Робитаҳо байни халқҳои тоҷику чинӣ ба умқи қарнҳо расида, ҳанӯз аз даврони қадим байни онҳо робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ вуҷуд дошта, дар тули асрҳо тавассути Роҳи Бузурги Абрешим бо ҳамдигар муносибатҳои доманадор доштанд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ гардида, тайи ин солҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Бояд қайд кард, ки нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 7-11 марти соли 1993 баргузор гардид. Зимни ин сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, сарварони ҳар ду мамлакат як қатор санадҳои муҳиме, ба тавсиб расонидаанд, ки барои тавсеа ва густариши ҳамкориҳои онҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузоштанд. Баъд аз ин сафар муносибатҳои Тоҷикистону Чин мазмуни нав пайдо карда, ҳамкориҳои бисёрҷанба бомуваффақият инкишоф меёбанд.
Қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон самти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок шуморида, дар ин самт ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо шарикони хориҷии хеш ва ниҳодҳоду созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан ба манфиати миллии кишвар мувофиқат мекунанд, онҳо имрӯз дар тамоми самтҳо – сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму техника, фарҳанг ва маориф дар ҳоли рушд қарор дорад. Махсусан, густариши ин муносибатҳо дар низоми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин ва дигар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай зиёд ба назар мерасад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ робитаҳои ду ҳамсоякишвар ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ расида, натиҷаҳои судмандро дар соҳаҳои илму маориф ба бор оварданд. Роҳбарони Тоҷикистону Чин нисбати ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ аҳаммияти бештар медиҳанд. Ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф байни Тоҷикистону Чин аз моҳи марти соли 1993 ҳангоми вохӯрии сарони ду кишвар ба роҳ гузошта шуд. Дар натиҷаи мулоқот “Созишномаи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” ба имзо расид. Асосан ин Созишнома ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишварро дар соҳаи илму техника ва маориф дар бар мегирад. Дар соли 1996 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба масъалаҳои маориф “Созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф” ба имзо расид.Аз соли 1993 сар карда, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамасола барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳо ҷудо мекунад. Масалан, дар соли таҳсили 2013-2014 -ум 92 квота ҷудо гардида, ки 60-тои онҳо барои донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон буд.Бояд гуфт, ки дар даҳсолаи аввал шумораи донишҷӯёни тоҷик хеле кам буд, аз он сабабе, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақим набуд. Масалан, аз соли 1993 то соли 2005 дар донишгоҳҳои Чин 265 нафар донишҷӯ дохил шуд. Баъд аз кушодашаваии парвозҳои мустақим дар соли 2005 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин на танҳо дар соҳаи илму маориф дигаргунии ҷиддӣ ба вуқуъ омад, балки дар тамоми соҳаҳои кишвар ҳамкориҳои дуҷониба рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Дар ин давра, яъне солҳои 2006-2011-ум 3677 донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил карданд. Қайд кардан зарур аст, ки шумораи донишҷӯёни тоҷик айниҳол сол то сол меафзояд. Айни замон мувофиқи маълумоти оморӣ, дар Чин беш аз 3500 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки Чин дар ин самт пас аз Русия дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Инчунин, ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси :
-Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин аз 16 сентябри соли 1996;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 1 феврали соли 2002;
-Протоколи иловагӣ ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 15 январи соли 2002;
-Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди Институти Конфутсий оид ба ҳамкорӣ дар таъсиси Маркази Конфутсий аз 13 сентябри соли 2014;
-Тафоҳумнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмиву – техникӣ аз 31 августи соли 2017;
-Тафоҳумнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ аз 31 августи соли 2017;
-Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 31 августи соли 2018;
-Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007;
-Созишномаи байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (1 феврали соли 2002);
-Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (15 январи соли 2007) ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акдемияи илмҳои ҷамъятӣ ва дигар пажуҳишгоҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳои зиёд ба роҳ монда шуда, тақрибан 30 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла:
-Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмии Чин ва Тоҷикистон аз 17 июни соли 2006;
-Созишномаи байни раёсати илм ва технологияи СУАР-и ҶИЧ ва АИ ҶТ аз 27 августи соли 2007;
-Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъятии Чин аз 13 май соли 2013;
-Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илму техникаи Ҷумҳурии мардумии Чин роҷеъ ба ташкили Комиссия оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ аз 31 августи соли 2017.
Ин созишномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникии ду давлат аҳаммияти бузург доранд.
Бояд қайд кард, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯхтани забонҳои хориҷӣ байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мақсади тақвият додани ҳамкорӣ ва ҷиҳати рушди таълиму тарбия, инчунин, табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён мебошад. Созишномаи ҳамкорӣ зимни ташрифи намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба имзо расид.
Ҳамзамон, байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи нассоҷии Ухан дар бахши мубодилаи донишҷӯён, ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб намудани омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, инчунин, рушди таҳқиқоти илмию амалии муштарак байни донишгоҳҳо муҳокима шуда, тарафҳо барои ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд. Бояд қайд кард, ки Донишгоҳи нассоҷии Ухан яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноати сабук мебошад.Инчунин, дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи илмию техникӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла муассисаҳои пешбари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Институти физикаю техника, Институти геология ва сохтмони сейсмикӣ ва сейсмологӣ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳо, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва ғайра фаъолона ширкат меварзанд.
Бояд қайд кард ки, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба илм ва фарҳанги Чин хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, сафи омӯзандагони забони чинӣ сол то сол меафзояд. Дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои забони чинӣ амал мекунанд. Ҳамчунин, Марказҳои фарҳангиву таълимии Конфутсий дар баъзе аз муассисаҳои илмии кишвар фаъолият менамояд, ки дар он донишҷӯёни тоҷик забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои мардумии Чинро меомӯзанд.
Донишкадаҳои Конфутсий дар Тоҷикистон низ босуръат рушд мекунанд. Аз соли 2008 то 2016 Донишкадаи Конфутсий дар ДМТ синфхонаи Конфутсий ва 18 нуқтаи таълимиро таъсис дод. Дар соли 2016 дар ин ҷо 3624 нафар донишҷӯ ва 200 синф кушода шуд. Имтиҳони HSK дар давоми як сол чаҳор маротиба бо иштироки 1156 донишҷӯ ташкил карда шуд. Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи мардум ба забон ва фарҳанги чинӣ афзоиш ёфта, баҳодиҳии фаъолияти Донишкадаҳои Конфутсий нисбатан баланд аст. Аз соли 2008 то 2018 тақрибан 1700 донишҷӯ барои идомаи таҳсил дар Чин стипендияи Ҳукумати Чин ё стипендияи Донишкадаи Конфутсий гирифтанд.
Дар маркази Конфутсийи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳудуди даҳҳо ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил намуданд, ки қисме аз онҳо баъдан таҳсили худро дар Чин идома додаанд.
Яке аз самтҳои фаъолияти Донишкадаи мазкурро ҳамасола қабули бурсияҳо ва фиристодани хоҳишмандон ҷиҳати идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳар сол ҷиҳати идомаи таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин кишвар миқдори муайяни бурсияҳо пешниҳод мегардад, ки хоҳишмандон метавонанд баъди гузаронидани суҳбат таҳсили худро дар донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии мардумии Чин идома диҳанд. Дар соли 2022 дар озмуни сафарбаркунӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи бурсияҳои давлатӣ ва бурсияи Донишкадаи Конфутсий 400 нафар иштирок намуд, ки 51 нафар барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо аз рӯйи бурсияи ҳукуматӣ 5 нафар ба магистратура, 19 нафар барои таҳсил дар зинаи таҳсилоти бакалавр, 20 нафар як сола забономӯзӣ (ҷамъ 44 нафар) ва аз рӯйи бурсияи Донишкадаи Конфутсий 5 нафар яксола забономӯзӣ, 1 нафар магистр ва 1 нафар бакалавр (ҷамъ 7 нафар) роҳхат гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки давоми понздаҳ соли фаъолияташ Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти устувор гардонидани ҳамкории илмию фарҳангии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин, рушди забони чинӣ нақши босазо мегузорад. Дар соли 2023 Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ сазовор гардид, ки воқеан аз татбиқи бомароми раванди таълиму тарбия дар ин маркази илмию фарҳангӣ дарак медиҳад. Боиси хурсандӣ аст, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо унвони “Беҳтарин маркази қабулкунандаи имтиҳони сатҳи муайянкунандаи забони чинӣ (HSK)” байни беш аз 500 донишкадаи Конфутсийи ҷаҳон эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки вазъи кунунии равобити ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи илму маориф дар сатхи баланд мебошад ва ҷонибҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамаи он чизеро, ки барои минбаъда ҳамкориҳо истифода мебаранд, самараи неку пурарзиш ба бар оварад.
Ҳамин тариқ, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо сиёсати озмудашуда ва мутавозини хориҷӣ бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҳамсоякишвари бузурги худро ба роҳ монда, натиҷаҳои судманд ба даст оварад. Робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар даврони навин ба марҳалаи шарикии стратегӣ табдил ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб хизмат мекунанд.
Абдуллоева С.Н.,
сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.