“Мо ба сатҳи ҳамкории зичи то имрӯз бадастомадаи давлатҳоямон баҳои баланд медиҳем ва ҷонибдори онем, ки он дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ҳаматарафа рушд ёфта, натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба таъмиқи минбаъдаи ҳамёрии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми самтҳои муайяншуда мусоидат хоҳад намуд”

Эмомалӣ Раҳмон

Дарвоқеъ, имрӯз нақш ва ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар раванди мураккабшавии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Бояд гуфт, ки  кишварҳои минтақа дорои иқтисоди бузурги созандагӣ ва ҳамгироӣ дорад. Дар баробари ин, имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои тамоми мушкилоти дар ҷаҳон ба амаломадаро аз сар мегузаронад ва дар шароити геосиёсӣ ва геостратегӣ кишварҳои минтақаро месазад, ки ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди иқтисодӣ  дастгирии мутақобила, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак дошта бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи “дарҳои боз” тавонист бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа доираи муносибатҳои худро густариш бахшад.

Боиси тазаккур аст, ки Қазоқистон яке аз шарики ҳамаҷонибаи страетгии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи ҳамсоягии нек, ҳамҷаворӣ, дустӣ ва ҳамкории иттифоқӣ муносибатҳо густариш меёбанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳама сатҳҳо ҳамеша муколамаи муфид ва эътимодбахши сиёсию иқтисодии байнидавлатиро нигоҳ дошта, дар чаҳорчӯби муҳимтарин сохторҳои байналмилалӣ ҳамкории пурсамар доранд ва дар таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ саҳми муштарак мегузонрад. Имрӯзҳо бо ибтикороти роҳбарони ҳарду кишвари дуст ва ҳамҷавор робитаҳои байнидавлатии ба дараҷаи ҳамкории иттифоқӣ расида, дар рушди муносибатҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки 7 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барқарор шуда, намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон моҳи июни соли 1993 ифтитоҳ шуда, намояндагии дипломатии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз моҳи январи соли 2001 фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ин замина, асоси муносибатҳоро сатҳи баланди эътимоди мутақобил, якдигарфаҳмӣ ва наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ташкил медиҳад.

Лозим ба зикр аст, ки моҳи январи соли 1993 “Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, санаи 14 сентябри соли 2015 Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба – эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ ва кушиши ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо беш аз 100 санади ҳамкории байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар самтҳои иқтисод, молия, саноат, сармоягузорӣ, энергетика, иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, андоз, бонкдорӣ, гумрук, фарҳанг, маориф, варзиш, сайёҳӣ ва мудофиа ба роҳ мондаанд.

Рамзист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё муваффақона ҳамкорӣ ва мавқеи ҳамдигарро ҳамоҳанг менамоянд.

Бояд гуфт, ки то ба ҳол беш аз 8 маротиба сафари расмии сарони кишварҳо сурат гирифтааст, ки дар густариши муносибатҳои дуҷониба саҳми калидӣ гузоштаанд.

Нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-20 майи соли 2021 бо даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки истеҳсолоти муштараки коркарди ашёи хомро то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис диҳанд, инчунин, омодагӣ ҷиҳати баррасии тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан, инфрасохтор ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, санаи 3-4 майи соли 2023 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Ин сафари корӣ дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон басо муҳим ва самарабахш ба ҳисоб меравад. Зеро аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев бо мукофоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон – ордени «Алтин Қиран» (Шоҳини тиллоӣ) сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Бо ин нишони олии давлатии Қазоқистон сарфароз гардонидани Пешвои миллати тоҷик бори дигар исбот намуд, ки Президенти Тоҷикистон дар густариши муносибатҳои киҳварҳои минтақа ва ҷаҳон, бунёди давлати навини тоҷикон ва таъмини рушду пешрафти рӯзафзуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, бо ташаббусҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳони муосир ва башарият, расидагӣ ба хатарҳои экологӣ, ки ба кулли кишварҳои ҷаҳон таъсири манфиро ба бор меоварад нақши калидӣ доранд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳама гуна мукофоту ҷоизаҳои давлатию ҷаҳонӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки аз давраи таъсиси мукофоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон ордени «Алтин Қиран» (Шоҳини тиллоӣ) то ба имрӯз 21 нафар аз шахсиятҳои бонуфуз ва чеҳраҳои намоёну шинохтаи олами сиёсат бо он сарфароз гардонда шудаанд, ки ин барои ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ дастоварди муқаддаст ва рамзист.

Боиси сарфарозист, ки имрузҳо кишварҳои минтақа таҷрибаи муваффақи худро дар ҳалли аксари масъалаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамоянд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мавқеи густурдаро касб намудааст.

Дар робита ба ин, санаи  9-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд гуфт, ки дар вохӯрии мазкур роҳбарони кишварҳои минтақа, аз қумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Сарони кишварҳо  масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуда, дар раванди пешгуинашавандаи ҷаҳони муосир ҳамгироӣ ва иттифоқиро дар байни ҳамдигар зарур ва муҳим донистанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим барои рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа дониста шуда, беш аз пеш бояд тақвият дода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт ва дар сурати истифодаи самараноки зарфияти мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ баробар гардад.

Ҳамзамон, густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи “сабз” заминаи калидии рушди иқтисоди “сабз” дар минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки аз натиҷаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои зерин қабул гардиданд:

– Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;

– Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии «Осиёи Марказӣ-2040»;

– Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027;

– Қарори Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ «Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»;

– Нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027;

– Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;

– Баёнияи Остонаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;

– Баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ.

Имрӯзҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳалли фаврии масъалаҳои муҳимми соҳаҳои воқеъии кишварҳо амал мекунад.

Бояд гуфт, ки то имрӯз 16 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шудааст, ки дар кори он асосан масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, дар соҳаҳои сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, дар соҳаи энергетика, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ гаштаанд.

Дар ин росто, гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2023-юм 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 79,7 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин шумора зиёда аз 255 миллион доллар ба содирот ва беш аз 890 миллион доллар ба воридот рост меояд. Гардиши савдои хориҷии ду кишвар дар шашмоҳи соли ҷорӣ ба 669 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 119,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин давра содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон 118,8 миллион доллар ва воридот бошад, 550,2 миллион долларро ташкил дод. Дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 Қазоқистон бо ҳиссаи 15,2 дарсад ҷойи 3-юмро ишғол мекунад.

Сохтори содиротро асосан 76,3 дарсад маъданҳо ва консентратҳо, 6,1 дарсад  меваю донагиҳо, 4,6 дарсад сурб ва маҳсулоти аз он, 3,3 дасрад нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар сохтори воридотӣ бошад, 36,4 дарсад гандум ва ғалладонагиҳо, 18,6 дарсад нафт ва маҳсулоти нафтӣ, 10,7 дарсад маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ, 9,8 дарсад фулузоти сиёҳ, 7,5 дарсад равғанҳо ва равғани растанӣ дигар молҳо ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ва Қазоқистон омодаанд минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро дар рӯҳияи эътимоди мутақобил ва шарикони стратегӣ таҳким бахшанд.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед