Санаи 25-уми октябри соли 2024 бахшида ба 30 солагии таъсиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «30 соли рушд дар ҷодаи таҳлил ва тадқиқ дар шароити давлатдории миллӣ» баргузор мегардад.
Дар кори ҳамоиш иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,вакилони Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Олӣ масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма дар назар аст.
Зимни баргузории конфронс таҳлилу баррасии масъалаҳои зерин дар назар аст:
Нақши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди илмӣ-тадқиқотии машваратӣ дар ташаккул ва рушди сиёсати дохилию хориҷии кишвар;
- Ҷойгоҳ ва мавқеъгирии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ масъалаҳои мубрами муосир;
- Дастовард ва комёбиҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли фаъолият;
- Вазъи иқтидори кадрӣ ва тарбияи коршинсони соҳибтахассус дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Нақш ва ҷойгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди низоми сиёсӣ;
- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди фаъол дар низмои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Макони баргузорӣ: толори Китобхонаи миллӣ (ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 5, ошёнаи 3
Оғози ҳамоиш: соати 09:00
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон