Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин комёбиву дастоварди 32 соли соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу таҳаввули таърихи навини давлатдории тоҷикон басо беназир аст. Ин аст, ки роҳбарияти олии кишвар ҳамеша барои боз ҳам ободу зеботар гаштани Ватани аҷдодӣ мунтазам заҳмат кашида, нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш боло ва мавқеашро боз ҳам устувортар мегардонад.
Оре, дар ҷаҳон бо сиёсати мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи шоистаро касб намуда, густариш ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи сиёсати босуботро хеле муҳим арзёбӣ менамояд. Бинобар ин, бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн доир ба таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ назари нек дошта, дар ҳавзаҳои гуногуни ҷаҳонӣ самараи онро таконбахши рушд медонад. Маҳз, дар даврони истиқлолият сиёсати мутавозини Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки имрӯз 192 кишвари ҷаҳон Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба расмият шинохта, ба роҳ мондани равобити дипломатӣ бо 184-тои он самараи нек ба бор овард.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушду таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Покистон ҷойгоҳи муҳим дошта, маҳорати барномарезӣ ва дурандешии роҳбарияти олии кишвар омили калидии муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик дониста мешавад. Бахусус, ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон аз ибтидои соли 1991 оғоз гардида, санаи 6 июни соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон барқарор карда шуд. Сипас, бо пеш гирифтани сиёсати хирадмандонаи дуҷониб соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз гардида, аз ибтидои соли 1994 фаъолияти он шуруъ гардид.
Инак, бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсӣ сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, ки санадҳои қулфкушо ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор ба сӯи ояндаи дурахшон ба имзо мерасанд. Бахусус, густаришу тавсеаи ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва мутаносибан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамчун кишвари дӯст, бомаром рушд меёбанд. Тайи 31 соли муносибатҳо эътимоди комил байни ду давлат боис гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 8 маротиба сафарҳои расмӣ (моҳи марти соли 1994, соли 1996, соли 1997, 12-14 майи соли 2004, 7-10 марти соли 2011, 12-13 ноябри соли 2015, 2-3 июни соли 2021 ва 14-15 декабри соли 2022) анҷом дода шуд.
Дар ин радиф, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон 3 маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон (2-3 июни соли 2002, 28-30 июли соли 2009, 24 -26 марти соли 2012) ташриф оварда, ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадор диққати хосса зоҳир намудааст. Ҳамзамон, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф тайи солҳои охир сафари расмӣ ва кории ба Душанбе сурат гирифтааст:
– 17-18 июни соли 2014, 9-10 июни соли 2015 (сафари корӣ барои иштирок дар “Конфронс об барои ҳаёт”);
– 11-12 майи соли 2016 (маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонии лоиҳаи CASA-1000), 5-6 июли соли 2017 (сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000);
– 16-17 сентябри соли 2021 (17 – сентябр 2022, сафари расми ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-20 солагии СҲШ).
Бешак, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ташаккули бештари фазои мусоиди муносибатҳо буда, то имрӯз беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ба имзо расонидааст, ки таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддатро фаро мегиранд. Бахусус, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон беш аз 56 созишномаву шартномаро дар бар мегирад. Бо мақсади иҷрои босамари созишномаҳои мазкур байни Тоҷикистону кишвари Покистон Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ташкил дода шудааст.
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод медонад. Албатта, тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳо ба манфиати ду давлат буда, омили муҳимми ҳифзи суботу амният ва рушди усутвори минтақа ва ҷаҳон дониста мешавад. Ба ибораи дигар, имрӯзҳо ҳамкориҳои муфиди байни ду кишвар беш аз пеш рушд ёфта, фарогири ҷанбаҳои гуногун мебошанд. Маҳз вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи навро пайдо намуда, дар раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи эҳтирому эътимод ба ҳамдигар ва робитаҳои дуҷониба заминагузор мебошад.
Рамзист, ки ҳамасола бо сиёсати созанда ва муваффақ миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Дар ин росто, соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон ба 32,477 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2021-ум 6 дарсад афзудааст. Ҳамзамон, соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон 1,6 маротиба дар қиёс ба соли 2022 афзоиш ёфта, 52,7 млн. долларро ташкил намуд. Аммо вобаста ба имкониятҳои ҷойдошта тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон муҳим арзёбӣ гардида, имкониятҳо рушд дар самтҳои гуногун барои иқтидори содиротии кишвар беш аз ҳарвақта ба рушди бемайлон ниёз дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки санаи 14 декабри соли 2022 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, мулоқоту музокироти сатҳи баланди ду кишвар бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ доир гардида, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуд. Сипас, дар нишасти матбуотӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд намуданд: «…Мо ба таъмини рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудем. Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем». Тибқи мушоҳидаҳо, фаъолияти бандари баҳрии “Карочӣ” ва “Гвадар”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Долони иқтисодии Чин-Покистон ҷиҳати баромадан ба бозорҳои Ховари Миёна ва фаротар аз он кӯтоҳтарину камхарҷтарин масир барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон буда, ба иқтидорҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани гардиши мол байни Тоҷикистон ва Покистон мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт ҳамлу нақли байналмилалии бор ва афзоиши гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо тақозои замон мебошад. Бинобар ин сабаб Тоҷикистон ба масъалаи мазкур ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ– ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат диққаи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои ҷойдошта мақсад гузоштааст, ки хатсайрҳои логистикии худро тавасути барамодан ба бандарҳои баҳрӣ бо хатсайри автомобилии байни Душанбе – Кобул – Исломобод ба роҳ монад, ки масоҳати он 1044 километрро ташкил медиҳад.
Дарвоқеъ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори дигар ҳадафҳои стратегӣ ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад тайи солҳои охир дар кишвар мунтазам марказҳои муҳимми логистикӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Бо иқдомҳои роҳбарияти олии кишвар сохтмони пулҳо, нақбҳо, таҷдиди роҳҳои автомобилгарду оҳан ва дигар инфрасохтори нақлиётии инноватсионӣ барои пайвастани ҳама гӯшаву канори мамлакат сохта ва мавриди истифода қарор дода шуда истодааст. Фароҳам овардани чунин шароити инфрасохторӣ имкониятҳои нави ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам васеъ мегардонад.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи нақлиёт дар рушди минбаъдаи мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2023 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: «… Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд». Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ назари нек дошта, густариши ҳамкориҳои судмандро бо Покистон таконбахши рушд медонад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон захираҳои барқароршавандаи рушд хело зиёд буда, айни замон танҳо 5 дарсади иқтидори гидроэнергетикии кишвар истифода шуда истодааст. Захираҳои солонаи гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон 527 млрд. квт.соатро ташкил медиҳад, ки се баробар аз талаботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зиёд мебошад. Дар ин радиф, идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи CASA -1000 барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва таъмини суботи минтақавӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро лоиҳаи мазкур дар масъалаҳои неруи тозаи барқ ва энергияи «сабз», пайвандгарӣ тарҳи беназири интиқоли байниминтақавии ду минтақа – Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа, татбиқи лоиҳаи CASA -1000 дар мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши асосӣ дошта, ин тадбир дар беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа ҳиссагузор мебошад.
Дар маҷмуъ, ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Покистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол таъсиргузор мебошад. Бинобар ин, аз факту рақамҳои дарҷгардида метавон хулоса намуд, ки сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон ва дар доираи он баргузории машваратҳои сиёсӣ барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо дарназардошти он, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам ба масъалаи эҷоди лоиҳаҳои муштарак ва густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, татбиқи лоиҳаҳои сабзи муштарак дар самтҳои гуногун ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир вобаста ба имкониятҳои дигари густариши тиҷорати байниҳамдигариро ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор ҳануз муҳим медонад. Пас дар доираи ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии муайянгардидаи кишвар истифодаи мақсадноки шаклу усулҳои гуногуни ҳамкории мутақобилан судманд ба манфити ҳардуҷониб буда, имкониятҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика, долонҳои нақлиётӣ, бахши хусусӣ, коммуникатсионӣ, сармоягузорӣ, иқтисоди сабз ва рақамӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушд таккони ҷиддӣ мебахшад.
Ораз Муртазозода,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон