Лозим ба таъкид аст, ки вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ташаннуҷи вазъи сиёсии ҷаҳон нобоварӣ ба сохторҳои сиёсӣ ва раванди ҷаҳонишавии иттилоот ба узви ҷудонашавандаи воқеияти ҷаҳони муосир табдил ёфта, ба равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Раванди муноқишаҳои байналмилалию байнидавлатӣ нишон дода истодаанд, ки истифодаи зӯрӣ ва неруи дурушт ҳеҷ гоҳ вазъро ба эътидол оварда наметавонад.
Дар ин росто самараноктарин василаи таъмини амнияту субот, роҳи ҳалли баҳсҳои сиёсӣ ва муколамаи созанда дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Дар асри XXI, ки чолишҳо ва таҳдидҳои нав дунёро фаро гирифтаанд бояд нақши ҷудонопазири дипломатияро дар таъмини суботу амнияти ҷаҳонӣ эътироф намуд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо нақши дипломатияи фарҳангӣ ва ё дипломатияи нарм дар таъмини ҳамкории байналмилалӣ, ҳалли низоъҳо ва ҳифзи сулҳ дар ҷаҳони муосир торафт муҳимтар мегардад.
Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона раванди босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад.
Дар шароити муосир мақсади дипломатияи фарҳангӣ, пешбурди ҳамкориҳои фарҳангӣ байналмилалӣ ва пешгири аз терроризм, хатарҳои муосир инчунин, роҳ надодан ба паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳуҷумҳои киберӣ ва истифодаи технологияҳои рақамиро барои пешбурди ҳамкориҳо дар кишварҳои ҷаҳон дар назар дорад.
Дипломатияи фарҳангӣ, инчунин, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили мусоидат барои фароҳам овардани шароити фарогиру муносиб барои будубош ва сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварҳои ҷаҳон, барои рушди туризми байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамсоя, таблиғоти фарҳанг ва дӯстии халқҳои олам нақши муҳим мебозад.
Дипломатияи нарм ҳамкории худро бо дигар халқҳои гуногуни ҷаҳон пайваст намуда, кӯшиш менамояд, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни давлатҳо ва халқҳоро тавассути барномаҳо ва табодули фарҳангӣ таҳким ва тақвият бахшад ва фарҳанг қобилияти гузаштан аз марзҳо ва эҷоди як ҷомеаи сарнавишти ягонаро пайдо намояд.
Дипломатияи фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва ҳамкориҳои байнифарҳангӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд, муҳим аст. Вай барои бартараф намудани монеа ва ихтилофот, ба мустаҳкам шудани сулҳу субот, эҳтироми якдигар ва ҳамкории байни халқҳо ёрии амалӣ мерасонад.
Бо шиддат гирифтани ҷаҳонишавӣ дар шароити муосир фарҳанг як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати байналмилалӣ ва «дипломатияи фарҳангӣ»-и давлатҳо гардида, ба таҳкими робитаҳои дӯстона мусоидат менамояд. Дипломатияи фарҳангӣ натанҳо санъат, аз қабили театр, филм, мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, намоишгоҳҳо, инчунин, барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, адабиёт, ташкили китобхонаҳо, инъикоси ахбор ва барномаҳои фарҳангии берун аз кишвар ва муколамаҳои адабиро низ дар бар мегирад.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари ин, барои таҳким ва тақвияти дипломатияи фарҳангӣ, вазорату идораҳои дахлдор бояд барои ташкили барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки шахсиятҳои маъруф, таъсиси, бурсияҳо, табодули академӣ, ташкил намудани мизҳои гирд бо иштироки адибон шоирону нависандагони муосир гузаронидани ҳамоишҳо ва дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҳозиразамонро омода созанд, ки ин раванд барои пешрафти кор аҳаммияти бузург дорад
Музокирот ва ҳамкориҳои дипломатӣ дар ин самт, ки ҷузъи дипломатияи нарм аст, ба кишварҳо имкон медиҳанд, ки барои ҳалли ин мушкилот ҳамкорӣ намоянд ва кӯшишҳои худро ҳамоҳанг созанд. Масалан, Созишномаи Париж оид ба иқлим 12 декабри соли 2015, пас аз Конфронси 21-уми тағйирёбии иқлим (UNFCCC; 1992), дар Париж қабул шуд. Ин созишномаи муҳим барои пешгирии партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки натиҷаи тағйирёбии иқлим дар натиҷаи саъю кӯшишҳои дипломатӣ ба даст омадааст, дар мубориза бо гармшавии глобалӣ ва ҳифзи муҳити зист қадами муҳим мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дипломатияи фарҳангӣ дар шароити Тоҷикистон нақши махсусро доро мебошад. Ҳукумати мамлакат барои иштироки фаъолона дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саъй ва кӯшиш намуда, сиёсати ҳамзистии осоиштаро, ки ба принсипҳои истиқлол, эҳтироми ҳамдигарӣ ва ҳамкории судбахш асос ёфтааст, бомуваффақият амалӣ намуда истодааст.
Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро нисбат ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ зоҳир карда, таблиғоти онҳоро тавассути намояндагиҳои дипломатии хориҷи кишвар ба роҳ монда, барои ҳалли мушкилотҳои рушди ин соҳа кӯшиши зиёд намуда истодааст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дипломатияи фарҳангӣ рушд ёфта, имконияти таҷлил намудани ҷашнҳои миллии худро дар аксари сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои корпуси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва вохӯриҳо бо намояндагони фарҳангу ҳунар ва шахсиятҳои маъруфи хориҷиро ба даст овард.
Ҳангоми ҷашн гирифтани идҳои миллӣ дар анҷуманҳо аксу овезаҳо ва филмномаҳое, ки дар бораи таърихи бостонии тоҷикон нақл мекунанд инчунин, таблиғоти табиати зебои Ҷумҳурии Тоҷикистонро намоиш медиҳанд, то ин ки меҳмонон ба таърих, фарҳанг ва санъати миллии тоҷикон шинос шаванд. Мероси ғании фарҳанги тоҷикон имкон медиҳад, ки намояндагони миллату халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мероси маънавии таърихии тоҷикон ошно шаванд ва ин меросро қадр намуда, оммавӣ гардонанд.
Ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Остона ва давлати Нидерландияи Шимолӣ, 21 августи соли равон, дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе нимпайкараи шоири қазоқ Абай Қунанбоев гузошта шуд. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия ба муносибати 240–- солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ гузоштани нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
Таъсиси боғи фарҳанги фароғатии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон боғи фарҳанги фароғатии ба номи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ мариди истифода қарор дода шуд. Кушода шудани хонамузейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз назари ман эҳтиром ба кишвар ва фарҳанги мост.
Намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ кишвар барои табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз рафти конфронсҳо тариқи маҷозӣ имрӯзҳо фаъолона истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки дар муаррифии кишвар саҳми бештар гузоранд ва бо дигар кишварҳо ҳамкориҳои судмандро тариқи маҷозӣ ба роҳ монанд.
Фаъолияти босамари намояндагиҳои дипломатии кишвар дар самти муаррифии фарҳанги кишвар дар шароити имрӯза хеле муҳим мебошад. Зеро маҳз ин фаъолнокӣ имкон медиҳад, ки мо на танҳо кишварамонро дар сатҳи шоиста муаррифӣ кунем, балки вижагиҳои этнофарҳангӣ, аз ҷумла, забони модариро миёни шаҳрвандони бурунмарзӣ ҳифз намоем.
Яке аз воситаҳои асосии дипломатияи фарҳангӣ табодули намоишгоҳҳои рӯзҳои фарҳангӣ, ҷашнвораҳо, консертҳо, намоишҳои театрӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ мебошанд. Чунин чорабиниҳо ба кишварҳо имкон медиҳанд, ки фарҳангу расму оин ва арзишҳои миллии худро ба дигар халқҳо нишон диҳанд, ки ин ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад.
Инчунин, истифодаи фаъолонаи забон, адабиёт ва маорифро барои пешбурди муколамаи байни миллатҳо дар низоми дипломатияи фарҳангӣ хеле муҳим мешуморем. Барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарҷумаи асарҳои адабӣ аз ҷумлаи роҳҳои муассири эҷоди робитаҳои мустаҳкам байни фарҳангҳои гуногун мебошанд.
Ҳамин тариқ, робитаҳои фарҳангӣ метавонанд воситаи судманди дипломатияи оммавии давлатҳо гарданд ва дар ташаккули мавқеи онҳо нақши назаррас бозанд.
Тоҷикистон ҳамасола тавассути созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО лоиҳаҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддии худро пешниҳод менамояд, ки аз ҷониби комиссияҳои салоҳиятдори байналмилалӣ эътироф гардида, доир ба ҳифз ва муаррифии онҳо қарорҳои дахлдорро қабул менамояд.
Мероси фарҳангии ғайримоддии халқамон (аз қабили «Шашмақом», «Фалак», «Чакан», Оши палав)-ро тавонистем, ки ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда, аз ҷониби коршиносони ин соҳа сазовари баҳои баланд гардем. Мо ба таври маъмулӣ Наврӯзро ба рӯйхати ҷашнҳои байналмилалӣ шомил намудем ва Наврӯз дар саросари ҷаҳон 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва ҳамасола дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи моҳияти фалсафӣ ва инсондӯстонаи ин ҷашни миллии тоҷикон назару андешаҳои муфид баён мегардад. Инчунин, ҳавзаи Наврӯз бо иштироки як қатор кишварҳо таъсис дода шуд.
Айни замон, аз тарафи Ҳукумати кишвар лоиҳаи ворид кардани ҷашнҳои иди Меҳргон, Сада ва Тиргон ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби ин созмон эътироф гардид. Ҳамзамон, бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои нодири Саразми бостонӣ ҳамчун аввалин маркази шаҳрдорӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ, инчунин, Ҳулбук ҳамчун мероси таърихии асри XI қарорҳои дахлдори ЮНЕСКО қабул карда шуданд, ки Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд ва мавқеи кишвари моро боло бурд.
Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон – ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат ва имконияти сайёҳии мамлакат ҳамчун нишони миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.
Дар ояндаи наздик мо бояд барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва экотуризмро ҳамчун як неруи пешбаранда тариқи дипломатияи фарҳангӣ тарғиб намуда, дар ин самт кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Фарҳанг ва адабиёт, ки оинаи ҳувияти миллат аст, дар ташаккули ахлоқ ва рафтору кирдори иҷтимоии инсоният таъсири амиқ мерасонад. Ба ин хотир, инсоният ҳамчун манбаи неруи нарм, ки сухан ва андешаашро дар ҷомеа тавассути робитаҳои фарҳангӣ пешниҳод менамояд, ки намояндагони фарҳангии кишварҳои хориҷӣ ин таассуротро хеле хуб эътироф менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки аз рӯзи ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ шумораи давлатҳои хориҷие, ки аз Тоҷикистон дидан ва таърихи онро донистан мехоҳанд рӯз то рӯз зиёд мешаванд, дар сурати самаранок амалӣ гардидани он ба мо имкон медиҳанд, ки бе харҷи маблағҳои зиёд ба мақсадҳои стратегии худ дар муносибатхои дохилию берунӣ ноил гардем. Зеро табиат ва фарҳанги миллати тоҷик сохта нест, таърихи куҳан дорад, ки бо мурури замон ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб мегардад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ тавассути дипломатияи фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба комёбиҳои хеле назаррас ноил гардидааст. Мақоми шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои фарҳангдӯсти миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифӣ намудани фарҳанги миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон боло рафт. Дар ин пирӯзиҳо саҳми бевостаи ниҳодҳо ва вазорату идораҳои дахлдори Ҳукумат бо роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо истифода аз ташабусҳои созандае мебошад, ки ин шахсияти фарҳангдӯст ҳангоми пеш бурдани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ доир ба адолати иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, хоҳиш ва эҳтиёҷоти фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар амал татбиқ намуданд. Дар фаъолияти кории худ муносибати хуб бо давлатҳои пешрафтаи дунё инчунин, интихоби роҳи дурусти муносибатҳои байналмилалиро тавассути Консепсияи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян кардаанд.
Таърихи гузаштаи мо бо адабиёт чунон зич алоқаманд аст, ки ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳе нест. Тоҷикистон дорои фарҳанги ғании миллӣ аст, ки метавонад аз неруи нарм баҳра барад, ҳар як ҷузъи он саршор аз инсонпарварии беназир ба арзишҳои инсонӣ асос ёфтааст. Ин неруи ба назар нарм ва хеле қавӣ қудрати Тоҷикистонро дар ҷаҳон афзун намуда, обрӯйи давлати тоҷиконро дар миёни кишварҳои ҷаҳон афзун менамоянд.
То даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумат барои бедории сиёсиву иҷтимоии мардумонаш замина нагузошта буд, бинобар адами неруи ташкилкунандаи миллӣ, ки тавонад ормонҳои гурӯҳҳои гуногуни мардумро ба ниёзҳои миллӣ табдил диҳад, кишварро ба низоъҳои дохилӣ ғарқ кард. Аммо хирадмандии мардуми мутамаддини тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо кард, ки моро аз ин буҳрони сиёсӣ раҳо карда, роҳи сулҳу суботро ҳамчун василаи таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳамвор сохтани роҳи пешрафти минбаъдаи давлату миллатро интихоб кунем.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон тавонист мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида робитаашро, дар самти таблиғи иқтидори фарҳангиву адабии давлат бо кишварҳои дигар тақвият дода истодаст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз мероси адабии гузаштаи худ, адабиёти беш аз ҳазорсола, фарҳанги ғанӣ, ҷуғрофиёи ҷолиб барои сайёҳии экологӣ, захираҳои об ва сарватҳои бешумори маъданӣ, ки аз сарватҳои нодири Тоҷикистон мебошанд, самаранок истифода мебарад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани мавқеи худ дар байни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон метавонад тавассути имкониятҳои фарҳангӣ, адабӣ ва табиӣ ҳамчун неруи нарм дар бунёд ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ аз ҳамлаҳои ғаразноки фарҳангҳои бегона пешгирӣ кунад. Фарҳанги ғанию пурганҷро ҳамчун воситаи рушди забон ва адабиёт, тариқи табодули дипломатияи фарҳангӣ истифода карда, дар фаъолияти намояндагиҳо аз рӯйдодҳои таърихию адабӣ истифода барад.
Даъвати аъзоёни созмонҳои байналмилалии мамлакатҳои чаҳон тавассути маҷозӣ дар маъракаҳо ва чорабиниҳои байналхалқӣ тавассути, дипломатияи фарҳангӣ ба манфиати кор мебошад.
Масалан, таҷлили 700-солагии Камол Хуҷандӣ, баҳои баланди дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба адабиёти тоҷик ва нашри осори Камол ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ, изҳороти олимону адабиётшиносон дар бораи осори ин нобиғаи Шарқ бозгӯйи истифодаи неруи нарми фарҳанги миллӣ аст, ки обрӯйи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад, ва ё гузаронидани ҳамоиш аз осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Фаронса нишонаи таблиғи неруи нарми фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.
Барои намоиши маънавиёти тоҷикон ба ҷаҳониён ва муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон дар ЮНЕСКО намояндагӣ таъсис дода шуд, ки ин нишонаи муҳаббати мардуми кишварҳои дигар ба фарҳанги волои мардуми тоҷик мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз неруи нарм тавассути баргузории анҷуманҳо, симпозиумҳо ҳамоишҳои илмӣ, инчунин иштироки намояндагон дар чорабиниҳои фарҳангӣ боиси муаррифии шоистаи осори бадеӣ ва ғояҳои башардӯстонаи фарҳанги ғании ҳазорсолаи бостонии худро тарғиб ва таблиғ менамояд.
Тайи солҳои охир ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳанг, тавсеа, барқарор намудан, инчунин, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии тамаддуни бостонии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Ҳадафи Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ тариқи дипломатияи фарҳангӣ мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, тамоми пешниҳодҳо ва қарорҳои қабулкардаи созмонҳои бонуфузи байналмилалиро амалӣ намудан аст. Дар ин раванд олимони соҳаҳои гуногун – адабиётшиносон, ҷомеашиносон ва таърихшиносону, файлафонро лозим аст, ки бо иштирок ва истифода аз ҷавонони равшанфикри болаёқат таҳқиқоти илмӣ ва нишастҳои фарҳангӣ гузаронанд.
Воқеан, робитаи фарҳангӣ ҳамчун воситаи судманди дипломатияи оммавии давлатҳо барои ноил шудан ба ҳамдигарфаҳмии байнидавлатӣ ва сулҳу суботи байналмилалӣ нақши бориз дорад, ки дар ин ҷода ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳ аз он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Муваффақиятҳо ва дастовардҳои беназири дар боло зикршуда дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори дигар гувоҳӣ медиҳанд, ки кишвари мо дорои таърихи куҳан ва ғанӣ инчунин тамаддуни бостонӣ мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз эътироф шуда истодаанд.
Хуллоса, ба туфайли дипломатияи фарҳангӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯст дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, санъату ҳунар ҳамкориҳо густариш ёфта, пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расида истодаанд. Ин ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ дипломатия, фарҳанг ва сиёсат возеҳу равшан ҳамарӯза мутолиа мешаванд. Натиҷаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз мутахассисони соҳибмаълумоти ботаҷриба дар рушду тараққиёти кишвар саҳм мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади ташаккул ва такмил додани донишу таҷрибаву малакаи ҷавонон дар ин самт ислоҳотҳои ҷиддии калонмиқёс дар оянда амалӣ мешаванд.
Аз ин рӯ, вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо мероси ғании ниёгонамонро омӯхта аз худ намуда, таърих ва фарҳангӣ милии кишварамонро бо василаҳои муассири дипломатияи фарҳангӣ муаррифӣ ва таблиғ намоем. Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки мо дорем, мероси гаронбаҳои миллии мо буда, ҳифзи онҳо қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди Тоҷикистон мебошад.
САИД Саидов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон