Рӯзҳои 5-6 июни соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи 19-уми Форуми СҲШ таҳти унвони «Нақши СҲШ дар шароити муосир: муттаҳид намудани сайъу талошҳо баҳри амнияти умумӣ, субот ва шукуфоӣ» баргузор шуд.

Дар форум вазъи дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи СҲШ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон ва такмили фаъолияти Форуми СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарони марказҳои таҳлилии кишварҳои узв, нозир ва узви муколамаи СҲШ, инчунин, доираи васеи коршиносон иштирок намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода иштирок намуд.

Дар бахши аввали Форум, ки ба мавзуи «Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи СҲШ: татбиқи ҳамаҷонибаи имкониятҳои истифоданашуда» бахшида шуда буд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин суханронӣ намуда, қайд кард, ки Форуми СҲШ аз замони таъсисёбӣ дар соли 2006, тайи чанд соли охир тадриҷан ба як платформаи муҳимми зеҳнӣ ва таҳлилӣ табдил ёфт, ки имкон медиҳад табодули афкор ва талошҳо барои таҳияи равишҳои муносиб барои дарк ва тафсири самтҳои имрӯзаи равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ фароҳам шавад.

Дар идомаи суханронӣ мавсуф иброз дошт, ки имрӯз СҲШ яке аз ниҳодҳои муайянкунандаи самтҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ буда, минтақаи васеъро аз Авруосиё то Ховари Миёна фаро гирифтааст.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар шароити кунунӣ ба шарофати фазои суботи худ СҲШ метавонад ҷолибияти худро ҳамчун як минтақаи ояндадор барои сармоягузорӣ нигоҳ дорад.

Хайридин Усмонзода зимни суханронӣ ба ҳамтоёнашро ёдовар шуд, ки яке аз принсипҳои асосии ҳамкориҳои ҷомеаи кишварҳои узви СҲШ ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии якдигар мебошад, ки ба манфиати ҳамагон аст. Аз ин рӯ, кишварҳои СҲШ метавонанд бо Тоҷикистон якҷоя кор карда, аз имкониятҳои рушди саноати сабз истифода баранд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар самти ҷойгиркунии босамари иқтидорҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли маҳсулоте, ки дар заминаи «саноати сабз» истеҳсол мешавад, ҳавасманд аст.

Дар поёни суханронӣ Хайридин Усмонзода иброз намуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории амалӣ дар ин самт бо тамоми марказҳои таҳлилии кишварҳои СҲШ омода аст.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед