Баъзе аз расонаҳои берунӣ бо тавзеҳи муғризонаи гузоришҳои ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ дар маводҳои таҳлилии худ пешбинӣ менамоянд, ки соли 2024-ум бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми хароҷот барои сохтмони НБО-и «Роғун» чун иншооти бузурги энергетикӣ, касри буҷет ба вуҷуд омада, хавфи баланди буҳрони қарз ва пурра пардохти он то давраи соли 2037-ум дар Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Аммо дар асл муҳтавои чунин матлабҳои баёнгардида, асоси воқеӣ надорад, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Роғун»-ро бо дарназардошти имконоти мавҷуда ва таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ, ҳамчун иншооти умумимиллӣ ва тақдирсози миллат эълон намудааст ва барои сармоягузории он, бахусус дар заминаи мабалғагузориҳо аз ҳисоби буҷети давалатӣ дар талош аст.
Қобил ба таъкиди хос аст, ки доир ба масълаи сохтани НБО «Роғун» ҳанӯз соли 2005 бо назардошти омилҳои объективӣ Тоҷикистон азми бо маблағгузории худӣ ва ҷалби сармояи шарикони рушд сохтани ин иншооти бузурги асрро пеш гирифт. Бо ҳамин мақсад Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва оинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 миллион сомонӣ тасдиқ гардид. Дар соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд. Ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки агар кишварҳои дигар расидан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодии худро дар заминаи истифодаи захираҳои гуногуни табии худ (газ, нафт) таъмин намояд, пас захираҳои обу энергетика барои Тоҷикистон ягона омили муҳиме дониста мешавад, ки дар асоси истифодаи самараноки он расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола имконпазир аст. Маҳз аз ин лиҳоз, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар баробари дигар масъалаҳо яке аз ҳадафҳои стратегӣ барои Тоҷикистон муайян гардидааст.
Дар ин маврид, Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бахусус дар заминаи захираҳои табиӣ ва энергетикии худ, ки 527 млрд кВт соат арзёбӣ карда мешавад ва бунёди НБО «Роғун» то соли 2030 иқтидори тавлиди неруи барқро чун заминаи калидии пешбурди «иқтисоди сабз» то ба 10 ГВт, ва ҳаҷми содироти онро то ба 10 миллиард кВт соат афзоиш диҳад. Ҳамзамон, азм дорад, ки сатҳи талафоти неруи барқро то 10 ба фоиз паст намояд.
Танҳо дар соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дода нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 дарсад зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур далели он аст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Аз соли 2001 то ин ҷониб бо мақсади таъмини рушди соҳаи энергетика 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 миллиард доллари амрикоӣ вобаста ба бунёди иқтидори нави энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншооти барқӣ татбиқ гардида, ҳоло боз амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 миллиард доллари амрикоӣ идома дорад.
Дар ин замина, давоми солҳои 2018-2019 агрегатҳои якум ва дуюми НБО«Роғун» мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар соли 2025 ба истифода додани агрегати сеюми неругоҳи барқи обии НБО «Роғун» яке аз тасмимҳои дигари Ҳукумати Тоҷикистон, бахсус Президенти маҳбуби кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 млрд сомонӣ равона гардид, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 1,1 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2024 барои сохтмони НБО «Роғун» 5 млрд сомонӣ ё 456 мллион доллар, аз ҷумла 2,8 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи берунӣ равона карда шавад.
Рақамҳои зикргардида, агар аз як тараф далели возеҳу равшани ба таври мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми маблағгузориҳо, бахусус аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба сохтмони НБО «Роғун» бошад, аз ҷониби дигар баёнгари имкони молиявӣ доштани Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
Дар маҷмуъ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Набояд фаромӯш кард, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ расидан ба ин ё он ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бисёр ҷиҳат ба ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя вобаста аст.
Бинобар ин ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар баробари маблағҳои буҷетӣ ба ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя, хусусан, сармояи дар шакли қарзию грантӣ барои соҳаҳои афзалиятнок пайваста дар талош буда, дар ин самт дар қонунгузории кишвар имтиёзу сабукиҳои зиёди кафолатнок, аз ҷумла зиёда аз 70 намуди имтиёз ва беш аз 240 номгӯй сабукиҳо дар бахши андозӣ пешбинӣ шудааст, ки аз фазои хуби сармоягузорӣ дар кишвар дарак медиҳад.
Нуқтаи муҳимми дигар ин аст, ки ҳоло ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ ва дигар шарикони рушд, ки Тоҷикистон бо онҳо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ то ба ҳол ҳамкориҳои судманд дорад, ҳавасманди сармоягузорӣ дар сохтмони НБО-и «Роғун» мебошанд. Дар ин самт мисолҳои зиёдеро овардан мумкин аст. Масалан:
- Аз ҷониби Шурои директорони иҷроияи Бонки Исломии Рушд дастгирӣ ва тасдиқ гардидани лоиҳаи маблағгузории НБО-и «Роғун» дар ҳаҷми 550 миллион сомонӣ, аз ҷумла 150 миллион сомонӣ аз ҳисоби захираи БИР ва 400 миллион аз ҳисоби Фонди арабии рушд дар соли 2024;
- Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузории чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) барои маблағгузории лоиҳаи «НБО-и Роғун (Лоти 4)»;
- Изҳории ҳавасмандии Бонки исломии рушд доир ба маблағгузории НБО «Роғун». Дар ин маврид Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10.06.2024 сурат гирфта буд, изҳор карда шуд. Мавсуф қайд намуд, ки Бонки исломии рушд давоми солҳои зиёд бо Тоҷикистон ҳамкории хеле зич ва судманд дорад. Ин ҳамкорӣ бештар аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Яке аз лоиҳаҳое, ки имрӯзҳо мавриди баррасии тарафайн қарор дорад, ин лоиҳаи дастгирии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Бонки исломии рушд тасмим гирифтааст, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад шартнома ба имзо расонад;
- Омодагии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) барои иштирок дар сохтмони НБО «Роғун». Дар ин бора, соли ҷорӣ зимни як нишасти хабарии худ раиси Раёсати БАОР Николай Подгузов изҳор намуда буд. Номбурда, аз ҷумла зикр намуда буд, ки «Хоҳиш ва нияти мо барои иштирок дар маблағгузории ин лоиҳа, яъне НБО «Роғун» боқӣ мемонад».
Дар ин самт бонк мунтазири посухи ҷониби Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, соли 2023 яке аз мудирони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Денис Илин дар зимни нишасти матбуотӣ дар Алмато изҳор намуда буд, ки БАОР ният дорад, ки дар соли оянда барои сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 130 млн доллар сармоягузорӣ намояд.
Мавзуи муҳимми дигар ин аст, ки ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози бунёди неругоҳҳои барқӣ, офтобӣ ва бодӣ низ дорои иқтидору захираҳои зиёд мебошад. Дар ин замина пешбинӣ шудааст, ки то соли 2026 иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷумҳурӣ на камтар аз 1000 мегаватт расонида шавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки соли 2023 сохтмони неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВ дар ноҳияи Мурғоб ва Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир, марҳилаи 3 бо маблағи умумии 124,4 млн. доллари ИМА идома ёфтанд.
Дар ин самт низ шарикони рушд ва дигар ниҳодҳои молиявию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандии худро иброз намудаанд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Дар давоми солиҳои 2023-2024 ба имзо расидани Ёддошҳоти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои «POVER – CHINA» ва ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ дар Тоҷикистон. Дар доираи он марҳила ба марҳила бунёди силсилаи неругоҳҳои офтобию бодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бо иқтидори умумии 1500 МВт ба нақша гирифта шудааст;
- Имзои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар МОИ «Панҷ». Ин ширкат тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди МОИ «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад;
- Ба имзо расидани шартнома бо консорсиуми ширкатҳои JURU Energy Limited (Британияи Кабир) ва Rina Consulting (Италия) ҷиҳати асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи «Сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар Вилояти Суғд» (бо иқтидори 200 МВт) дар соли 2023;
- Идомаи ҳамкориҳо вобаста ба чунин лоиҳаҳо бо дигар шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо иқтидори 100 МВт ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ USAID ҳамкорӣ идома дорад.
Омору лоиҳаҳои баёнгардида маънои онро надорад, ки Тоҷикистон минбаъд зери қарз монда, уҳдадориҳои худро дар ин самт иҷро карда наметавонад. Ҳоло, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ танҳо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пардохти он барои расидани ба ҳадафҳои рушди устувори худ ва ҳали дигар масҳалаҳои муҳим дархости қарз мекунанд.
Дар мавриди эҳтимол ба вуҷуд омадани хавфи баланди буҳрони қарз ва то соли 2037 пурра пардохт карда натавонистани уҳдадориҳо дар назди евробондҳо ҳаминро метавон қайд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон «Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» ҳамчун, санади кафолиятдиҳанда амал мекунад.
Дар доираи стратегияи мазкур, ки ҳадафи асосии он ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷотҳои камтарин ва пардохти пурраи онҳо то давраи солҳои 2025-2027 дар назар аст, тамоми хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ва дараҷаи оқилонаи хавф ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо, бахусус вобаста ба пардохти евробондҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда, хусусан, пардохти уҳдадориҳо тадбиқи чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- ҷалби қарзҳои имтиёзнок бо нигоҳ доштани ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ ва риояи унсури грантӣ;
- иҷро намудани уҳдадориҳои қарзи давлатӣ аз ҷумла, иҷрои қарз аз рӯи евробондҳо аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзӣ;
- бозтамвили евробондҳо, бо дарназардошти болоравии меъёрҳои фоизии истинод дар бозори байналмилалии сармоя ва бетағйир мондани рейтинги кредитӣ (Moody`s B3 муътадил);
- ҷалби қарзҳои ғайриимтиёзнок барои иҷрои уҳдадориҳо аз рӯйи евробондҳо, инчунин, пардохи евробондҳо аз ҳисоби ҷалби қарзҳои нав.
Дар назар дошта шудааст, ки дар се соли (2024-2026) оянда ҳаҷми маблағгузории дуҷонибаи қарзҳои беруна бо афзоиш ва диверсификатсияи қарзгирӣ аз рӯи кишварҳо бетағйир боқӣ мемонад. НБО Роғун ҳамчун лоиҳаҳои афзалиятнок барои ҷалби қарзҳои имтиёзнок боқӣ мемонад.
Маҳз дар заминаи чунин тадбирандешиҳои Ҳукумати Тоҷикистон танҳо тайи ду соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар устувор ва муътадил нигоҳ дошта шуда, суръати миёнаи рушди иқтисодиёти кишвар на камтар аз 8 дарсад таъмин карда шуд. Ин рақам танҳо дар семоҳаи якуми солӣ ҷорӣ 8,2 дарсадро ташкил намуд. Матлаби мазкур дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ низ инъикос ёфтааст.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои амалакунандаи кишвар пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2024 суръати миёнаи рушди иқтисодиёти мамлакат на камтар аз 8 дарсад таъмин карда шуда, касри умумии буҷети давлатӣ 1,15 млрд сомонӣ ё 0,8 дарсади ММД нигоҳ дошта шавад.
Чунин талошҳои ҷории муттаҳидсозии фискалии аз ҷониби ҳукумат пешбинӣ гардида, бевосита ба таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД, ки дар охири соли 2024 33,8 дарсади ММД дар назар дошта шудааст, таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Аз ин нуқтаи назар, факту рақамҳои баёнгардида бори дигар исботи он аст, ки Тоҷикистон вобаста ба иҷрои саривақтии уҳдадориҳои худ, аз ҷумла доир ба пардохти қарзҳои беруна ва маблағгузории лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили НБО«Роғун», бахусус аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки дар асоси нақшаи дурбинона, кафолатнок ва воқеан амалишаванда, пешбинӣ шудааст, инчунин устувор ва муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии худ ҳоло ва минбаъд низ қодир аст.
Одиназода А.И., сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва
рушди бахши хусусӣ