Рӯзи 24 июни соли равон, пас аз интиҳои конфронси байналмилалии “Тоҷикистон-Чин:ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав” бо ташаббуси роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати иштирокчиён – меҳмонони Ҷумҳурии Чин бо мақсади ошноии мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, меҳмонон бо мероси ниёкони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Кулолгарӣ,” “Ҳахоманишиҳо”, “Сиккаҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ” ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос гардиданд. Хусусан ҳайати меҳмонон аз толори туҳфа хазинаҳои давлатӣ, ки дар он ҳадяҳои ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам тақдимшуда ба тамошо гузошта шудаанд, мароқ зоҳир намуда, хизмати Пешвои муаззами миллатро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи тарафайн беназир баҳо доданд.

Директори Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланҷоу, профессор Чжу Юнбяо ва ҳамроҳонаш зимни боздид аз экспонатҳо ва ёдгориҳои таърихии осорхона, ки муҳиммияти таърихию илмӣ ва этнографи доранд,таассуроти нек бардошта, иброз намуданд, ки ҳадафи боздиди мо ошноӣ бо мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик аст. Урфу одат ва анъанаҳои гузаштаи ниёгони халқи тоҷик хеле қадимӣ буда, гуногунмазмуну пурмуҳтаво ва арзишманд мебошанд, ки аз таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон шаҳодат медиҳад. Мо аз он шодем,ки дар ин сафари пурсамарамон аз шаҳри Душанбе, имкон даст дод, ки аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намоем ва тавассути маъхазу сарчашмаҳои илмӣ, китобҳо, расму ангораҳои қадим ва дигар намудҳои фарҳанг, ки хоси ин миллат мебошанд ошноӣ пайдо намоем.

Воқеан, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои шинохтамон аз таъриху фарҳанги халқҳои гуногун замина мегузорад ва бо таасуроти неку фаромушнопазир ба кишварамон мебарем.

Ҳайати меҳмонон зимни боздид аз осорхона дар бораи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик – аз асри санг то даврони Истиқлолият – маълумот ва таассуроти зиёд гирифтанд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегӣ назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед