Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ масъалаи нигоҳ доштани иқтидори захираҳои меҳнатӣ бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёт, инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти махсус дорад. Аз нигоҳи илмию амалӣ масъалаи мазкур тайи даҳсолаҳои охир барои бисёр давлатҳои дунё, аз он ҷумла барои Тоҷикистон низ хусусияти боз ҳам муҳимро касб намудааст, ки ба нобаробарии рушди иқтисодиёт дар минтақаҳои кишвар, дар таносуб бо дигар минтақаҳои саноатӣ ва норасоии кадрҳои баландихтисосу баландмаърифат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ вобастагии ниҳоят калон дорад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” шуғл – ҳамагуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меорад, мебошад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти бозори меҳнат ва таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғл Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки бевосита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷумла, “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019”-ро мисол овардан мумкин аст, ки он мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” таҳия гардидааст. Ҳамзамон, иҷрои “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” идома дорад, ки он давомдиҳандаи барномаҳои қаблан қабулгардида мебошанд.
Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумотҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 106663 нафар шаҳрванд аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор гардида, иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 -2027 65,4 дарсад таъмин гардидааст.
Барномаҳои мазкур бо назардошти афзалиятҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайяншуда ва таҳлили нишондиҳандаҳои минтақавию соҳавии бозори меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ таҳия гардидааст. Барнома тадбирҳоро оид ба таъсис додани ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекориро дар бар мегирад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар таваҷҷуҳ дар самти бозори меҳнат, пешгирию паст намудани сатҳи бекорӣ ва ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сохтмонҳои бузурги миллӣ ва, пеш аз ҳама, дар Неругоҳи барқии обии “Роғун”, ки “иншооти аср” меномем, ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнати кишварамон, бахусус ҷавонон тадбирҳои ҷиддӣ меандешад.
Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2024 тибқи маълумоти пешакӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмуъ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кории нав, аз ҷумла 60,3 ҳазор ҷойи корӣ (60,2 дарсад) дар бахши воқеӣ ва 39,8 ҳазор ҷойи корӣ (39,8 дарсад) дар бахши хизматрасонӣ таъсис дода шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2023 мутаносибан 7,7 дарсад (7,1 ҳазор ҷойи корӣ), 9,8 дарсад (5,4 ҳазор ҷойи корӣ) ва 4,7 дарсад (1,8 ҳазор ҷойи корӣ) зиёд мебошад. Ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба 34,9 дарсад (34,9 ҳазор ҷойи корӣ) ва шахсони воқеӣ ба 65,1 дарсад (65,2 ҳазор ҷойи нави корӣ) баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъсис аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 3,2 дарсад (1,1 ҳазор ҷойи нави корӣ) кам шуда, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ба андозаи 14,5 дарсад (8,3 ҳазор ҷойи нави корӣ) зиёд шудааст. Ҳиссаи ҷойҳои нави кории доимии таъсисдодашуда ба 38,2 дарсад (38,2 ҳазор ҷойи корӣ), мавсимӣ ба 34,3 дарсад (34,3 ҳазор ҷойи корӣ) ва муваққатӣ ба 27,1 дарсад (27,1 ҳазор ҷойи корӣ) дарсад баробар гардидааст.
Таъсиси бештари ҷойҳои нави корӣ ба соҳаи кишоварзӣ 34,3 ҳазор ҷойи корӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 дарсад зиёд, сохтмон –16,9 ҳазор ҷойи корӣ (3,8 дарсад кам), савдо – 11,4 ҳазор ҷойи корӣ (5,3 дарсад зиёд), маориф – 7,6 ҳазор ҷойи корӣ (1,6 баробар зиёд), саноати коркард – 7,0 ҳазор ҷойи корӣ (10,4 дарсад зиёд), нақлиёт – 3,8 ҳазор ҷойи корӣ (10,8 дарсад зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) рост меояд.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шуғл, дар нимсолаи якуми соли 2024 бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2023, №18 «Дар бораи таъсис додани Ситоди корӣ оид ба таъмини ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» бо кадрҳои коргарӣ», аз ҷониби сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бо қувваи корӣ таъмин намудани ширкатҳои ҶСК НБО «Роғун» корҳои зиёд иҷро шуданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо дар семоҳаи якуми соли равон 12 адад ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз ҷумла, дар соҳаи саноат, бо ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО “Роғун” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои мазкур ба 1186 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯй роҳхат барои бокортаъминшавӣ дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО «Роғун» дода шуд. Аз ин шумора 1070 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд ва илова бар ин ба 754 нафар машварати касбӣ дода шуд, ки онҳо тавонанд малакаи худро дар корҳои сохтмонӣ баланд бардоранд.
Ҳамагӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ВМКБ – 42 нафар, вилояти Хатлон – 471 нафар, вилояти Суғд – 38 нафар, шаҳри Душанбе – 140 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷмҳурӣ – 379 нафар дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО «Роғун» бо музди маоши аз 1500 то 4500 сомонӣ ва тариқи шартномавӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ба ҳолати соли 2024 дар НБО “Роғун” 16 ҳазор нафар кормандон кор мекунанд ва сохтмони бузурги Тоҷикистон тақрибан то ба 5 ҳазор нафар коргари дигар ниёз дорад, ки онҳо бояд ҳамчун мутахассисони соҳавӣ ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй бошанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО “Роғун” мутахассисону коргарон аз хориҷи кишвар низ ҷалб гардидаанд, ки аз шуҳрати ҷаҳонии ин иншооти бузурги сохтмонии дар ҷаҳон эътирофшуда далолат менамояд.
Дар ин иншооти бузурги аср айни замон тибқи маълумотҳо шаҳрвандон аз давлати Сингапур бо кор таъмин гардидаанд, ки дар паҳлуи дигар миллату халқиятҳо саҳми худро дар бунёд намудани неругоҳи “Роғун” гузошта истодаанд. Инчунин, дигар шаҳрвандони хориҷӣ низ барои пайдо намудани ҷойи кор ба ин иншоот таваҷҷуҳ доранд, ки дар ин самт шартномаҳо низ ба имзо расидаанд.
Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ бо техникаю технологияи муосир бунёд гардида истодааст, ки барои омӯзиш ва таҷриба андӯхтани коргарони ҷавон мусоидат намуда, ба ин васила аз навигариҳои корҳои сохтмонӣ шинос мешаванд, ки як усули манфиатовар дар фаъолияти кориашон мегардад.
Хулоса, аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буклетҳо оид ба мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО «Роғун» чоп гардида, дар ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳоди корҷуён гардида, дар сомонаи www.kor.tj ва месcенҷери Facebook мунтазам ҷойгир карда мешаванд. Ин гуна ташаббус имконият медиҳад, ки шаҳрвандони кишварамон аз фаъолияти ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО «Роғун» маълумоти кофӣ пайдо кунанд ва бештар барои бо кор таъмин гардидан муроҷиат намоянд.
Бобоев Анвар Абдуллоевич – н.и.и.,
коршиноси Раёсати таҳлили масъалаҳои
иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти ҶТ