Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир таҳти таъсири мусаллаҳшавии бошитоб, ҷабҳагирии кишварҳо дар муқобили якдигар ва афзоиши зуҳуроти номатлуб сол то сол тезутунд мегардад. Имрӯз ҳар кишваре, ки иқтисоди пешрафта, артиши тавоно ва аслиҳаи муосир дорад, қоидаи бозиро тағйир медиҳад ва тибқи манофеи худ амал мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳо солҳои охир барои тақвияти артиш бештар маблағ сарф карда, истеҳсоли яроқу аслиҳаро дучанд афзоиш дода истодаанд. Кишварҳо бошанд, барои ҳифзи истиқлоли худ дар ин ё он шакл муттаҳид мегарданд ва баъзе давлатҳо ташкили блокҳои низомиро ягона сарчашмаи таъмини амният медонанд.
Мавриди зикр аст, ки санаи 9 – 11 июли соли 2024 яке аз блокҳои низомӣ НАТО саммити худро дар шаҳри Вашингтони Амрико баргузор кард, ки 32 кишвари аъзо ва 5 давлати нозир дар он иштирок намуданд. Пеш аз баргузорӣ ва баъди хотимаи саммит аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ таҳлилҳои мухталиф сурат гирифт, ки НАТО ба таъмини амният дар саросари ҷаҳон то кадом андоза манфиатдор мебошад? Дар ин замина таҳлилҳои мавҷударо метавон ба ду қисм ҷудо намуд.
Якум, коршиносони ғарбӣ ва ғарбгаро нақши НАТО-ро дар суботи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ менамоянд ва бар он андеша ҳастанд, ки созмони мазкур дар муқобили хатару таҳдид ва чолишҳои муосир муборизаи самаранок доштааст. Имрӯз низ вазифаҳои худро ба таври бояду шояд иҷро намуда истодааст.
Дуюм, таҳлилгарони шарқӣ ва ё ҷонибдорони низоми бисёрқутбӣ мавҷудияти блоки низомӣ ба монанди НАТО-ро ҳамчун таҳдид ва омили бесуботӣ дар ҷаҳон медонанд ва чунин мепиндоранд, ки блокҳои низомӣ барои муҳиммияти худ суботро халалдор намуда, ба дилхоҳ кишвар таҳдиди мустақим ва ё ғайримустақим эҷод мекунанд.
Мувофиқи тадқиқоти Институти байналмилалии тадқиқотии Стокголм Аврупои Шарқӣ баъди Африқои Шимоӣ ҷиҳати сарфи маблағ дар соҳаи низомӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст. Аз кишварҳои аъзои НАТО аз ҷумла, ҳаҷми буҷаи артиши Полша 75%, Финландия 54%, Дания 39%, Туркия 37% ва Нидерландия 14% афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, НАТО баъди ҷанги сард маротибаи аввал қувваҳои зудамали худро аз 40 ҳазор ба 300 ҳазор расонид.
Ҳолати мавҷуда ба он ишорат мекунад, ки, кишварҳо барои як навъ ҷанги эҳтимолӣ омодагӣ мебинанд. Чунин раванд давлатҳои рӯ ба инкишофро нигарон карда, водор ба он намудааст, ки новобаста аз вазъи иқтисодӣ – иҷтимоӣ неруҳои ҳарбии худро тақвият диҳанд, ҳатто яроқу аслиҳаҳои муосирро тариқи қарз харидорӣ намоянд. Яъне эҳтимоли бавуҷудоии ҷанг кишварҳоро водор намудааст, ки зарфияти артишро боло бурда, омодагиҳои лозимаро қаблан бигиранд, зеро эътимоди мутақобила аз байн рафтааст.
Тазаккур бояд дод, ки Амрико дар чанд соли охир хостори зиёд намудани саҳми кишварҳои Аврупо дар буҷаи НАТО буд, вале онҳо розӣ намешуданд. Қазияи Украина ба тасмими кишварҳо таъсири мустақим расонид ва баъзе кишварҳои аъзои НАТО вобаста ба хатару таҳдидҳои мавҷуда ҷонибдори ислоҳот ворид намудан дар раванди фаъолияти созмон шуданд. Инчунин, баъзе давлатҳои аъзо ба навсозии системаи дифоӣ, тақвият додани марзи шарқии созмон ва зиёд намудани маблағгузории мудофиа таъкид менамоянд.
Дар моҳи феврали соли 2024 Институти байналмилалии тадқиқоти стратегии Британия доир ба тавозуни ҳарбӣ дар ҷаҳон таҳқиқот гузаронид. Дар натиҷа муайян гардид, ки дар соли 2023 дар соҳаи ҳарбӣ дар ҷаҳон 2,2 трлн доллар сарф шудааст, ки нисфи маблағи мазкур ба кишварҳои НАТО рост меояд. Яъне кишварҳои Аврупо аз соли 2014 то имрӯз давра ба давра маблағгузориро дар соҳаи ҳарбӣ зиёд намуда истодаанд. Маблағи умумии сарфшуда аз ҷониби кишварҳои узви НАТО барои мудофиа 32 дарсадро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумӣ ба соҳаи ҳарбӣ ҷудошуда дар ҷаҳон 41 дарсадаш ба Амрико рост меояд. Дар доираи НАТО бошад, ин маблағҳо 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Қобили тазаккур аст, ки Аврупо Украинаро ҳамчун василаи боздоштани таҳдиди Русия ба минтақа медонад ва нақши блоки НАТО-ро дар ҳалли буҳрони мазкур ба манфиати Ғарб калидӣ мешуморанд. Кишварҳои аъзои НАТО ба хулоса омадаанд, ки ҷанг дар минтақа рафта истодааст ва онҳо бояд раванди мазкурро идора намоянд ва ба нафъи худ ҳал кунанд. Яъне Украинаро бо тамоми намуди яроқу аслиҳаи зарурӣ ва муосир таъмин намоянд. Барои ин, дар давоми соли 2024 ба Украина 40 млрд доллар ҷудо кардаанд. Столтенберг пирӯзии Русия бар Украинаро бузургтарин таҳдид барои НАТО дониста, чунин андеша дорад, ки анҷоми ҷанги мазкур низоми амнияти ҷаҳониро барои даҳсолаҳо муайян мекунад.
Чи тавре ки ба назар мерасад, имрӯз кишварҳо ягона роҳи ҳалли масоили байналмилалиро дар истифодаи неруи низомӣ медонанд, ки ин бар зарари суботи ҷаҳонист ва метавонад эҳтимоли сар задани як ҷанги васеъмиқёси ҷаҳониро ба воқеият наздик намояд. Чунин раванд истиқлоли кишварҳои рушдёбандаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор дода, дахолат дар корҳои дохилии давлатҳоро низ меафзояд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон