Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён заминаи муҳимтарини дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мебошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ давлатдории навини тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ муайян намуда, ҳоло дар ҳалли мураккабтарин мушкилоти сайёраи инсонӣ саҳми худро гузошта истодааст. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд.
Айни ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар мамлакатҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳм мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ низ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР), Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Авруосиёии Рушд, Бонки навтаъсиси Осиёии сармоягузор ва дигар иттиҳодияву созмонҳо ва бонкҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманд дорад.
Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба эълон доштани сиёсати “дарҳои боз” аз тарафи Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон охири соли 2002 пас аз қабул шудани “Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вуқуъ пайваста буд, вале принсипҳои коргирӣ аз чунин сиёсат аз ҷониби Пешвои миллат қаблан ироа шуда буданд.
Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».
Роҳбари давлат дар изҳороти худ роҷеъ ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ санаи 29-уми сентябри соли 1993 бори нахуст дар таърих аз минбари ҷаласаи 48-уми Маҷмааи Умумии СММ суханронӣ карда изҳор доштанд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви СММ дарҳои худро барои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кушодааст”
Маҳз дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» эҷоди воситаҳои самарабахши истифодаи самараноки манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҳамаи давлатҳоро дар раванди ташаббускорӣ имконпазир гардид.
Хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат аст, ки Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайваст гардонид. Сиёсати «дарҳои боз» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд нуфуз ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам зина ба зина боло мебарад.
Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷикро водор месозад, ки минбаъд ин сиёсати оқилона ва дастоварди беназирро тақвият бахшида, кушишҳои ба ҳадафҳои минбаъда расидан, ҳамқадами замон будан ва робитаи наздик доштан ба кишварҳоро таҳким бахшад.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас ва арзишманд дастёб гардид, ки асосан ин даҳсолаҳо бо чунин дастовардҳои таърихӣ тавъам мебошанд.
Даҳсолаи аввал, асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои ноустувори давлати нав аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида равона гашт.
Даҳсолаи дуввум бошад, аз самараи даҳсолаи аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварду бунёдгузориҳо оғоз гардида, дар ин раванд дари худро барои тамоми давлатҳои дунё боз намуд, бо ибтикори созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат ин мафҳумро сиёсати “дарҳои боз“ номиданд. Ҷаҳон Тоҷикистонро ва роҳбари сиёсии он Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кард.
Ин нуқта бамаврид аст, ки дар даҳсолаи дуюм қадамҳои устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бештар ба назар мерасад ва ин шаффофият бо усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст.
Даҳсолаи севум бошад, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳон бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои рушду нумуи кишвар тақвият дода, ҳамчун кишвари ташаббускор чеҳраи сиёсати хориҷии кишварро муаррифӣ намуданд, ки то ба имрӯз самараи хуб ба бор оварда истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро нишон дода, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва дунявӣ узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Яке аз муваффақияту дастовардҳо дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди хатарҳои нави ҷаҳонро хусусан терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти марбут ба Афғонистон баёнгари мавқеи хосси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро пурқувваттар намуд ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Қобили ёдоварист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бо қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки ин мояи ифтихори мардуми шарафманди кишварамон аст.
Мо аз ҳамкориҳои худ бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо онҳо густариш медиҳем. Айни замон, дар ин самт ҳамкориҳо таҳким мепазиранд. Масалан, дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон- Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон ба истифода дода хоҳанд шуд, ки дар таҳким ва густариши муносибатҳои бисёрҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеъ ва моҳияти хос гувоҳӣ медиҳанд.
Бо шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳои худро бо кишварҳои олам таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
Ҳамин тавр, принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуда, дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт.
Сию се соли Истиқлоли давлатӣ ҳувияти миллии тоҷикро ба зинаи комилан нав баланд бардошт, манфиатҳои миллии моро ба миён оварду мукаммал сохт, эҳсоси худшиносӣ ва тафаккури қавии миллиро тақвият бахшид.
САИД Саидов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон