Рӯзи 9-ум октябри соли 2024 бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.03.2024,№8251(23-3) бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аслиддин Холмирзоев сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андоз ва Зоирҷон Ғафуров мутахассиси Раёсати мазкур семинари машваратӣ баргузор шуд.

Семинари машваратиро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳо бо иштироки намояндагони Кумитаи андоз дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаю корхонаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз баргузории чунин семинари машваратӣ бо иштироки кормандони Марказ пеш аз ҳама шинос гардидан ба муқаррароти Кодекси андоз, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои арзёбии самараноки имтиёзҳои андоз, рушди маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ва фаҳмонидани муҳтавои масъалаҳои мазкур тариқи машварату фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар мамлакат аст.

Сипас Аслиддин Холмирзоев сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андоз суханронӣ намуда, бо истифода аз рӯйнамоӣ (слайд) ба паҳлуҳои гуногуни Кодекси андоз, ки тағйироту иловаҳо ба он ворид шуда буданд равшанӣ андохт. Ӯ қайд намуд, ки шаҳрвандону андозсупорандагон вобаста ба мавҷудияти имтиёзҳои андозӣ, рушди маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои электронӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияташон дар ин самтҳо ба душвориҳо мувоҷеҳ мешаванд ва пайваста муроҷиат менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд. Баъзе хусусиятҳо андоз дар Кодекси андоз дар тағйиру иловаҳо тавзеҳу пурра гардонида шуданд. Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сода намудани тартиби пешниҳоди ҳисобот ва риояи қонунгузории андоз, хусусан оид ба истифода аз имтиёзҳои муқарраркардаи қонунгузории андоз ҷиҳати анҷом додани фаъолияти хизматрасонии шаҳрвандон модули нави хизматрасонӣ дар системаи иттилоотии андозро таҳия ва мавриди амал қарор додааст.

Умуман, Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми андозбандӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони мамлакат бояд ҳангоми фаъолияти худ қонунгузории андозро риоя намоянд,чунки пойдорӣ ва устувории иқтисодии давлат аз пардохти андозҳо вобастагии калон дорад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинии мазкур иштирокчиён ба музокира баромада, доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру андеша ва таклифу тавсияҳои худро вобаста ба вазъи кунунии андоз, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдоштаро доир ба рушди маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андоз дар соҳаҳои гуногуни мамлакат баён намуданд.

Дар интиҳо семинарро муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъол изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед