ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» назир надорад. То Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърих ягон сарвари давлат ин гуна амали инсонсозу миллатсозро анҷом надодааст. Чунин изҳори назар намудааст дар мақолаи худ коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар робита ба ташаббуси шашуми Президенти Тоҷикистон.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Таъмини сулҳ, амният ва субот кӯшишҳои мушкил ва дарозмуддатро талаб мекунанд. Дар ин масир гоҳ қадаме ба пеш ва гоҳ қадамҳое ба ақиб мегузоранд. Баҳри аз миён бардоштани ниёзҳою муноқишаҳо дар миёнамуҳлат ва дарозмуддат ҷаҳдҳои дастҷамъона зарур ҳастанд. Сабаби муноқишаҳо нобаробарӣ ва беадолатӣ ба шумор мераванд. Қувваи ҳарбӣ барои пешгирӣ аз таҳдиди бевосита истифода бурда мешавад, аммо он масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳал карда наметавонад.

Ҳоло зиёда аз 1,5 миллиард одамон дар давлатҳои аз ҷангу муноқишаҳо зарардида зиндагӣ ба сар мебаранд. 59,5 миллион нафар одамон беҷошудагон, 19,5 миллион аз ин шумора гурезагоне мебошанд, ки аз нисф зиёдашон кӯдакон ҳастанд. Ягон давлати ҷангзада Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Мутаҳидро амалӣ карда наметавонад, ки муҳлаташон тирамоҳи соли 2024 ба охир мерасад. Ҳадафи 16 – уми рушди ҳазорсола «Мутобиқат ба рушди ҷомеаҳои амн ва кушод ба манфиати рушди устувор» ном дорад.

Ҳар яки мо мехоҳем дар кишвари озоду ободу босубот оромона зиндагӣ кунем. Таърих гувоҳ аст, ки аксари давлатҳо собиқаи бисёр вазнини таърихӣ доранд. Мутаассифона, давлатҳое ҳастанд, ки дар онҳо ҷанг солҳои дароз идома дорад ва халқҳое, ки дар ин гуна давлатҳо умр ба сар мебаранд, чӣ будани сулҳу суботу амниятро намедонанд.

Ҷанг бешафқат аст, барои он миллат, синну сол ва ҷинс фарқ надорад. Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷанги то ҳол гӯшношунидае буд, ки 40 миллион одамон қурбон шуданд. Ин ҷанг аз ҳама ҷанги харобиовар буд, ки хисороти молиаш аз хисороти ҳамаи ҷангҳои то он вақт рухдода чандин маротиба зиёд буд. Аз 73 давлати вуҷуддоштаи ҷаҳон (то давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон) 62 давлат, ки 80% аҳолии оламро ташкил медод, дар ин ҷанг иштирок намуд. Ҷанг дар замин, дар осмон ва дар об мегузашт. Амалиёти ҳарбӣ дар се қитъа- Аврупо, Осиё, Африқо ва дар чор уқёнуси олам рух медоданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон то имрӯз ягона ҷанге аст, ки дар он яроқи ҳастаӣ бевосита истифода шуда буд. Маҳз баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон – 24.10.1945 Созмони Милали Муттаҳид ташкил ёфт. Соли 1981 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии сулҳро муқаррар намуд. Аз соли 2001 инҷониб ҳамасола 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ таҷлил карда мешавад.

Дар олами ҳастӣ омили нахустини мавҷудияти инсон ва таъмини ниёзҳои авлавиятдори ӯ ба вуҷуди сулҳ вобастагӣ дорад. Нахуст ҷавҳари офариниши олам агар обу оташу хоку ҳаво бошад, пас ҷавҳари аввали саодати башар сулҳ аст. Арзишдиҳии олӣ ба сулҳ аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мегардад, ки инсоният бе ҳамраъйӣ ва ҳамбастагию сулҳ наметавонад зиндагии шоистаи хешро таъмин кунад ва ба ҳадафҳои олию созанда расад. Сулҳ талоши ҷовидона баҳри ҳақиқат ва саодат аст.

Ҷавҳари сиёсати дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсати сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад.

Ҷаҳониён имрӯз Пешвои миллати моро ба унвони таблиғгари фарҳанги волои сулҳ мешиносанд. Андешаи сулҳ тавъам ба ҷузъи андешаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Соли 1991 аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 5,2 миллион нафарро ташкил медод. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳудуди 1 миллион нафар ба хориҷа (Афғонистон, кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил) гуреза шуданд, ки он қариб ба 20%–и аҳолӣ баробар буд, ҳудуди 1 миллион нафари дигар беҷошудагони дохилӣ буданд, ки он низ қариб 20 дарсади дигар аст. Яъне, бо оғози ҷанг беш аз 40% – аҳолии мамлакат гурезаву беҷову пароканда шуда буд.

Агар сулҳ барқарор намешуд, хатари дар парокандагӣ нобуд шудан ва дар ҷанг пир гаштани аксари аҳолӣ, яъне хатари нобудии физикию биологии миллат низ имкон дошт. Ин дигар идеология нест, балки омор ё арифметикаи воқеият аст.

Дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуд… Дар ҳамин модда ҷойи дигар мехонем, ки «ташвиқоти ҷанг манъ аст».  Мавриди таъкид аст, ки ин меъёрҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ бо ташаббусу талабҳои Пешвои миллат ворид шуданд. Давлате, ки дар сатҳи Конститутсия амалигардонии сиёсати сулҳҷӯёнаро ба меъёри конститутсионӣ табдил додааст ва Сарваре, ки андешаҳои сулҳофаронаи ӯ миллату давлати тоҷикро шуҳраи ҷаҳон гардонидааст, Тоҷикистон ҳасту Президенти муҳтарами он Эмомалӣ Раҳмон.

Таърихи 33-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол далел аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ваъдаашон вафо менамоянд. Вуҷуди Тоҷикистони босуботу боваҳдату амн далели беҳтарини ин гуфтаҳо аст. Барқарор шудан ва таҳкими суботу сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд.

Метавон гуфт, ки миллати тоҷик бо сулҳ тавъам ташаккул ёфтааст. Сулҳи тоҷикон сулҳи якрӯза, яксола ё барои як даҳсола нест, балки сулҳест барои имрӯзу фардою фардоҳои дигар. Сулҳ пойдорӣ, номдорӣ ва бардавомии миллату давлат аст. Ин сулҳ ҳушдор медиҳад, ки инсон бе сулҳу суботу ваҳдат ва бе амният вуҷуд дошта наметавонад. Сулҳи мо, тоҷикон аз сабақҳои омӯзандаи таърих ва фарҳанги миллатамон ибтидо мегирад.

Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияташон ба тақдири таърихии миллат таъсири мусбат мерасонад. Воқеан, яке аз хизматҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои абад дар радифи шахсиятҳои баруманди сатҳи ҷаҳонӣ ҷояшон дод, мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзун намуд. Пешниҳоди ин ташаббус асосҳои худро дорад. Аввал ин ки Пешвои миллат давоми 33 соли давлатсозӣ бо назардошти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бо сулҳ анҷом додани он ва таъмини ваҳдату суботу амният дар ҷомеа таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ андӯхтаанд.

Сониян, ин таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Ин таҷриба, аз ҷумла дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста —  Рика ҳамчун даври омӯзишии сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажуҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Гамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дар бурдани таҷрибаи нодир ва намунаи тоҷикии сулҳ шубҳае нест.

Ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст, зеро Сарвари муҳтарами мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, аз байни  сарони давлатҳои ҷаҳон бо ин ташаббуси фарогиру хеле зарурӣ садо баланд намуданд. Ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлиму экология буд, ки дар асоси онҳо Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома қабул намуд. Шубҳае нест, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллати мо аз тарафи тамоми сарони давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбад, зеро сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд. Барои дарки он ки дар сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳу суботу ваҳдат масъалаи меҳварӣ аст, мутолиаи матнҳои паёмҳои Президенти Тоҷикистон кофӣ мебошад.

Мояи ифтихору сарфарозии мо аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомади даҳшатбори он Қатънома дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад».

Ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро воқеан имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад.

Вобаста ба ин ягона роҳи бурунрафт ва ҳифзи инсонияту сайёра танҳо бо қабули қатънома ба ҳамин пешниҳод метавонад ба ин раванд хотима диҳад ва тамаддуни инсониро наҷот бахшад.

khovar.tj

Чоп кунед