(Нигоҳи коршиносӣ аз ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Агар ба масири таърих назар афканем, ноҳияҳои Раштонзамин ҷузъи ҷудонопазири мавзеъҳои зебои кишварамон буда, бо доштани захираҳои бузурги зеризаминӣ ва табиӣ, табиати мафтункунанда, маданияти меҳмонавозӣ таваҷҷӯҳи дӯстдорони сайру саёҳат ва кӯҳнавардиро ба худ ҷалб кардааст. Доштани чунин мавзеъҳо захираи ғании табиӣ аз ҳамаи роҳбарону масъулони ноҳияҳо, инчунин, аз ҳар як сокини деҳаю, соҳибкорони саховатпешаи маҳаллию бурунмарзӣ талаб менамояд, ки барои ташкил ва сохтмони инфрасохторҳои муносиби иҷтимоию иқтисодӣ, сайёҳию кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои дилпазири ин водӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои ватанамон пайваста саҳми худро гузоранд.
Раванди рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақа дар маҷмуъ, дар ҳолати дилхоҳ баҳогузорӣ гардида, таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд. Омӯзишу таҳлилҳо аз таърихи ноҳияҳои Рашт нишон медиҳанд, ки ин минтақаи биҳиштосо яке аз гӯшаҳои пайвасткунандаи робитаҳо бо панҷ ноҳия, ҳамчунин, ба воситаи шоҳроҳи минтақаи Рашт Тоҷикистонро бо Қирғизистон, Русия, Чин ва дигар кишварҳои дунё пайваста, яке аз шоҳроҳои азими тиҷоратии байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ҳама гуна шаклҳои тамаддуни таърихи миллии мо бо хусусиятҳои хосси худ ба мардуми ин панҷ ноҳия пайвастагии ҷудонашаванда дошта ва ин анъана то имрӯз идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар раванди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи минтақаи Рашт рӯзҳои вазнин ва мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронида, аз сиёсати сулҳпарваронаю одилона ва ваҳдатовари Пешвои миллат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорию шукргузорӣ менамоянд.
Тавре аз афкори созандаи мардум бар меоянд, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ гуна сифат, суруда ё ба чакомае ниёз надошта ва надорад. Бемуболиға, меҳри ӯ дар мазраи дили халқ реша давонда, маҳбуби ҳар хонадон гардидааст. Ҳамин аст, ки мардум ӯро Президенти мардумӣ ва Пешвои миллат эътироф менамоянд.
Ҳар як боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми водии Рашт орзуи деринаи худ меҳисобанд.
Мушоҳида менамоем, ки Пешвои миллати мо дар баробари судманд баргузор кардани мулоқотҳои расмӣ, сайъ мекунад, ки бо халқи оддӣ ҳамсуҳбат шавад, розу ниёзи онҳоро шунавад ва ёриашро дареғ надорад. Ин аст, ки аз минбари расмӣ поин омада, сӯйи мардум мешитобад, дар кӯчаю хиёбонҳо суҳбати озоду ошкоро ва самимона доир менамояд. Бо шарофати сиёсати хирадмадонаи ӯ, роҳҳои мошингарду пиёдагарди он мавзеъу маҳал обод мегардад, бунёди якчанд иншооти замонавии маиширо мавриди истифода дода, ба ин васила чандин ниёзҳои аввалияи иҷтимоию иқтисодии мардум бартараф мегарданд. Мардуми ин водии бостонӣ бо қаноатмандӣ ба ҳамаи ин сафарҳои Сарвари давлатро бо таваҷҷӯҳи хосса муносибат карда, аз ғамхории доимии доштани Пешвои муаззами миллат ба ин минтақаи кӯҳистони биҳиштосо изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки дар хотираашон ҷовидона нақш баста, дар саҳифаи таърихи минтақа абадӣ боқӣ мемонад.
Ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангии минтақаҳои кишвар ҳамеша дар мадди назари аввали давлату Ҳукумат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат дар даврони Истиқлоли давлатӣ расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ҷавобгӯйи талаботи ниёзҳои таърихиест, ки тақозои замони имрӯза аст. Таҳия ва мавриди амал қарор доштани чандин Барномаҳо–дурнамои стратегии рушду инкишоф, бунёдкорию созандагӣ сохтмонҳои азими аср, нақбу роҳҳои транзитӣ, гузоштани санги асос барои заминаҳои нави рушди минбаъдаи ҷомеа, ва масъалаҳои дигари созандаю бунёдкорона, яке аз иқдомҳои некбинонаи ин абармарди таърих унвон шудааст. Дар ин мақола андешаҳое гирд овардашудаанд, ки айнан аз рафти дастуру супориш ва вазифагузориҳои Сарвари давлат далолат мекунад.
Тавре огаҳӣ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 7 июни соли 2021 барои тақвият бахшидан ба рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили 33–юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвори водии Рашт доир ба вазъи корҳо дар ин ноҳияҳо мулоқот доир намуда буд. Вазъи ҷойдоштаро таҳлил намуда, аз рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ қафомонии соҳаҳои сохтмону саноат ва баъзе мушкилоти соҳаҳои хоҷагии халқ, чорводорӣ, боғдорию картошкапарварӣ, камбудиҳо дар соҳаи маориф давомоти хонандагон, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун, эҳёи фарҳанги миллии ниёгон изҳори нигаронӣ намуда буд. Дар ин самт баҳри рафъи онҳо ба роҳбарони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатию маҳаллии ноҳияҳои ин водӣ дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта, тадбирҳои мушаххасеро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин, Сарвари давлат зимни суханрониҳо дар бораи ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, махсусан, боло бурдани сатҳи маънавиёт, рушди забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни бостонии миллат, дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон, рафъи мушкилотҳои ҳалталаби соҳаи илму маориф, тандурустӣ, шуғли аҳоливу муҳоҷират, муборизаи оштинопазир бар зидди зуҳуроти номатлуби хатарзою монеаафкан, ба монанди терроризму ифротгароӣ, истифодаи оқилонаи об, татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат ва дар умум, то соли 2024, яъне то давраи ҷашни 33–солагии Истиқлоли давлатӣ ба як минтақаи зебою тарақикарда, табдил додани водии Рашт, ибрози андеша намуда буданд. Баҳри амалӣ намудани ин дастуру вазифагузориҳо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа дар асоси нақша – чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешида, ба рафъи мушкилоти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ эътибори аввалиндараҷа додаанд.
Дар ҷараёни сафари кории худ Пешвои миллат аз 11 сентябр то 14 сентябри 2024 ба ноҳияҳои водии Рашт дар маросими ифтитоҳи даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, биноҳои таълимии замонавӣ, муассисаҳои муосири хизматрасонии тиббӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ва марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ, бунёди биноҳои истиқоматӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ, маъюбону ятимони кул ва дигар ниёзмандон ширкат варзида, ба мардуми заҳматкаши минтақаи Рашт изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз ин бармеояд, ки масъулини ноҳияҳои водии Рашт иҷрои мақсаднок ва босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафарашон дастуру вазифагузориҳоро дар мулоқоти санаи 7 июни соли 2021 дода буданд, тибқи талабот дар сатҳи зарурӣ иҷро намудаанд.
Бо дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо муттаҳидӣ ва заҳмату талошҳои ватандӯстона сокинони ин минтақа, барои рушду ободонии ноҳияҳои водии Рашт тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар карда, ин раванд то имрӯз идома ёфта истодааст.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ симои ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт куллан тағйир ёфта, пешрафтҳои назаррас дар ҳамаи самтҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ба мушоҳида расида, шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар гардида истодааст.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ соҳибкорони бонангу номус ва сокинони ватандӯсти ноҳияҳо саҳми назаррас гузоштаанд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдории самимии худро баён намуд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар раванди бунёди иншооти зикршуда, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша ва сокинони заҳматқарини ноҳияҳо саҳми басо арзишманд гузоштанд. Ҳоло корҳои зиёде доир ба бунёди иншооти боқимонда тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинигардида идома доранд, ки дар муҳлатҳои наздиктарин ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Тавре, ки маълум гардид, дар ҷараёни сафари серӯза Президенти кишвар ба ин минтақа даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодиро ифтитоҳ намуд, ки дар онҳо садҳо ҷойи кории нав ва ҳазорҳо ҷойи нишаст барои хонандагон, таъмини ҷойҳои зист ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ таъсис дода шуда, шароити хизматрасонии тиббӣ ба садҳо нафар аҳолии ноҳияҳои водӣ боз ҳам беҳтар гардонида шуд.
Ҷолиб ба ёдоварист, ки даврони Истиқлоли давлатӣ ба аҳолии ноҳияҳои минтақа беш аз 11,4 ҳазор гектар замини наздиҳавлигии Президентӣ баҳри беҳтар гардидани вазъи некуаҳволии мардум ҷудо гардидааст, ки дар муқоиса бо давраи то соли 1991 се баробар зиёд мебошад. Барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ дар панҷ соли охир дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои минтақа садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Инчунин, дар доираи барномаҳои нави рушди маҳал барои панҷ соли минбаъда амалисозии беш аз 900 лоиҳа ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Соли 2020 дар ноҳияҳои водии Рашт ба маблағи 155 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бамаротиб зиёд буда, қаноаткунанда мебошад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ноҳияҳои минтақа дар маҷмуъ ҳамагӣ беш аз 26 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт 14 корхона, ноҳияи Нуробод 4, ноҳияи Сангвор 4, ноҳияи Тоҷикобод 2 корхона ва Лахш 2 корхона фаъолият дорад. Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа вазифадор гардидаанд, ки ҳарчи зудтар бунёди корхонаи нави саноатиро дар ноҳияҳо ба роҳ монанд. Ноҳияҳои минтақа дар самти саноаткунони ва рушди минбаъдаи он шароиту имкониятҳои хеле зиёде доранд, яъне захираи бойю ғании табии зеризаминӣ доранд ва зарур аст, ки истифодаи ҳарчи бештари онҳоро ба роҳ монанд.
Ба вазорату кумитаҳои мутасаддӣ дастур дода шудааст, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва содироти он нақша–чорабиниҳо таҳия намуда, соҳибкорони ватандӯсти минтақа ва ҷумҳуриро барои сохтмони онҳо ҷалб намоянд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт бо татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 128 километр хатҳои интиқоли барқ, 45 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 3,2 ҳазор киловатт-соат ва ду бинои маъмурӣ барои шабакаҳои барқии минтақа бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷа, таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ хеле беҳтар гардида, метавонад рушди минбаъдаи саноаткунониро таъмин намояд.
Барои тасдиқи ишораи боло яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумат фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон таъмин намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифати миллӣ равона гардидааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт беш аз 292 бинои нави таълимӣ барои беш аз 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат барои омода намудани мутахассисони ҷавон тибқи квотаи президентӣ то имрӯз аз ноҳияҳои водии Рашт беш аз 2000 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳо, ки ҳаштод дар сади онро духтарон ташкил медиҳанд, ба 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвар қабул карда шуда, теъдоди зиёди онҳо баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ноҳияҳо баргашта, ба мардуми худ софдилона хизмат карда истодаанд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи тиб аз минтақаи ноҳияҳои Рашт беш аз 1000 нафар ҷавонон, ки теъдоди ҳафтод дарсади онро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, аз ҷумла 450 нафари он тибқи квотаи Президенти мамлакат, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои водии Рашт 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи тиббии барои тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии водӣ фаъолият карда истодааст. Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 16 маркази саломатии ноҳиявӣ, беш аз 130 бунгоҳ ва даҳҳо иншооти дигари тиббӣ бунёду азнавсозӣ карда шудаанд.
Яке, аз дигар ғамхориҳо ба инобат гирифтани дурии ноҳияҳо ва баъзе мушкилотҳои иҷтимоӣ, дар минтақа, дар ноҳияи Рашт Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон соли 2013 таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он беш аз 2,5 ҳазор нафар донишҷӯён аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва минтақа дар шароити мусоид таҳсил намуда, соҳибкасб гардида истодаанд.
Ҳадафи давлат ва Ҳукумат аз фароҳам овардани шароити мувофиқ барои таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон таъмин намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифати миллӣ равона гардидааст.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт то имрӯз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло боз 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 100 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул сохта, ба истифода дода мешавад.
Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва ба дарвозаи шарқии Тоҷикистон табдил додани минтақаи Рашт лоиҳаи бунёди роҳи Роғун–Обигарм–Нуробод, ки яке аз қисмҳои муҳимми нақшаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, амалӣ шуда истодааст
Дар доираи лоиҳаи мазкур то соли 2023-юм 86 километр роҳ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ва арзиши умумии 4,3 миллиард сомонӣ дар се марҳала бунёд ва ба истифода дода мешавад. Баъди анҷом ёфтани сохтмони ин роҳ рафтуомади бехатари мусофирон ва ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад. Инчунин, дар доираи ин лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллӣ низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Аз гуфтаҳои болозикр метавон чунин натиҷагири кард. Барои таҳлили амиқи гуфтаҳои дар боло ишорагардида зарур меҳисобам, ки ба фаъолияти пурмаҳсули роҳбарияти ноҳияи Рашт, ки сарварии онро Зарина Идизода ба уҳда дорад ишора намоям. Тибқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду таҷдиди 307 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 131 иншоот ба анҷом расонида шудаанд, ки ин 43 дар сади нақшаро ташкил медиҳад. Боварии комил дорем, ки роҳбарияти ноҳияи Рашт ба корҳои боқимондаи иншоотҳо аҳаммияти ҷиддӣ дода барои ба истифода додани онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 2,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 1,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 6 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 123 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.
Инчунин, дар “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021–2025” барои амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои корҳо дар 202 лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд, ки 79 дар сади нақшаи барномаи мазкурро ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар 15 соли охир ба аҳолии ноҳияи Рашт 811 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, зиёда аз 3,5 ҳазор оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда, вазъи иҷтимоии онҳо муътадил гардидааст.
Барои боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои ноҳияи Рашт бо неруи барқ то имрӯз ду неругоҳи барқи обӣ ба маблағи 46 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Айни замон дар ноҳия татбиқи лоиҳаи ҷорӣ намудани низоми электронии назорат ва баҳисобгирии неруи барқ ба маблағи 42 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба баланд бардоштани сифати таъминоти барқ ва кам кардани талафоти он мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо симои маркази ноҳияи Рашт бо иншооти навбунёди муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ, барафрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ хеле ободу зебо гардидааст. Зарурат пеш меояд, ки барои мисол дар бораи саҳми соҳибкорони муваффақи ноҳия, аз ҷумла Муҳибулло Бобоҷонов бо фарзандонаш ёдовар шавем. Ин соҳибкори шинохта дар якҷоягӣ бо ҳамаслаконаш соли 2021 дар деҳаи Сарипул 1 беморхонаи шахсии минтақавии ду ошёна, меҳмонхонаи сатҳи баланд, маркази савдо, биноҳои гуногуни таъмири техника, бунёд намуда, беш аз 80 километр роҳои байналмилалию дохили ноҳиявиро таъмиру мумфарш кардааст. Ба садҳо ятимону маъюбон, бепарасторон кумакҳои хайриявӣ дар ҷашнҳои миллӣ тақдим намудааст. Бахшида ба ҷашни фархундаи 33 солагии Истиқлоли давлатӣ дар наздикии шаҳраки Навобод бинои замонавии таълимӣ барои 780 хонанда дар ду баст бунёд намуда, иқдом гирифтааст, ки бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ боз дар ҳамин мавзеъ барои 200 нафар бинои таълимии то мактаби ба таври замонавӣ бо таъмини тамоми таҷҳизот сохта ба истифода медиҳад.
Хотирнишон менамоям, ки Роҳбари давлат нисбати чунин соҳибкорони бонангу номуси ватандӯсти ноҳия, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ, дастгирии қишри камбизоати ноҳияю минтақа ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон