Рӯзи 7 июни соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ–амалӣ дар мавзуи «Вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории конфронс таҳлилу арзёбии вазъи кунунӣ ва дар ин замина таҳияи тавсияҳо доир ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ, вазъи таъминоти кадрӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба таъмини кадрҳои илмӣ, вазъи ҳифзи иҷтимоии кормандони илмии муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва сиёсати гендерӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ дар шароити имрӯза аст. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату сохторҳои марбута, марказҳову пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону мутахассисон, коршиносони соҳавӣ, ширкат доштанд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон Шерович ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳвариро соҳиб аст. Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқотҳояшон бо кормандони соҳаи илму маориф таъкид  менамоянд, ки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори  иқтисодӣ, татбиқи пайвастаи илм бо истеҳсолот, умуман,  рушди низоми босуботи илму маориф ба раванди босифати таҳсилот ва кадрҳои соҳибтахассусу забондон дар шароити замони имрӯза хеле муҳимму зарурӣ аст. Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ маориф ҳамчун соҳаи авзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва барои тарбияи мутахассисони ҳирфавӣ ва баландихтисоси касбӣ  мунтазам аз барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ кор мегирад, ки ин тақозои замони муосир мебошад.

Мавсуф иброз намуд, ки вобаста ба ин, имрӯз дар марҳалаи ислоҳот дар соҳаи илм ва маориф масъалаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ – таълимии  муассисаҳои олии кишвар,  таъмини онҳо ба кадрҳои илмӣ дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо кардааст, ки таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар ба худ ҷалб намудааст. Ин нукта аз ҷониби Президенти мамлакат  дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05. 2024) низ таъкид гардид.  Марбут  ба масъалаи болозикр талабот ба гуногунии ихтисосҳо дар шароити кунунӣ меафзояд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои муфид роҳандозӣ мешаванд.

Аз ин лиҳоз, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки  масъалаҳои таҳлилу баррасишудаи мутахассисону коршиносон, ки имрӯз дар конфронси мазкур ироа мегарданд, ба рушди минбаъди соҳаи мазкур аз манфиат орӣ набуда,  барои ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар дар соҳаи илм ва маориф   мусоидат хоҳад кард.

Баъдан сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Абдураҳмон Шерович дар мавзуи “Тарбияи  кадрҳои илмӣ самти муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм”, доктори илмҳои сотсиология, профессор, узви вобастаи АМИТ, мудири Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови  АМИТ Шоисматуллоев Шоназар дар мавзуи “Социологические аспекты выбора профессии”, н.и.и., мудири бахши муҳоҷирати аҳолии шуъбаи таҳқиқотҳои демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, Бобоев Анвар Абдуллоевич дар мавзуи  “Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба иқтидори илмии кишвар”, н.и.ф,. мудири кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳии ДМТ, Гиёев Қурбон Ҳилолович, дар мавзуи “Имтиёз ва таъминоти иҷтимоии олимон ва омӯзгорони ҷавон дар шароити муосир дар ҶТ”, д.и.к., мудири Шуъбаи аттестатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоров Шарифҷон Эмомалиевич дар мавзуи “Аттестатсияи кормандони илмӣ-омӯзгорӣ: ҳолати воқеӣ ва дурнамои он”, д.и.и., мудири Шуъбаи омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ” Ашуров Субҳон Бурҳонович дар мавзуи “Дар хусуси баъзе масъалаҳои тарбияи кадрҳои илмӣ”, д.и.ф., сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи АМИТ Қосимзода Солеҳ,дар мавзуи “Вазъи тарбияи кадрҳои илмӣ ва баъзе мушкилоти он”, муовини  сардори  Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патенти МД ММПИ-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиев Қиёмиддин дар мавзуи “Маълумоти таҳлилӣ дар бораи ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар солҳои 2019-2023”, мудири Шуъбаи ҳифзи меҳнати Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Хоркашов Савлатшо дар мавзуи “Шуғли пурмаҳсул – тақвиятбахши неруи кадрии илми соҳавӣ”, ассистенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ Насурова Беҳрӯ дар мавзуи “Вазъи таҳсилоти олӣ ва масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ (омӯзгорӣ) дар Тоҷикистон”, н.и.ф., мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Ғаюров Лоиқ Шералиевич дар мавзуи “Ҳамгироии неруи зеҳнӣ талаботи замон ” , н.и.с., муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирова Марҳамат Назаровна дар мавзуи “Муҳоҷирати зеҳнҳо ва таъсири он ба таъмини неруи илмию зеҳнии соҳаҳои гуногун”  ва сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС назди Президенти ҶТ Абдуллоева Султонбегим Набиевна дар мавзуи “Вазъи тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ”суханронӣ намуда, диққати ҳозиринро ҷалб намуданд.

Дар суханрониҳо  ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои илму маориф, ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар шароити имрӯза, ҳифз ва рушди неруи илмӣ дар кишвар, арзёбии сатҳи бархӯрдории сиёсати гендерӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилот, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки самаранокии сиёсати таҳсилот аз баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, махсусан  аз сатҳи таҳқиқ ва коркарди илмии он бармеояд. Масъалаи таҳсилот ва тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҳассостарини ҷомеа маҳсуб меёбад, зеро рушди устувори иқтисодиёт, некуаҳволии иҷтимоии миллат, ҳамчунин вазъи амнияти миллӣ  бевосита ба илм ва маориф алоқаманд аст. Зарурати тарбияи мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи муосир, таъмини кадрҳои илмӣ ва унвондор ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ, баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ- иқтисодӣ, сиёсӣ-фарҳангӣ ва муттаҳид намудани неруи зеҳнии ҷомеа нақши муассир мебозад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинии мазкур иштирокчиён ба музокира баромада,  доир ба масъалаҳои матраҳгардида  фикру андеша ва таклифу тавсияҳои худро вобаста ба вазъи кунунии фаъолияти  муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдоштаро дар рушд ва тақвияти самти илм ва маорифи мамлакат баён намуданд.

Конфронсро сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов   ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни нишасти илмӣ-амалӣ барои ширкати фаъол изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар фазои якдигарфаҳмӣ ва самимият баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тад
қиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед