Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 3-юми сентябри соли 2024 конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи Нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ”-ро бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди саноати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ,  инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта мебошад.

 

Дар конфронси мазкур баррасӣ ва арзёбии масъалаҳои зерин дар назар аст:

– Муайян намудани нақши соҳаи саноат дар рушди иқтисоди миллӣ;

– Мавқеи саноати инноватсионӣ ва зарурати истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи саноати кишвар;

– Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи саноати инноватсионӣ;

– Муайян намудани самтҳои рушди саноати инноватсионӣ дар шароити иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Дарёфти роҳҳои имконпазири коркарди ашёи хоми ватанӣ ва маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар шароити корхонаҳои истеҳсолӣ;

– Самтҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат;

– Баррасии мушкилоти рушди саноати инноватсионӣ;

– Рушди устувор ва татбиқи “Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои то соли 2030”.

Забонҳои кории ҳамоиш: тоҷикӣ ва русӣ.
Телефон барои тамос:  2-21-32-48

 

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед