Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми июли соли 2024 конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Стратегияи табдили Тоҷикистон ба “кишвари сабз: заминаҳо, ҳадафҳо ва дурнамои татбиқи он” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории конфронс тавсияю пешниҳодҳо ба ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои табдил додани Тоҷикистон ба кишвари сабз, заминаҳо барои беҳтар гардонидани истеҳсоли “неруи сабз”, ҳадафҳо ва дурнамои татбиқи он дар оянда ва таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, вазъи кунунии татбиқи стратегия, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, мушкилоти экологии марбут ба об ва иқлим, тавсеаи ҳамкориҳои устувор ва гузаштан ба рушди босуботи иқтисодӣ дар шароити имрӯза аст.
Дар кори конфронс коршиносону мутахассисони соҳавии вазорату идораҳо, ташкилотҳо муассисаҳои олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат намуданд.
Ҳамоишро директори Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфта, зимни суханрониаш қайд кард, ки аз мазмун ва муҳтавои номи мавзуи ҳамоиш равшан аст, ки масъалаҳои мубрами соҳаҳои иқтисод, сиёсат ва саноати кишварро фарогир аст, яъне ба масъалаҳои марҳилаи нави рушди ҷумҳурӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи беандоза доранд нигаронида шудааст. Дар идомаи суханрониаш мавсуф қайд намуд, ки 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабул шуд. Ҳаҷми маблағгузрории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти амалӣ намудани рушди «иқтисоди сабз» ва «энергияи сабз»-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи «лоиҳаҳои сабз» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (29.12.2023) пешниҳод намуданд, ки барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд механизми маблағгузории фондҳои махсус васеъ ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.Ҳадафи рушди “иқтисоди сабз мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф мебошад. Иқтисодиёти «сабз» ба маънои васеъ чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб меёбад, ки хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.Дар робита ба ин мехоҳам ин нуктаро таъкид намоям, ки Тоҷикистон қасд дорад дар 30 соли ахир партовҳои газҳои гулхонаиро ба ҳадди ақал расонад. Дар ҳамин ҳол, ҳоло саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, дар ин рейтинг кишвар дар мақоми 130-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки мафҳуми иқтисоди «сабз» ба истилоҳи илмӣ соли 1989 ворид гаштааст ва баъдан дар адабиёт ба таври васеъ истифода шуда, ба қатори мақсадҳои Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) дар доираи СММ дохил мешавад.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи “Коркарди партовҳо яке аз омилҳо таъмини рушди “иқтисодиёти сабз”, коршиноси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ доктори илмҳои иқтисод, профессор Пиризода Ҷалил Сафар дар мавзуи “Рақамикунонии истеҳсолот ҳамчун омили тадбиқи “иқтисодиёти сабз” дар соҳаи кишоварзӣ”, сардори Раёсати рушди энергетикии сарфаҷӯии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Амрулло дар мавзуи “Рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати сиёсатӣ обу энергӣ, рушди илм ва техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизуллоева Матлуба дар мавзуи “Нақши гидроэнергетика дар рушди устувори Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим”, муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллои Давлати Абдурозиқзода дар мавзуи “Нақши “иқтисодиёти сабз” дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон” ва мутахассиси пешбари Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Хайрулло Абдулло дар мавзуи “Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон пиромуни ҳадафи рушди “иқтисоди сабз” мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд.
Сипас ба дигар масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти “сабз” аз зумраи: иқтисоди “сабз” заминаҳои бунёдӣ барои рушди иқтисодиёти босубот,таҳлилу арзёбии вазъи имрӯзаи истеҳсоли нерӯи “сабз” ва имкониятҳои рушди минбаъдаи он,тағйирёбии иқлим ва хисороти он ба иқтисодиёти кишвар,иқтисодиёти сабз ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди “неруи сабз”-и барқароршаванда дар минтақа, рушди иқтисодиёти “сабз” ва нақши он дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, татбиқи истеҳсоли маҳсулоти “сабз” ва аз ҷиҳати экологӣ ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузории “сабз” ва самтҳои муҳити фазои сармоягузорӣ дар ин раванд, нақши иқтисодиёти “сабз” дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо аз ҷониби ширкаткунандагони ҳамоиш дар асоси нуктаҳои дар Паёми Сарвари давлат ироагардида, ибрози назар ва табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиён барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон