22 октябри соли 2024 мулоқоти муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон бо ҳайати Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии муҳоҷирати Маҷористон Бланка Ковач ва Марк Варга баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Маҷористонро баррасӣ намуданд.

Дар оғози мулоқот муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон меҳмононро истиқбол намуда, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти иттилоотию таҳлилӣ ва илмию тадқиқотии Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд.

Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ниҳоди давлатии таҳлилӣ ва машваратӣ буда, равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро мавриди пажуҳиш қарор медиҳад. Дар баробари ин, аз ҷониби Марказ мунтазам тадқиқотҳои сотсиологӣ гузаронида мешаванд, ки ба кормандон имкон медиҳад то маълумоти бевоситаро дар бораи ақидаҳо ва интизориҳои шаҳрвандон ба даст биёранд. Тадқиқотҳои сотсиологии Марказ доираи васеи мавзуъҳоро, аз ҷумла вазъ ва дурнамои равандҳои муҳоҷиратро дар Тоҷикистон низ фаро мегирад.

Сипас Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон муносибатҳои дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористонро мусбат арзебӣ намуда, таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи он ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ мебошад.

Дар мавриди худ, Бланка Ковач аз пазироии самимӣ миннатдорӣ намуда, дар бораи самтҳои фаъолияти Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии муҳоҷирати Маҷористон маълумоти мухтасарро пешниҳод намуд.

Бланка Ковач ҳадафи сафари худ ба Тоҷикистонро шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ, табодули афкор бо коршиносони тоҷик ва муайян намудани самтҳои калидӣ, ки дар он Маҷористон метавонад ҳамкории мутақобилан судмандро бо Тоҷикистон дар оянда густариш диҳад, шарҳ дод.

Дар идомаи мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо изҳори хоҳиш намуданд, ки ҳамкориҳои илмию таҳлилиро дар байни марказҳои тадқиқотии ҳарду кишвар таъсис ва густариш диҳанд.

Инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаимуҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ ва ташкили хатсайрҳои мустақим ҳамчун самтҳои ояндадор ва афзалиятнок арзёбӣ карда шуд.

Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед