Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони ду давлат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба давра ба давра ба манфиати тарафайн инкишоф ёфта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад. Имрӯз муносибатҳои дӯстонаи сарони кишварҳо гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкориҳои ояндадор мебошад.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии мамлакат таҳкими ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ бо шарикони стратегии хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлоли кишварамонро эътироф кардааст, муносибатҳои дипломатӣ саннаи 4 январи соли 1992 ба роҳ монда шуд. Сипас сафорати Ҷумҳурии Чин дар шаҳри Душанбе 13 марти соли 1992 кушода шуда, дар Пекин низ сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ гардид. Бо мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои дипломатӣ байни ду кишвар комиссияи байниҳукуматӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз хеле самаранок фаъолият мекунад.
Бояд қайд кард, ки саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таҳкими рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузорӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад. Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, рӯзҳои 20-23 августи соли 2023 маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи умумии беш аз 400 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Санадҳои имзошуда бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои химия, мошинсозӣ, логистика ва ғайра амалӣ карда мешаванд. Тибқи талаботи бозори муосири ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва татбиқи санадҳои муҳимми стратегӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои дар ин сафар батасвибрасида беш аз 880 миллион доллари ИМА ҷалб карда мешавад.
Бо дарназардошти он, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин бисёр лоиҳа ва шартномаҳои дуҷонибаи манфиатовар мавҷуданд, аммо имзои шартномаҳои дар натиҷаи сафари Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пурсамартарин созишномаҳои иқтисодӣ дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо маҳсуб ба шумор мераванд. Чунин амалҳо дар рушди иқтисодии дуҷониба хеле муассиранд ва дар соҳаи иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсирбахш ва муҳим арзёби мешаванд..
Санаи 2 ноябри соли 2023 дар Форуми иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин доир ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодии ҳамкорӣ ва бо мақсади густариши ҳамкориҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар доираи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки технопаркҳо, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои муосир, ҳамчун иқтисодиёти “сабз”, сода кардани расмиёти тиҷорати ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетика ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни соҳибкорони ҳар ду ҷониб 25 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар далолат менамояд.
Дар асоси маълумоти оморӣ дар соли 2023 тиҷорати хориҷии давлатҳо 24 дарсад афзуда, дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷойи дуюм мебошад.
Ҷадвали 1. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳиссаи Ҷумҳурии Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019—ум 14,6% – ро ташкил дод. Аммо дар соли 2020, бо сабаби паҳншавии пандемияи “COVID—19” ва баста шудани марзҳои давлатии кишварҳо, ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ то 10,4% коҳиш ёфта, дар соли 2021—ум 13,2%, соли 2022—юм 16,6%, соли 2023 18% афзоиш ёфта, танҳо соли 2023 ҳиссаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21,6% зиёд шудааст. Сол то сол ҳиссаи гардиши тиҷорати маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин меафзояд, ки дар (диограммаи 1) возеҳ нишон дода шудааст.
Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Диограммаи 1.
Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Чин дар рушди соҳаи истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон (истихроҷи тилло, нуқра, ангишт, филлизотӣ қимматбаҳо ва ғайра) фаъолона иштирок мекунад. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва фуллизоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои дуҷониба корхонаҳои коркарди семент низ фаъолият менамоянд, ки бозори ватаниро таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақа ва ҷаҳонӣ содирот менамоянд.
Ҷалби сармояи хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин назаррас буда, танҳо ба маблағи 3 млрд. 252 млн. доллари ИМА (ин 29,5 дарсади тамоми сармоягузориҳои кишварро ташкил медиҳад), ки ба соҳаҳои гуногун равона карда мешаванд, аз ҷумла: алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, таҳқиқоти геологӣ ва истихроҷи маъдан, насби таҷҳизоти технологӣ, саноат, сохтмон ва дигар навъҳои хизматрасонро метавон зикр намуд. Танҳо дар соли 2021 Ҷумҳурии Чин беш аз 211,4 миллион доллари ИМА ё 61,8 дарсад (истихроҷ ва ғанисозии маъданҳои сурб, руҳ ва қалам, сангҳои табиии қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (ба ғайр аз алмос), истихроҷ ва ғанисозии маъданҳои нодир ва қиматбаҳо) сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ворид намудааст.
Мусаллам аст, ки бо ташабусси ҳамкориҳои дуҷониба танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла, сохтмони маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, фабрикаи ресандагии Ҷунтай — Данғара — Синсилу текстил, Корхонаи металлургӣ дар вилояти Суғд, Корхонаи сементи Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент, Нақби роҳи оҳани Ваҳдат—Ёвон, заводҳои фториди алюминий ва криолит ва ғайра ба анҷом расида, фаъолияти пурсамар доранд.
Қобили зикр аст, ки масъалаҳои рушд ва пешбурди гузариши байналмилалии транзитӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми бор ва сода намудани расмиёти тиҷорати, бахусус, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, хеле муҳим аст. Аз ҷумла, рушди ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ байни Ҷумҳурии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташкили долонҳои кӯтоҳ ва мувофиқи нақлиётӣ, афзоиши ҳамлу нақли транзитӣ муҳимтар аст. Аз ин рӯ, бо мақсади татбиқи якҷояи созишномаҳое, ки дар мулоқоти якуми вазирони нақлиёт дар доираи “Чин–Осиёи Марказӣ” ба даст оварда шудаанд ва ҳамзамон, ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои фаъол байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо дар соҳаи нақлиёт дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мусоидат хоҳад кард.
Истифодаидолонҳои “Як камарбанд, як роҳ” аз ҷиҳати кам кардани масофа ва коҳиш додани хароҷоти нақлиёт самараноктар аст.Долони мазкурқаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонробо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳи нақлиёти автомобилгарди Қалъаи Хумб–Ванҷмепайвандад, ки ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ метавонад, барои ҳамлу нақли молу маҳсулот мусоидат хоҳад кард.Ин лоиҳаи бузурги “Як камарбанд, як роҳ”барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар пешрафти мамлакат хеле муҳим ҳисобида мешавад.Бо мақсади таъмини раванди рушди устувори иқтисоди миллӣ системаи мукаммали банақшагирии стратегӣ фаъол гардонида шуда, инчунин, барои таъмини рушди устувори он дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ бо истифода аз моделҳои эконометрикии барномасозии миёнамуҳлат ва дарозмуддат заминаи устувор хоҳад гузошт.
Имрӯз дар ин самт ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ байни ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои тарафҳо як қатор шарномаҳо баста шудааст. Аз ҷумла, бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди “Қалъаи Хумб–Ванҷ–маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон” бо дарозии 92 км амалӣ карда мешавад, ки ба рушди минбаъдаи гузаргоҳ мусоидат хоҳад кард. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодию молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро истифода намуда, дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ҳамчун гузаргоҳҳои транзитӣ ва иқтисодӣ истифода мешаванд, роҳҳои ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисодию молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Дар ин давра 58 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, сохтмони инфрасохтори онҳо ва таҳкими иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.
Дар солҳои пас аз пандемия Ҷумҳурии Мардуми Чин тавонист, ки ин кишварро яке аз кишварҳои рақобатпазир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар баробари ин, бо сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварҳои дунё, молу маҳсулоти ин кишвар бештаре аз бозорҳои (на танҳо дар бозори Осиё, балки дар қисми зиёди бозорҳои Аврупо низ харидор доранд) ҷаҳонӣ рақобатпазир гарданд. Тибқи таҳлили коршиносони чинӣ, рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи як дарсад ба баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки 0,3 дарсад афзоиш кунанд.
Афзалиятҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин метавонанд дар самти энергетика (махсусан истеҳсол аз неруи барқароршаванда) афзоиш ёбанд. Гузашта аз ин, Чин, ки худ аз захираҳои гидроэнергетикӣ ғанӣ аст, метавонад ба иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд, ки ин самтро боз ҳам ба яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар роҳандозӣ мекунад. Дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ ин кишвар ҳамкории густурдаро бо мамлакати мо ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 500 киловатаи “Ҷануб-Шимол” ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа, шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин, бо кумаки Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлоли энергетикиро то андозае осон намуд.
Дурнамои минбаъдаи ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бошад, бо татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” алоқамандии бениҳоят назаррас дорад. Бо дарназардошти динамикаи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осиёи Марказӣ, метавон қайд кард, ки нуфузи он дар ин минтақа танҳо афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳаммияти бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад. Ҳоло ҳар ду кишвар ҳамкориро ҳамчун шарикони боэътимод ба роҳ мондаанд. Дар айни замон, шарикии онҳо сол то сол густариш меёбад ва ҳоло он хусусияти шарикии стратегӣ пайдо кардааст.
Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлилил масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқотӣ стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон