Барои хизматҳо дар рушд ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ Хайриддин Усмонзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон ва ифтихорномаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мукофотонида шуд.

Мукофот санаи 26- уми июни соли 2024 дар ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҷониби Раиси МНМО Ҷумҳурии Тоҷикстон Муҳаммадтоир Зокирзода ба Хайриддин Усмонзода дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Бояд гуфт, ки рушди ҳамкории бисёрҷониба бо мамлакатҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва суббот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Раиси Ассамблеяи Парламентии СААД-ро Вячеслав Володин ба зимма дорад.

Котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед