Дар шароити муосири шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва мураккабии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва мубориза бо чунин падидаҳои номатлуб ба монанди коррупсия, радикализм, сепаратизм, экстремизм ва терроризм барои таъмини рушди устувори ҳар як кишвари мустақил аҳаммияти бесобиқа пайдо мекунад. Рушди босуботу уствор, коҳиши нишондоди ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷинояткорӣ ва пойдории низоми адлияи давлат таҷассумгари эътимоднокии он дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ҳамзамон барои рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам месозад.

Бо назардошти ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, иброз намуданд, ки «…дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Дар ин замина, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2023 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули санади тақдирсози миллӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба тавсиб расид. Тибқи банди 2 фармони мазкур бо ҷалби масъулин нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 таҳия шуда, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ гардидааст. Нақшаи чорабиниҳои мазкур иборат аз 25 банд буда, маҷмуи чорабиниҳои ташкилӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмию оммавӣ ва дигар чорабиниҳои амалиро пешбинӣ менамояд. Доир ба мубрамияту нақши имрӯзаи маърифати ҳуқуқӣ номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ И.Ҳ. Саидзода бо маврид қайд намуданд, ки «Имрӯз бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мавзуи маърифати ҳуқуқӣ на танҳо рӯзмарра, балки мазмуну моҳияти нав пайдо намуда, он метавонад ба рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба сифати омили мусоидаткунанда баромад намояд».

Таърих гувоҳ аст, ки тамаддуни халқи тоҷик инъикоскунандаи фарҳанги баланди ҳуқуқӣ мебошад. Агарчи дастовардҳои муосири ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳони аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар танҳо 10 декабри соли 1948 ва аввалин конститутсияи ҷаҳон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 17 сентябри соли 1787 қабул гаридида бошанд, аммо Эъломия ё Уствонаи Куруши Кабир, ҳамчун нахуст эъломия ва санади таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, мероси азалии миллати тоҷик аст. Инчунин, дар даврони таърихи навини давлатдорӣ маҳз азму ирода ва хиради азалии мардуми Тоҷикистон интихоби эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ин меъёрро дар Конститутсия баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки хоси арзишҳои миллӣ мебошад таҳким бахшид.

Қобили зикр аст, ки дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолияти самараноки ҳуқуқэҷодкунӣ низоми ҳуқуқии кишвар дар асоси волоияти меъёрҳои Конститутсия замингузорию такмил гардида, айни ҳол зиёда аз 400 санадҳои қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.

Ба замми ин ҳама тадбиру дастовардҳои беназир табиист, ки ҳангоми аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон баъзан беэътиноӣ зоҳир гардидан ва ноогоҳӣ аз ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои худ боиси содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои дигарон мегардад, ки омили мазкур ҷиҳати ҳалли манфиатҳои қонунии худи шахс ва ҷомеаю давлат монеа эҷод менамояд. Дар ин росто, эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон балки ҷараёни густариш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳолӣ барои дарёфти донишу маълумоти ҳуқуқӣ ва амалисозии манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тариқи тартиботи пешбининамудаи қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад.

Воқеан ҳам ташаккулёбии шуур ва маърифати ҳуқуқӣ дар мамлакат барои бунёди ҳаёти осоишта, сулҳи устувор ва кафолати баробарии ҳамаи одамон дар назди қонун заминаи боэътимод мебошад. Беш аз ин метавон иброз намуд, ки ҳадафҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ танҳо дар сатҳи қонунгузории миллӣ маҳдуд нашуда, инкишофи дониши меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби аҳолӣ, механизми ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар хориҷа содатар мегардонад.

Мусаллам аст, ки беш аз 70 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо ин назардошт Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 махсусан таъкид намуда буданд, ки «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.». Воқеан ҳам маҳз ҷавонон дар ҳама гуна вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, нерӯи пешбаранда, такягоҳи боэътимод дониста мешаванд. Маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаи рушди босуботи ҷомеаи адолатпарвар ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Чунки имрӯз бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани омилҳои гуногуни барои тамаддуни миллӣ аз нигоҳи манфӣ таъсиррасон, бахусус авҷи хурофоту бегонапарастӣ, аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Коҳиши арзишҳои инсонӣ зери пардаи ғояҳои либералӣ дар ғарб ё ин, ки карахт дармондани онҳо таҳти унвонии ҳифзи “арзишҳои” анъанавию динӣ дар Афғонистон аз ҷумлаи омилҳои таъсиргузор дар шароити имрӯза аст. Қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тамоми арзишҳои фитрии ҳуқуқу озодиҳои занону духтаронро барои таҳсилу донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунаромӯзӣ, шуғл ва иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ монеасозӣ мекунад ва ба замми ин маҳкум намудани овози зан “навгонӣ”-и ҳуқуқист ва ин нишонаи дармондагии инкишоф аст.

Дар муқоиса ба чунин равандҳо низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи арзишҳои аҷдодӣ таҳрезӣ гардида, инъикоскунандаи тамаддуни волои фарҳангию ҳуқуқии ҳамоҳангшуда ба арзишҳои волои умумибашарӣ мебошанд. Аз ҷумлаи чунин арзишҳои ҳуқуқии миллӣ дар он ифода меёбад, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 17 Конститутсия Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дарсадро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 дарсад, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад мебошанд. Илова бар ин, тамоми низоми қонунгузорӣ ва тадбирҳои амалӣ барои фароҳамсозии шароити муносиб ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бахусус ҷавонондухтарон равона гардидааст.

Новобаста аз ин, маҳз омили маърифати паст боиси коҳиш ёфтани дарки арзишҳои ахлоқӣ дар миёни наврасону ҷавонон, пайвастани онҳо ба хурофоту бегонапарастӣ, афзоиши кирдорҳои ношоистаю ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа гардидааст. Аз ҷумла, дар шаш моҳи аввали соли 2024 шумораи бақайдгирифташудаи ҷиноятҳо дар байни ноболиғон 332 адад ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (258 адад) 74 ҳолат зиёд аст. Беш аз ин, тибқи омор дар давоми панҷуним соли охир, яъне солҳои 2019-2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 дар миқёси кишвар аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон, бо иштироки онҳо қариб 28 000 ҷиноят содир гардидааст. Яъне ба ҳисоби миёна беш аз 5 000 ҷиноят дар як сол содир шудааст. Аз ин шумора 4 018 нафарро ноболиғон ва 23 814 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя, истифодаи нодурусту ғайримақсадноки шабакаҳои интернетӣ ва бе назорат гузоштани ҷараёни инкшофи онҳо мебошад. Дар робита ба ин масъала профессор, узви вобастаи АМИТ Э.С. Насриддинзода чунон иброз медоранд, ки «Дар ҷаҳони муосир гузаштан ба истфодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз як тараф тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии кишварро таъмин кунад, аз тарафи дигар, истифодаи воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводи номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилотҳо ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад».

Мутобиқи таҳлили оморӣ ҳайати шахсони ҷиноят содиркарда аз давраи соли 2018 то соли 2022 теъдоди ҷиноятҳои шахсони дорои маълумоти миёна (пурра ва нопурра) 72 864 адад ва теъдоди ҷиноятҳои шахсони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус 8 904 адад аст, ки маҷмуи фисади охирон нишондиҳанда 12.22% ташкил медиҳад. Яъне маърифатнокӣ воқеан ҳам боиси огоҳии бештари шахс оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои он гардида, омили коҳиши ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Бо ин мақсад аз нав ва дар тарҳи васеътари мавзуи танзимӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тадбири саривақтӣ ва муассир мебошад. Афзалияти санади меъёрии ҳуқуқии мазкур дар он мебошад, ки он ба амалишавии муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, оилавӣ, меҳнат ва ғайра мусоидат намуда, масъулияту уҳдадориҳои оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаро дар ин самт мушххас танзим намудааст.

Масъулиятшиносии ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеа ва оила дар баланд бардоштаи маърифатнокӣ ва тарбияи ҷавонон баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз масъалаҳои ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад. Ба андешаи Кофи Анан: «Ҳеҷ кас ҳамчун шаҳрванди хуб якбора таваллуд намешавад; ягон кишвар яку якбора ҳамчун демократия пайдо намешавад. Ҳардуи ин равандҳо дар тӯли таърих ва ҳаёти ҳар як шахс сурат мегиранд. Ва ҷавонон бояд аз рӯзи таваллуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб карда шаванд». Аз ин бармеояд, ки ба таври фавқулодаю фаврӣ баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҳеҷ як шахс ва ҷомеа имконнопазир аст. Ин раванд бори дигар тасдиқ месозад, ки гарчанде объекти маърифати ҳуқуқӣ ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон маҳсуб дониста шаванд ҳам, аммо дар навбати аввал ҷавонон қарор дошта, маҳз ин қишри иҷтимоӣ – ояндаи кишвар мебошанд.

Ба андешаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Неъматов А.Р.: «Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии инсон бо мақсади мубориза бо нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавӣ-ҳуқуқии он ва амалӣ намудани ғояҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд баромад мекунад».

Дар маҷмуъ, халқи куҳанбунёди тоҷик заминаи таърихии ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқиро дошта, тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои эҳёву таҳкими ин таммадуни ҳуқуқӣ заминаи нав гузошт. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ на танҳо ҳамчун иқдоми соли 2024, балки ҳамчун тадбири ҳамешагии давлату ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯст барои ҳифзи ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар масири таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ба таври мунтазам роҳандозӣ мегардад. Итминон ҳаст, ки маърифати ҳуқуқӣ дар бунёди ҷомеаи адолапарвар, инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди босуботи давлат ва нуфузи байналмилалии миллати тоҷик нақши арзанда хоҳад гузошт.

Фаттоев М.С.
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед