Воқеан таърихи сару либос нишон медиҳад, ки пӯшидани либос хусусияти хоси инсонҳо буда, он аз оғози пайдоиши худ мансубияти ин ё он қавму миллатро вобаста ба арзишҳои фарҳангиашон таҷассум менамояд. Аз ҷамоаи ибтидоӣ ва тадқиқотҳои антропологҳо маълум аст, ки дар аввал инсонҳо пӯсти ҳайвонот ва набототро ҳамчун муҳофизат аз гармову сармо, барфу борон, бахусус ҳангоми муҳоҷирати одамон ба иқлимҳои нав истифода менамуданд. Бо гузашти замон ва рушди тамаддуни башарият либос ва матоҳое, ки аз он либос омода карда мешаванд, ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги башарият ба ҳисоб мераванд.

Ин аст, ки имрӯз дар баробари арзишҳои гуногуни миллӣ, аз қабили расму ойин, анъанаҳои ниёгон, ҳунарҳои гуногуни мардумӣ либоси миллӣ низ яке аз арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Зеро он дар ҳар давру замон ҳамчун рамзи миллӣ, баёнгари расму ойин шуури зебоипарастии ҳар халқу миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд ва  як ҷузъи фарҳанги миллӣ эътироф гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тули асрҳо либоси миллии халқи тоҷик шукӯҳу шаҳомат ва зебогии худро гум накарда, то рафт бо пешрафти илму техника ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо тарҳи замонавӣ ба худ ҳусни дигар зам намудааст. Бо мурури замон вобаста ба интихоб ва завқи либоспӯшӣ тарроҳон бо тарҳи муосир ва талаботи шароит намудҳои гуногуни либосӣ миллиамонро омода месозанд, боз ҳам ба ҷаҳониён  бо шаклҳои зебою шинам муаррифӣ гардида истодааст.

Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, авлавияти хоса дода мешавад. Сарвари давлат вобаста ба тарғиби либоси миллӣ ва эҳё намудани он дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки миллати мо бояд ба расму ойини гузаштагони худ такя намуда, садди роҳи бегонапарастӣ гарданд. Дар ин самт, бахусус ба занону модарон рӯ оварда, таъкид менамоянд, ки «… дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард».

Дар ин маврид, мо занону бонувон ва модарони тоҷикро зарур аст, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, бахусус, дар самти пӯшидани либоси миллӣ фаъол бошем. Зеро, таърихи гузаштагонамон нишон медиҳад, ки зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои неки ниёгон буда, мероси муқаддаси миллиамонро нигоҳ медоштанд.

Бегонапарстӣ ва тақлидкорӣ ба расму ойини бегона, пеш аз ҳама, дар самти ба бар намудани либос дар байни ҷавондухтарону бонувони мо ба назар мерасад, ки ин зоҳирпарастии онҳоро нишон дода, ба фарҳанги миллии мо латма ворид мекунад. Чуноне ки Сарвари давлат таъкид месозанд: «… Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад».

Ҳамзамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.24) қайд намуданд, ки «… ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад… Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».

Воқеан ба халқу миллатҳои гуногун назар афканем, ҳар кадоме дар худ рафтору анъанаҳои махсус доранд, ки арзишҳои моддию фарҳангии худро аз насл ба насл мерос гузошта,  маҳз тавассути анъанаҳои миллии худ кишвари худро муаррифӣ месозанд. Барои мисол, агар ба мардуми ҳинду назар кунем, онҳо бо либоси миллии худ, ки дар ҷаҳон бо номи “сари” машҳур гардидааст, танҳо мардуми ҳиндуро зеб дода, хоси кадом миллат будани онҳоро инъикос менамояд. Дар Ҷопон бошад, бо либоси миллии “кимано”, дар Арабистон “абая” ва дигар кишварҳо, ки дорои либоси хоси миллии худ мебошанд, дар миқёси ҷаҳон бо азбар кардани либоси миллиашон шинохтан мумкин аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аслан таърихи фарҳанги либоспӯшии се минтақаи он имрӯз маъмулу мавриди истифода аст, инъикосгари либоси миллии кишвар маҳсуб меёбад. Вақте дар бораи либоси миллиамон андеша мекунем, пеш аз ҳама, атласу адрас ва куртаҳои зебои чакан, ки дар он рангорангии зиндагии мардуми тоҷик тасвир ёфтааст, пеши назар меояд.   

Қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан буда, мардуми минтақаи Хатлон бевосита занону бонувон тоқиҳои гулдӯзӣ ва куртаҳои зебои чаканро ба бар менамоянд. Куртаҳои чакан бо нақшу нигори гуногун ва бо дасти худи занону бонувон рангоранг гулдӯзӣ карда шудаанд, ки ҳар як нақши он дар алоҳидагӣ фалсафаи хоси худро дорад.

 

Расми 1. Гулдухтарони тоҷик бо либоси чакан

Чакан яке аз либосҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, таърихи ниҳоят қадимӣ дорад, он бо тарзи зиндагӣ, расму оин ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Ин аст, ки чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат моҳи ноябри соли 2018 ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Дар минтақаи Бадахшон бошад, тоқии сурхи пӯпакдор, ҷӯроби бадахшӣ ва куртаи сафед бо камзулчаи сурхи бадахшонӣ як ҷузъи либоси миллӣ ва фарҳанги тоҷиконаи мардуми минтақа ба ҳисоб рафта, аслан бонувон либоси сафеди бо нақшу нигори сурх, тоқии сурх ва ҷӯроби рангинро ба бар мекунанд.

Расми 2. Гулдухтари зебои Бадахшонӣ бо либоси миллии бадахшӣ

Атласу адрас либоси миллии дигари тоҷикон мебошад, ки онро бештар дар минтақаи Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба бар мекунанд. Атласу адрас низ як навъи матои абрешимӣ мебошад, ки он ҳамчун либоси миллӣ таърихи хеле қадима дошта, аз давраи қадим занони тоҷик ба бар менамуданд.

Расми 3. Намудҳои гуногуни атласу адраси тоҷик

Имрӯз низ духтарону бонувони мо аз матои атласу адрас бо тарҳи муосир либосҳои шинаму зебо дӯхта онро ба бар менамоянд, ки бо рангинкамонии худ ба ҳусни занону бонувони тоҷик як зебогии дигарро зам менамояд.

Ҳамин тариқ, вобаста ба либоси миллӣ, ки яке аз арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, таърихнигорону фарҳангшиносон ва дигар мутахассисони соҳа андешаҳои худро баён намудаанд, ки ҳамаи он аз назокати либоси миллии тоҷикон дарак медиҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки фарҳанги либоспӯшию дӯзонидани либоси миллии мардуми тоҷик хеле бой буда, ҳоҷат ба тақлидкорию бегонапарастии занону бонувон ба фарҳанги бегона ҷой надорад. Аз ин рӯ, мо – занону духтарони тоҷикро зарур аст, ҳарчӣ бештар либоси миллии тоҷикона ва фарҳанги миллии ғании мардуми тоҷикро дар байни дигар қавму миллатҳо муаррифӣ намуда, диққати ҷаҳониёнро ба дӯхту тарҳи замонавии либоси миллиамон, ки кишвари тамаддунофару фарҳанги пурғановат дорад, ҷалб намоем. 

 

Назирова М.Н., н.и.с.,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ,
раиси Шурои занон ва духтарони
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед