Дар ҳошияи конфронси байналмилалии «Тоҷикистон-Чин: вазъият ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав», ки 24 июн дар Душанбе баргузор гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайридин бо директори Институти сиёсат ва равобити байналмилалии Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Чин, профессор Чжу Юнбяо мулоқот намуд.
Директори Марказ нахуст меҳмонро хайрамақдам гуфта, зимни суханронии худ доир ба дурнамои ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ бо Донишкадаи сиёсат ва равобити байналмилалии Донишгоҳи Ланҷоу изҳори назар намуд. Қайд гардид, ки шароити печидаи ҷаҳони муосир аз марказҳои илмию таҳлилӣ тақозо мекунад, ки барои омӯзиши масъалаҳои мубрами рӯз бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо мақсади пешгӯии равандҳои сиёсӣ пайваста конфронсҳои илмию таҳлилӣ ва тадқиқоти сотсиологии саҳроӣ мегузаронад ва дар ин замина гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо марказҳои илмии кишварҳои дигар аз самти афзалиятноки фаъолияти Марказ маҳсуб мешавад.
Директори Донишкадаи сиёсат ва равобити байналмилалии Донишгоҳи Ланчжоу Чжу Юнбяо дар навбати худ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, қайд кард, ки тавсеаи робитаҳои илмию таҳлилӣ ва пажӯҳишҳои муштарак оид ба масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва проблемаҳои байналхалқӣ ба марказҳои тадқиқоти илмӣ имконият медиҳад, ки барои манфиатҳои мудофиавии мамлакатҳои худ тавсияҳои амалӣ пешниҳод кунанд.
Дар идомаи мулоқот профессор Чжу Юнбяо ҳавасмандии пажуҳишгоҳи сиёсат ва равобити байналмилалии Донишгоҳи Ланчжоуро барои таҳким ва густариши робитаҳои ҳамкории илмиро бо Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳор дошт.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни мулоқоти миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланчжоу Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҷонибҳо аз имзои ин санади ҷадид изҳори қаноатмандӣ ва хушҳолӣ карда, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро дар заминаи густариши робитаҳои таҳқиқотию таҳлилӣ устувор намуда, ҳамчунин дурнамои фаъолияти муштаракро таҷвият мебахшем.
Вохӯри дар фазои самимӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамаоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон