили маҳсулоти кишоварзиро тезонад ва хатари омилҳои ба сифати онҳо таъсиркунандаро коҳиш диҳад.

Ҷадвали 2

Гардиши тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар солҳои 2021-2023

Манбаъ: Аз ҷониби муаллиф дар асоси маълумоти омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ–июли 2024, саҳ. 103 омода гардидааст.

Тоҷикистон ва Русия дар низоми ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ то ба шарики стратегӣ омада расидаанд. Дар гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия дар ҷойи аввал қарор дошта, ҳаҷми гардиши тиҷорат байни ин ду кишвар дар соли 2023 беш аз 1,7 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда 20 дарсади ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро дар бар мегирад ва нисбат ба се соли охир 127 дарсад зиёд гардидааст. Дар ин давра аз Тоҷикистон 134,7 млн. доллар молу маҳсулот содир гардида, аз Русия бошад, беш аз 1,5 млрд. доллар маҳсулот ворид карда шудааст.

Диаграмма 2

Гардиши тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия давоми соҳои 2021-2023

Манбаъ: Аз ҷониби муаллиф дар асоси маълумоти омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ–июли 2024, саҳ. 103 омода гардидааст.

Аз диаграммаи 2 мушоҳида мегардад, ки гардиши тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар гардиши тиҷоратӣ байни ин кишварҳо дар соли 2021-ум 1352,9 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли 2023 ба 1714,9 ҳаз. доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба андозаи 362 млн. доллар ё ин ки 26,7 дарсад зиёд мебошад.

Дар давоми моҳҳои январ–июни соли 2024 гардиши тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Русия беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 112,1 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра содироти молу маҳсулот ба Федератсияи Русия 63,8 млн. доллар ва воридот ба беш аз 1 млрд. доллари ИМА баробар гардидааст.

Ҳамин тавр, масъалаи тақвияти истеҳсолоти ватанӣ ва табдил додани Тоҷикистон аз тавлидкунандаи ашёи хом ба содиркунандаи маҳсулоти ниҳоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 “Солҳои рушди саноат” корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд гардида истоданд.

Дар ин самт, Ҳукумати мамлакат тадбирҳои иловагиро барои баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, васеъ гардонидани иқтидори содиротии мамлакат ва дастгирии соҳаи иҷтимоиро ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум амалӣ намуда истодааст.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед