10 октябри cоли 2024 дар бинои Парлумони шаҳри Душанбе мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Котиби Масъули Ассамблеяи Парлумонии СААД Поспелов Сергей Валеревич баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо қайд намуданд, ки тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва таҳқиқи якҷояи масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мо имкон медиҳад, ки барои кор дар лоиҳаҳои ҳуҷҷати ниҳоии мониторинги парлумонӣ вазъ дар минтақаҳо ва марзҳои СААД, инчунин дар ҳуҷҷатҳои мақомоти кории Ассамблея натиҷаҳои ҳамкории коршиносон истифода гардад.
Дар интиҳои мулоқот Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Ассамблеяи Парлумонии СААД ба имзо расид.
Зимнан зикр гардид, ки имзои ин Ёддошти тафоҳум ба густариши робитаҳои илмию таҳлилӣ байни муассисаҳо мусоидат хоҳад намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбек Дилшод Раҳмон, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷӯрахон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва ректори Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) Файзулло Машраб Қурбоналӣ ширкат варзиданд.
Вохӯрӣ дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон