Санаи 10 то 12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд Конфронси чоруми минтақавии Шабакаи огоҳсозии зудҳангоми зиддитеррористӣ барои Осиёи Марказӣ ва Омӯзиш оид ба баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ дар баробари мафкураи ифротӣ, баргузор гардид.
Конфронс бо ташаббуси Маркази зиддитерористии СММ, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ва дигар сохторҳои махсусгардонидашудаи СММ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагон аз сохторҳои махсусгардонидашудаи СММ, ниҳодҳои дахлдори Созмони ҳамкории Шанхай, марказҳои зеҳнии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар коршиносони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони кишварҳои минтақа ва коршиносони ниҳодҳои байналмилалӣ доир ба: шабакаи огоҳсозии барвақти зидди терроризм барои Осиёи Марказӣ ва муаррифии пажуҳиш дар бораи таблиғоти маҷозӣ (онлайн) дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон; таъсири рӯйдодҳои охир дар атрофи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ; фаъолияти созмонҳои минтақавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ; баррасии вазъи террористҳо ва гурӯҳҳои террористӣ; таҳдидҳои амниятӣ дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва сатҳи маҳаллӣ ва таъсири онҳо ба ҷомеа; ҷалби ҷомеа дар самти пешгирии ифротгароии хушунатомез ва мубориза бо терроризм ва дигар масъалаҳои марбут ба хатарҳои терроризм ва ифротгароии хушунатомез таҳлилу дидгоҳҳои худро арзёбӣ намуданд.
Дар кори конфронс номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Саидҳомид Сафар ширкат варзида, оид ба таҳдидҳои амниятӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки солҳои охир миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муносибатҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рушд намуда, дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ онҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ дастёб гардиданд.
Иброз гардид, ки дар баробари таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, роҳу коммуникатсия, ҳоло самти муҳимми ҳамкории кишварҳоро мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм ва сепаратизм ташкил менамояд.
Шарифзода Саидҳомид Сафар иброз намуд, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва саҳми бузурги кишвари мо – Тоҷикистон, аз солҳои аввали касби Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар муқовимат бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, ҳамчун кишвари ташаббускор, эътироф гардидааст.
Зимнан, таъкид гардид, ки бо талоши бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар заминаҳои сохторӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо “се бадӣ” ва дигар таҳдидҳои амниятӣ фароҳам оварда шуда, бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ инфрасохтори иншоотҳои сарҳадӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ки он саҳми беназири Тоҷикистонро натанҳо дар самти ҳифзи сарҳади ҷанубии кишвар, балки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ, нишон медиҳад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ин масъалаҳо ҷонибдори таҳкими бештари ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ буда, минбаъд низ ба тақвияти ин ҳамкориҳо манфиатдор мебошад.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон