Имрӯз (24.07.2024) дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии омӯзишӣ ҷиҳати иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ ҳайати кормандони Марказ ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкурро муовини аввали директори Марказ н.и.и, Муртазозода Ораз ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Марказ хушомадед гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба сифати яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ ҳамеша ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди сиёсати давлатӣ, иҷрои саривақтӣ, татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Гуфта шуд, ки Марказ ҳамеша талош менамояд, ки ҳангоми таҳияи гузоришҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, баргузории конфронсу семинарҳо, мизҳои гирд, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар барномаҳои телевизион ва радио ба муқаррароти асосии барнома ва стратегияҳои давлатӣ, инчунин татбиқи саривақтию босифати онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ба иҷрои саривақтӣ ва босамари Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он, ки бо фармони   Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021 таҳти №187 тасдиқ намудаанд, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 июни соли 2024, таҳти № 339, дар бораи “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки аз 30 июни соли 2021, № 265, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.

Таъкид гардид, ки дар Марказ Нақшаи чорабиниҳои дохилӣ ҷиҳати амалӣ намудани барнома ва стретегияҳои болозикр таҳия гардида, то имрӯз ба таври босамар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Дар зимн изҳор гардид, ки танҳо ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар 1 солу 6 моҳи охир Марказ 46 адад гузоришҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ таҳия гардида, ба ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ирсол шудааст.

Инчунин, ҳамасола кормандони мо бо дархости дигар ниҳодҳои давлатӣ дар садҳо чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, конфронсу семинарҳо, барномаҳои телевизионӣ ва хонишҳои сиёсӣ оид ба мазмун ва муҳтавои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм суханронӣ ва иштирок менамоянд.

Инчунин, дар рафти ҳамоиш намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Мубашир Тоҷиддин суханронӣ намуданд. Дар рафти суханронӣ М.Т. Умарзода оид ба татбиқи самараноки стратегия ва барномаҳои давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мушаххасан баён намуданд. Иброз гардид, ки ҳоло дар кишвар “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, амалӣ гардида истодааст, ки он ба идомаи раванди барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ, таъмини самаранокӣ ва ҳадафрас будани тадбирҳои мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар субъектҳои муайянгардида, такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар анҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар рафти он муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Давлатов Зубайдулло, Сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Шарифзода Саидҳомид ва  дигарон иштирок намуда, андешаҳои худро дар самти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мушаххасан баён намуданд.

Чорабиниро муовини аввали директори Марказ н.и.и, Муртазозода Ораз натиҷагирӣ намуд.

Дар охир бори дигар таъкид шуд , ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамеша омода аст бо ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври фаъол ба роҳ монад.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед