“Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи анъанаҳо, таърих ва фарҳанги миллӣ тақозои замон ба шумор рафта, дар ин раванд аз мо санъати баланди арҷгузорӣ ба онҳоро талаб мекунад. Либоси миллӣ муайянкунандаи фарҳанги ҳар халқу миллат ба ҳисоб рафта, якчанд давраи таърихиро аз сар гузаронида, то замони мо омада расидааст. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуда буданд: “Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад”.
Миллати тоҷик бо таърихи пурғановати худ дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро дарёфтааст. Доир ба фарҳанги миллии тоҷикон дар сарчашмаҳои гуногун маълумот вуҷуд дошта, аз таърихи чандасраи он дарак медиҳад. Либоси миллӣ аз аҷдоди гузашта ба мерос гузошта шуда, то замони мо омада расидааст. Либоси миллӣ ифодагари фарҳанги қадима буда, дар он зебоипарастии бонувони тоҷик инъикос меёбад.
Чакан, атлас, адрас ва дигар номгӯйи либосҳои миллии моро ташкил медиҳад. Дар кишвари мо ҳар минтақа дорои либоси миллии хеш буда, дар он нақшҳои гуногун, ки ифодагари он минтақа аст, тасвир ёфтаанд.
Навъи гулдӯзие, ки дар минтақаи Хатлон маълум аст, чакан ном дорад. Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон кунем, маълум мегардад, ки ин либос дорои таърихи қадима ва умри чандасра дорад.
Либоси чакан дар матоъҳои нафис дӯхта мешавад. Он ба тариқи аз устод ба шогирд мерос ё омӯзонида мешавад. Нақшу нигор дар ин либос бо як санъати баланду пурасрор офарида мешавад. Дар замонҳои қадим дар Хатлонзамин марказҳои чакандузӣ мавҷуд будаанд. Ин гуфтаҳо аз ҳунарманд будани мардуми тоҷик ва эҳтироми онҳо ба ҳунару ҳунармандӣ дарак медиҳад. Ҳунари дастии онҳо ба бинанда таърих ва ҳунарманд будани миллати моро нишон медиҳад. Дастони муъҷизаофари бонувони тоҷик дар рӯйи матоъ нақшҳоеро меофарад, ки ба як нигоҳ бинандаро ба худ мафтун месозад.
Аксар вақт либоси чакан дар болои матои рангаш сафед, сурх, сабз ва кабуд бо истифода аз риштаҳои нафис дӯхта мешавад, ки нақшҳои гуногунро дорад. Ҳар як нақшу нигоре, ки бонуи тоҷик дар рӯйи матоъ бо сӯзан меофарад, дунёест, ки шахс онро дида ҳаловат мебарад. Чеварони чирадаст ин гулу нақшҳои чаканро асосан дар куртаҳо, рӯймоли миён, тоқӣ, бардеворӣ, болиштҳо ва ғайра медӯзанд.
Нақшҳои офарида ҳар кадом ба худ ном доранд. Имрӯзҳо бештар пироҳанҳои миллӣ бо косагулҳо оро дода шудааст. Бонувони тоҷик бо ифтихор аз фарҳанги миллӣ либоси чаканро дар рӯзи идҳои Наврӯз ва Меҳргон ба бар мекунанд. Ҳангоми таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ, дар маконҳои баргузории ин ҷашнҳо гӯшаи ҳунарҳои миллӣ ба меҳмонон пешкаш карда мешавад, ки дар он ҳатман чаканро вохӯрдан мумкин аст.
Дар намоишҳои байналмилалии муд тарроҳони кишвар куртаҳое, ки онҳо бо нақшҳои миллӣ оро дода шудаанд, пешниҳод карда, ба сайёҳон фарҳанги либоси миллии тоҷиконро муаррифӣ мекунанд. Бо мақсади ҳифзи арзишҳои мардумӣ соли 2003 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО таъсис ёфт. Дар ин кумита номгӯйи зиёди урфу одат ва анъанаҳои халқҳои гуногун дохил карда шудааст. Бо талошҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 2018 чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил карда шуд. Дар ин ин ҷо чакан ба маърази тамошои 800 нафар аз 120 кишвари ҷаҳон гузошта шуд. Дар ин рӯйхат чаканро гулдӯзии миллии тоҷикон гуфта, онро ҳамчун либоси маъмул барои тӯй ва дигар маросимҳо нишон доданд.
Дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ гузаронида мешавад гӯшае аз он намоишгоҳро либосҳои чакан оро медиҳанд. Чакани тоҷик ба он гӯшаҳо ҳусни дигар бахшида, таваҷҷуҳи тамоми сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд.
Вобаста ба ин ҳамасола дар саросари кишвар Ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад, ки чорабинии мазкур яке аз омилҳои рушддиҳандаи либоси миллӣ дониста мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки Истиқлоли давлатӣ арзишҳои ниёгонро дубора эҳё ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Шарифхонзода Моҳира,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон