Санаи 30 июли соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми Марказҳои таҳлилии Корея ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Форум аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Котиботи Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея» ба таври муштарак ташкил ва баргузор гардид.

Дар форум таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи формати «Осиёи Марказӣ + Корея», инчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок (сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, масъалаҳои об, иқлим, илм ва маориф) мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Дар чорабинӣ намояндагони марказҳои таҳлилӣ, доираҳои сиёсӣ,  корпусҳои дипломатии вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзиданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш Абдуллозода Масрур Аҳмад – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муртазозода Ораз – муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустам Раҳматзода – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия иштирок доштанд.

Дар бахши аввали Форум муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ораз дар мавзуи «Гузариши босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модели рушди саноатӣ дар заминаи шарикии калидии Осиё Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Муртазозода Ораз қайд намуд, ки «Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ имкони афзоиши ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ доранд. Ҳамчунин, онҳо барои ҳамкорӣ имкониятҳои зиёд доранд, истифодаи самарабахши онҳо ба нафъи ҳамаи давлатҳо мебошад».

Номбурда зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Корея ҳамеша, ҳамчун шарики кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рушди тиҷорату иқтисод, ҳамчун бароварандаи ниёзҳои иқтисодӣ бо технологияҳои босифати муосир   ва сармоягузорӣ  дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим дорад».

Дар интиҳои суханронӣ Муртазозода Ораз иброз намуд, ки «Ҳамкориҳои судманд  бо истифода аз технологияи пешрафтаи Корея ва коркарди захираҳои сарвати бойи табиии Осиёи Марказӣ метавонад, имкониятҳои навро барои шарикии судманд боз кунад ва ба пешрафти устувори иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва таҳкими муносибатҳои дипломатӣ мусоидат намояд».

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед