ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад.

Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд.

Иншооти нави соҳа ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 млн. доллари амрикоӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Зеристгоҳи мазкур бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, сохта шудааст.

Баробари сол то сол бо зиёд шудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ҳамзамон шумораи истифодабарандагони неруи барқ низ зиёд мегардад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам намудани сарбории зеристгоҳҳо ва бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намудани неруи барқ зеристгоҳҳои нав бунёд намуда, зеристгоҳҳои таъмирталабро навсозӣ менамояд.

Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидаанд. Дар иншооти навсохт 11 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва васл таҷҳизоти барқӣ дар иншооти системаи энергетикӣ моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, моҳи июни соли 2024 пурра ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд.

Тибқи лоиҳа дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» 9 чашмаки 220 кВ, навсозии бинои идоракунии фаврӣ ва биноҳои ёрирасон анҷом дода шудааст.

Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шуда, роҳравҳои он пурра асфалтпӯш гардидааст.

khovar.tj

Чоп кунед